Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Ҳадис » Бустони Ҳадис » Ҳадисҳо дар боби намоз
Ҳадисҳо дар боби намоз
MuslimkaДата: Панчшанбе, 11.06.2009, 13:52 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
«Саҳеҳи Бухорӣ»

БОБИ 2. Намоз сабаби омурзиши гуноҳон аст

326. Аз Ҳузайфа (р) ривоят аст, ки гуфт: Назди Умар (разияллоҳу анҳу) нишаста будам, ки гуфт: Кадом яки аз шумо гуфтаи Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар мавриди фитна ба хотир доред? Гуфтам: Ҳамон тавре, ки фармудаанд, ман ба хотир дорам. Гуфт: Ту бар аҳодиси Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мусаллат ҳастӣ? Гуфтам: Намоз ва рӯза ва закот ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, каффораи гуноҳон ва каффораи иштибоҳоте аст, ки шахс нисбат ба хонаводааш, нисбат ба молаш, нисбат ба фарзандаш ва нисбат ба ҳамсояаш муртакиб мегардад.
Умар (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ин фитнаро намегуфтам, мақсудам фитнае аст, ки монанди дарё мавҷ мезанад. Ҳузайфа (р) гуфт: Ё амирал-мӯъминин! Бар ту аз онҳо зараре нест, чун дарвозаи байни ту ва байни он фитнаҳо бастааст. Умар (разияллоҳу анҳу) пурсид: Он дарвоза шикаста мешавад ва ё боз карда мешавад? Ҳузайфа (р) гуфт: Шикаста хоҳад шуд.
Умар (разияллоҳу анҳу) гуфт: Пас дар ин сурат дигар ҳаргиз баста нахоҳад шуд. Касе аз Ҳузайфа (р) пурсид: Оё Умар (разияллоҳу анҳу) медонист, ки мурод аз он дарвоза чист? Гуфт: Бале! Чунон медонист, мисле, медонист, ки имшаб пеш аз фардо аст. Ман ба ӯ сухане гуфтам, ки дар ӯ ғумӯз ва муғолита набуд. Шахси дигаре аз Ҳузайфа (р) пурсид: Мурод аз он дарвоза (ки монеъи фитна буд) чист? Гуфт: Худи Умар (разияллоҳу анҳу) аст.

327. Аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки шахсе рӯйи занеро бӯсид ва назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва қазияро баён дошт. Худованд ин ояро нозил фармуд, ки: «Намозро ҳарду тарафи рӯз (субҳ ва шом) барпо доред, зеро корҳои нек лағзишҳоро аз байн мебаранд», (Ҳуд: 114). Он шахс гуфт: Ё Расулаллоҳ, ин чиз хос барои ман аст? Фармуданд: «Барои ҳамаи уммати ман аст.»

328. Ва дар ривояти дигаре аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) дар ҳадиси гузашта ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Барои ҳар кас аз уммати ман, ки ба ин оят амал намояд.»


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

Сообщение отредактировал Muslimka - Панчшанбе, 11.06.2009, 13:53
 
MuslimkaДата: Панчшанбе, 11.06.2009, 13:56 | Сообщение # 2
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
БОБИ 5. Намозгузор бо парвардигораш муноҷот мекунад

331. Аз Анас (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: «Дар саҷда ором бигиред, дастҳои худро монанди саг фарш накунед ва агар туф кардед, пеши рӯй ва ба тарафи рости худ туф накунед, зеро намозгузор бо Парвардигораш муноҷот мекунад.»



Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Панчшанбе, 11.06.2009, 14:02 | Сообщение # 3
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
БОБИ 7. Вақти намози пешин ҳангоми завол аст

334. Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоме, ки Офтоб майл намуд, аз хона хориҷ гардида ва намози пешинро адо намуданд, баъд аз он болои минбар баромаданд ва дар бораи қиёмат сухан зада ва гуфтанд: «Дар қиёмат корҳои бузурге воқеъ хоҳад шуд.» Ва фармуданд: «Агар касе мехоҳад роҷеъ ба чизе пурсиш намояд, бипурсад, аз ҳар чизе, ки мехоҳед, пурсиш кунед, то вақте, ки ҳамин ҷо қарор дорам, ба суолҳои шумо посух хоҳам дод.»
Мардум бисёр гиря намуданд ва эшон мукаррарано мегуфтанд: «Бипурсед.» Абдулло ибни Ҳузофаи Саҳамӣ (р) бархост ва пурсид: Падари ман кист? Фармуданд: «Падари ту Ҳузофа аст.» Боз ҳам фармуданд: «Бипурсед.» Умар (разияллоҳу анҳу) ба дузону нишаста гуфт: Худоро ба рубубият, Исломро ба ҳайси дин ва Муҳаммадро ба ҳайси пайғамбар қабул дорем. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сукут намуда, сипас фармуданд: «Ҳамин ҳоло биҳишт нишон дода шуд ва ҳеҷ хубиро (монанди хубии биҳишт) ва ҳеҷ бадиро (монанди бадии дӯзах) надидам.

335. Аз Абӯбарза (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намози субҳро дар (вақте) адо мекарданд, ки ҳар кас нафари паҳлӯи худро шинохта метавонист ва дар намози субҳ байни шаст то сад оятро мехонданд ва намози пешинро ҳангоме мехонданд, ки Офтоб завол мекард.
Асрро вақте мехонданд, ки агар касе аз мо ба охирин қисмати Мадина рафта ва бозмегашт, Офтоб ҳанӯз ба дурахшиши худ боқӣ буд. Ва ровӣ он чиро, ки (Абӯбарза) дар мавриди вақти шом гуфта буд, фаромӯш кардааст ва дар таъхири намози хуфтан ҳатто то сулси шаб ва ё то қисмате аз шаб ҳам боке надоштанд.



Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Панчшанбе, 11.06.2009, 14:16 | Сообщение # 4
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
БОБИ 17. Хоб шудан пеш аз намози хуфтан барои касе, ки хобаш бигирад

351. Дар ҳадисе, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намози хуфтанро дар торикие адо намуданд ва Умар (разияллоҳу анҳу) барояшон гуфта буд, ки «Занҳо ва тифлҳо хобидаанд», ин иборат низ омадааст, ки «(намози хуфтан)-ро байни ғуруби шафақи Офтоб ва байни ҳиссаи (се як) аввали шаб мехонданд.»
Дар ривояте аз Ибни Аббос омадааст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баромаданд ва гӯё, ки ман ҳамин ҳоло ба тарафашон нигоҳ мекунам, об аз сарашон мечакид ва дар ҳоле, ки дасти худро рӯйи сарашон гузошта буданд, фармуданд: «Агар бар уммати ман машаққат намебуд, ба онҳо амр мекардам, ки намози хуфтанро дар чунин вақте бихонанд.»

352
. Ва Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) аз чӣ гуна гузоштани Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дасти худро болои сари худ ҳикоят намуда (ва мегӯяд): Ангуштони худро то андозае гушуда ва сипас сари ангуштони худро бар фарқи сари худ гузоштанд.
Баъд аз он ангуштони худро ба ҳам наздик намуда ва ҳамон тавр онҳоро рӯйи сари худ ҳаракат медоданд, то ин, ки ангушташон ба канори гӯшашон аз ноҳияе, ки ба тарафи рӯй ва риш наздик аст, тамос намуд. Ва (Ибни Аббос) гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин корро на аз ин оромтар ва на ҳам шитобонтар анҷом медоданд.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Ҳадис » Бустони Ҳадис » Ҳадисҳо дар боби намоз
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024