Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Паёмбари мӯъмине, ки писараш кофир буд, ки аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 393



Теги

Дӯстон






Шӯрои уламо ва масъалаи ҳиҷоб



Шӯрои уламои исломӣ аз бонувон хоҳиш кардааст, то аз сару либоси исломии истеҳсоли хориҷӣ даст кашида, либоси миллии тоҷикӣ ба бар кунанд.

Ба иддаоъи ин марказ, сарулибоси исломие, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешавад, ба меъёрҳои исломӣ ҷавобгӯ набудааст. Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои исломии кишвар мегӯяд:

 

«Ман дар ҷаласа ширкат накарда будам, аммо дигар имом-хатибҳо ва домуллоҳо ширкат доштанд. Аз ҷумла, муфтии Тоҷикистон ширкат дошт ва пешниҳод кард, ки бигзор духтарҳои тоҷик либоси миллӣ пӯшанд. Шӯрои уламо зидди сатрҳое аст, ки ба стандартҳои исломӣ ҷавобгӯ нестанд. Бархе аз ҳиҷобҳо чунон ҷафс ҳастанд, ки бадани онҳо намоён мешавад ва албата ин ба шариати исломӣ мувофиқ нест. Мо дар ҳамаи ҷаласаҳо мегӯем ва тарафдори он ҳастем, ки бигзор духтарон ва модарони тоҷик либоси миллии тоҷикӣ пӯшанд.”

 

Бархе аз коргарони мағозаҳои марказии шаҳр мегӯянд, роҳбарон онҳоро маҷбур месозанд, ки бидуни ҳиҷобу сатр ба кор биоянд. Фурӯшандаҳо ва тоҷирон, ки дар мағозаҳои маркази шаҳр кор мекунанд, мегӯянд, намояндагони мақомот ба фурӯшгоҳҳо омада, ҳушдор додаанд, ки бо сатр ва ҳиҷоб ба кор наоянд. Як зани тоҷир, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, дар ин бора гуфт:

 

“Як бор омаданд ва гуфтанд, ки ин тавр рӯмолата набанд, ин рӯмоли тоҷикӣ нест. Баъд онҳо суол карданд, ки кӣ туро маҷбур кард? Ман гуфтам, ҳеҷ кас, ба худам маъқул, худам бастам. Онҳо гуфтанд, дар корхонаҳои давлатӣ сатр пӯшидан мумкин нест.”

 

Фурӯшандаи дигаре дар мағозаи «Варзиш» гуфт:

“Ба мо гуфтанд, ки давлати исломӣ нест, ин сатрҳоро кашед.”

 

Масъулини дастгоҳи раисҷумҳурӣ аз ин гуна маворид изҳори беиттилоӣ карданд. Вале мусоҳибони мо мегӯянд, онҳоро ҳушдор додаанд, ки дар ҷои кори худ бидуни ҳиҷоб ва бо либосҳои миллӣ ба кор биоянд.  Занони сатрпӯш суоле медиҳанд, ки чаро дар ҷумҳурие, ки худро демократӣ ва дунявӣ эълом кардааст, озодиҳои маънавӣ маҳдуд мешавад? Муҳаммад - як фурӯшандаи дигар:

“Ба ҳама аз боло фишор меоранд, ки ҳиҷобҳоро кашед. Мегӯянд, мо мусалмонем, аммо дар ҳама ҷо дискотекаҳо ва дигар ҷойҳои маишат боз аст.”

www.ozodi.org

Расули Шодон

Маълумоти муфассал дар масъалаи ҳиҷоб аз пайвандҳои зерин дастраси шумост:

1)Далоили фарз будани хичоб

2)Шартхои хичоби шаръй

3)Далелхои харом будани бехичобй ва бесатрй


навор:







навор бо забони руси :







нашид :


Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1287
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 22:49
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024