Дар соли ҷорӣ танҳо 5 ҳазору 120 тан аз атбоъи тоҷик метавонанд ба Ҳаҷҷ бираванд
Имрӯз нахустини гурӯҳи зойирини тоҷик барои анҷоми маросими Ҳаҷҷ ба Арабистони Саъудӣ сафар карданд.
Рӯзи
душанбе, 17 ноябр, нахустин гурӯҳи 350 нафарии зойирини тоҷик, ки
сокинони шаҳри Душанбе ҳастанд, барои анҷоми сафари Ҳаҷҷ озими
Арабистони Саъудӣ шуданд.
Парвози онҳо бо
беш аз шаш соъат таъхир анҷом гирифт. Масъулони ширкати "ТоҷикЭйр"
мегӯянд, ки ин таъхир ба далели вазъияти номатлуби обу ҳаво сурат
гирифтааст.
Зимнан, "ТоҷикЭйр" барои
сафари зойирони тоҷик бо ширкати "АДЖЛА АЙ ЛИМИТЕД КОМ" - и Аморати
Мутаҳиддаи Арабӣ тавофуқ кардааст. Ин ширкат муваззаф шудааст, ки то 2
декабр ҳамарӯза бо ҳавопаймои "TRISTAR - L1011" як парвоз анҷом диҳад.
Қарор
аст ба Ҷидда аз фурӯдгоҳи Душанбе 11 парвоз ва аз фурӯдгоҳи шаҳри
Хуҷанд 3 парвоз сурат бигирад. Бо ҳар парвоз ҳудуди 360 зойир сафар
хоҳад кард.
Ба гуфтаи Абдусалом Раҷабов,
раиси бахши ташкили роҳхатҳои сафари Ҳаҷҷ дар Вазорати фарҳанги
Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ танҳо 5 ҳазору 120 тан аз атбоъи тоҷик
метавонанд ба Ҳаҷҷ бираванд.
Оқои
Раҷабов афзуд, ин шумори саҳмияҳо барои зойирини тоҷик аз суйи Вазорати
Хаҷҷи Арабистони Саъудӣ муқаррар шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар
Тоҷикистон 5 милюну 600 ҳазор аз пайравони дини ислом ба сар мебаранд
ва ба ин далел барои ҳар як хазор мусалмони тоҷик як саҳмия муқаррар
шудааст.
Вале ба гуфтаи манобеъи огоҳ,
дар соли ҷорӣ беш аз 50 ҳазор атбои тоҷик дархости сафар ба Ҳаҷҷро
кардаанд. Ба далели боло будани тақозо бархе аз соҳибназарон имкони
мавориди фасод дар ташкили сафари Ҳаҷҷро мумкин медонанд.
Оқои Раҷабов мегуяд, ки шумори саҳмияҳо барои зойирини тоҷик аз суйи Вазорати Хаҷҷи Арабистони Саъудӣ муқаррар шудааст
Вале
Абдусалом Раҷабов чунин иддаъоҳоро рад мекунад. Ба гуфтаи вай, барои аз
байн бурдани чунин овозаҳо имсол интихоби довталабон барои сафари Ҳаҷҷ
аз суйи ниҳодҳои давлатӣ дар маҳалҳо сурат гирифтааст. Дар гузашта ин
масъулият бар ӯҳдаи масъулони бахши ташкили сафари Ҳаҷҷи Вазорати
фарҳанги Тоҷикистон вогузор шуда буд.
Зимнан,
аз чанд сол бад-ин сӯ бо дастури давлати Тоҷикистон ташкили сафари Ҳаҷҷ
барои шахрвандони тоҷик бар зиммаи Вазорати фарҳанги ин кишвар вогузор
шуда ва мушорикати ширкатҳои хусусӣ дар ин кор мамнуъ шудааст.
Дар
соли ҷорӣ қиммати сафар ба Арабистони Саъудӣ барои ҳар як алоқаманди
зиёрати Макка ва Мадина то се ҳазор дулор афзоиш ёфтааст. Дар соли
гузашта харҷи сафари Хаҷҷ 300 дулор камтар аз ин маблағ буд.
Ба
гуфтаи Абдусалом Раҷабов, сабаби боло рафтани қиммати сафари Ҳаҷҷ
афзоиши қиммати билети ҳавопаймо ва бархе аз хадамот будааст. Вай
афзуд, ки роҳхати 3 ҳазор дулории зойирини тоҷик қиммати парвоз ва
ҳутел, ғазо ва либоси вижаи зойиронро дар назар дорад ва қиммати забҳи
чорво барои қурбонӣ танҳо харҷе аст, ки зойирон бар иловаи арзиши
роҳхати Ҳаҷҷ пардохт хоҳанд кард.
Маълумоти муфассал дар масъалаи ҳаҷҷ аз пайвандҳои зерин дастраси шумост: