Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 394



Теги

Дӯстон






Таҳриф ва таҳқири ислом бас шавад






Астағфируллоҳ! Магар аз навиштаҳои ин муаллифон фарзандони мо дар мактаб ба чунин хулоса намерасанд, ки дини Ис¬ломро Худо ба ҷаҳониён аз тариқи Пайғамбар(с) нафиристода, балки таълимот ва аҳкоми онро худи Пайгамбар(с) аз пеши худ фикр карда бофта баровардааст?! Магар мақсад аз ин гуна таълим нисбат ба Ислом эҷод кардани шакку шубҳа дар зеҳни мактабхонҳо ва аз Ислом дур кардани фарзандони мо нест? Инсофан, ҳатто дар давраи советӣ ва идеологияи атеистӣ ин гуна таълимот дар китобҳои дар¬сии мактабҳои миёна вучуд надоштанд! Маълум аст, ки муал¬лифон ба таълимоти исломӣ ё ошноӣ надоранд ва ё доранду ба он имон надоранд ва маълумоти худро аз сарчашмаҳои таҳрифшудаи зиддиисломӣ гирифтаанд.

Ба Мушовири давлатии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба рушди ичтимой ва робита бо чомеа мухтарам Саймурод ФАТТОЕВ.

Ба Вазири маорифи Чумхурии Точикистон мухтарам Абдучаббор PAXMОHОB.

Бо салому эхтиром ва орзуи муваффакиятхо.

Аз чониби Президенти мухтарами кишвар эълон гаштани соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) сахифаи наверо дар раванди худшиносии миллй ва исломии миллати точик огоз кард. Ин икдом фурсати муносиберо фарохам овардааст, ки мо бори дигар ба сарчашмахо ва арзишхи асили хуввияти худ бо чашми хирад нигариста, муносибати худро бо онхо вокеъбинона бахо дихем.

Яке аз мухимтарин масъалахое, ки имруз дар чомеаи мо матрах, аст, сатхи маърифати динии мардум ва тарзи муносибати чомеа бо арзишхои исломй мебошад. Президенти кишвар низ дар суханронидаи ахири худ дар чашни истиклолияти кишвар ва хангоми боздид аз нохияхои минтакаи Рашт ба масъалахои чудоинопазир будани фарханги миллй ва динй ва зарурати огохии мардум аз маърифати динй ба таври возех, таъкид намудаанд.

Дар айни замом, чои шубха нест, ки сатхи маърифати хар чомеа ва муносибати аъзои чомеа бо ин ё он арзиш пеш аз хама ба барномахои таълимии сохаи маориф вобаста аст. Яъне, махз дар раванди таълимй ба зехни хар толибилм гузошта мешавад, ки накшу чойгохи вокеии хар арзишу мафхум чист ва муносибати мо бо он бояд чигуна бошад.

Бинобар ин, зарур медонам, ки бо мурочиат ба Шумо, ки хам шахсиятхои огоху бомаърифат ва хам масъулони аввали ин соха дар кишвар мебошед, масъалаи муносибати имрузаи низоми маорифи Точикистон ба арзишхои исломиро дар миён гузошта, барои ислохи он чанд пешниходи мушаххаси худро эхтиромона ироа намоям.

Мутолиаи китобхои дарсии мактабхои миёнаи кишвар нишон медихад, ки бо вучуди дар фазой умумй ва сиёсй тагйир ёфтани муносибат ба Ислом ва арзишхои исломй, нигохи сохаи маориф ва маводи таълимии ироашаванда дар ин масъала хануз дар хамом колабхои пешина бокй мондааст. Метавон гуфт, ки дидгохи аксари муаллифони китобхои дарсй ба масъалахои марбут ба Ислом ва арзишхои исломй асосан гайрикасбй, гайриилмй, тахрифшуда ва дар ак­сари мавридхо гаразнок ва тухматомез мебошад. Ин нааъи нигариш ба динй мубини Ислом хусусан, дар китобхои дарсии таърих, адабиёт ва дигар фанхои чамъиятй ба рушанй мушохида мешавад, ки натичаи он эчоди шакку нобоварй нисбат ба дини Ислом ва ба таври ошкоро ба инхироф кашидан ва захролуд намудани зехьш фарзандонй мактабхони мардуми мусулмони точик мегардад. Гарчй чу-нин мавкеи китобхои дарсии низоми маорифи мо як падидаи такрибан умумист, вале барои мисол ба таври нихоят мухтасар мехостам ба дидгохи чанде аз ин китобхо ба масъалаи зикршуда ишора намоям.

Аввалин китобе, ки мехос­там дар ин мавзуъ ба он таваччух намоем, китоби дарсии «Таърихи умумй. Таърихи асрхои миёна. Китоби дарси барои синфи 6» (Интишороти «Сарпараст», Душанбе, 2005) аст, ки аз тарафи муаллифон Т.Зиёев ва Р.Шарифов навишта шуда, онро Мушовараи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон барои чоп ва таълим тавсия кардааст. Китоб асосан таърихи давлатхо ва тамаддунхои чахонро ба таври умумй таълим медихад ва бахшхои 11 то 16 он (сахифахои 49-80) ба таърихи дини Йслом ва давлатдории мусулмонон дар асрхои аввали исломй бахшида шудааст.

Банда дар мавриди хатохои Чиддие, ки хангоми зикри санахои таърихй, номхои чугрофиёй, номхои шахсиятхои таъ­рихй Ислом ва гайра дар китоб рох, ёфтаанд, чизе гуфтанй ме­стам, вале нисбати мазмуни баъзе аз бахшхои китоб хомуш буданро хилофи акидаи исломии худ медонам. Аз чумла, бахши 11-уми китоб (с.49-52) тавре навишта шудааст, ки дар он таълимоти динй мубини Ислом на хамчун мачмуаи вахйи илохи ва фармудахои Худованди Бузург, чалла чалолуху, ба пайгамбари худ, балки хамчун HajMsan Муомилаву тавофукхои сиёсий Хазрати Мухаммад (с) бо намояндагони динхо ва кабилахои гуногун нишон дода мешавад. Дар ин боб Паёмбари Худо хамчун «асосгузори дини нав» муаррифи гашта, амрхои Худованд, ки ба у аз тарики вахни илохй расидааст, бар хилофи хакикат, ба хонанда хамчун «пешниходоти» шахсии худи Мухаммад(с) шарх дода мешаванд. Масалан, аз чумла, омадааст: «Мухаммад(с) ба туфайли пешниходоти инсондустонаи худ боиси таваччухи кабилаи Курайшихо ва кабилахои дигари араби Мака гардид», «Мухаммад (с) пешниход кард, ки хар кас бояд дахяки даромади худро ба бечораю бенавоён садака кунад.» (с.49). ё, «Мухаммад(с) пайгамбар ин вазъро ба назар гирифта, пайгамбарони яхудия ва масехиятро хам пайгамбарони мусулмонхо эълон карда, худро пайгамбари охирин номид». Чунин даъвохо бофта тахрифи ошкоро дар хакки Ислом ва Пайрамбари бузургвори он аст!

Агарчи муаллифон дар радифи коми Мухаммад (с) истилохи «пайгамбар»-ро истифода мекунанд, аммо наход худашон нафахмида бошанд, ки маънои «пайгамбар» паёмовар ва расонандаи паёми Худованд аст? Агар Хазрати Мухаммад (с) ин ахкомро ба гуфтаи муаллифон, «бо дар назар гирифтани вазъ» аз пеши худ бофта бошад, пас чй гуна у пайгамбари Худо мебуд? Мувофики фармудаи Куръони карим, ки акидаи мусулмо­нон дар асоси он шакл гирифта-аст, Паёмбари Худо хеч, чизеро дар Ислом аз пеши худ ворид накардааст, балки паёми Худо­ванд ва куши илохиро ба мар­дум расонидааст. Чуноне ки Куръони карим дар ин бора сарохатан шаходат медихад: «Ва мо янтиту анил хаво ин хия илло вахюн юухо» (Ва (Паембар) чизе аз пеши худ намегуяд ва ва харчй туфтааст, вахйи Худованд аст). (Сураи «Ан-начм», ояхои 3 ва 4). Ин нукта фарки асосии дин аз дигар таълимоти ахлокиию маънавй ва ичтимоию сиёсиест, ки инсонхо аз фики худ эчод кардаанд.

Дар сахифаи 51-ум бошад, муаллифон се масъалаи усулии исломро, ки дар натичаи вахии илохй ба Паёмбар (с) амр шудааст, ба хонандагон хамчун натичаи музокира ва карордоду тавофуки байни ашрофи курайш ва Мухаммад(с) таълим медиханд: «Ашрофи чурайшихои Макка ... иброз доштанд, ки Мухамамд(с) се талаби онхоро ичро кунад: 1) Шахри Мака маркази дини ислом бошад. 2) Хонаи Каъба ва Санги Сиёх, мукаддасоти ислом эълон карда щавад. 3)3иёрати Мака, ё худ адои марсими хач барои хар як мусулмон хатмй гардад.

Пайгамбари ислом ин пешниходоти курайшихоро кабул кард. Баъди ин курайшихо ва кабилахои дигари Макка дини исломро кабул карданд.»

Мувофики ин даъвои муаллифони китоб, дар таълимоти Ислом макоми мукаррам Доштани шахри Макка, чойгохй мукаддаси Каъба ва рукни панчуми Ислом карор гирифтани хачч на аз тарафи Худованди Мутаъол, балки дар пайи як шартномаи сиёсй байни мушрикони Макка ва Мухаммад(с) кабул гаштааст. Ин тавр ба хонандаи хурдсол накл кардани таърихй Ислом на танхо дуруги махзу тахрифи ошкорои таъриху таълимоти ис­ломй, балки болотар аз хама, инкори ошкорои мохияти осмонии динй мубини Ислом мебо­шад, ки барои мусулмонон харгиз кобили кабул нест. Мувофики акоиди исломй ва тибки назари тамоми мазхабхои фикхии исломй, аз чумла мазхаби ханафй, касе чунин акида дошта бошад, умуман мусулмон хисоб намешавад, зеро манбаи илохй доштани як рукни асосии Ислом, яъне хаччро инкор кардааст.

Ин таърихнависон як бор фикр накардаанд, ки агар Паём­бари Худо бо мушрикони Ку­райш, ки сокинони Макка буданд, ба тавофук расида бо­шанд, пас чаро Ишон бо аксари касоне, ки ба Худо имон оварда буданд ба Мадина хичрат кар­данд? Ва чаро хашт соли дигар байни мусулмонхо ва мушрико­ни Курайш холати чангй идома ёфт ва чаро чангхои Бадр ва Ухуд рух дод? Факат баъд аз хашт соли чичрат Пайгамбари Худо ва мусулмонон Маккаро фатх, намуданд ва ахли он ис­ломро кабул намуданд. Дуругнависй хам хадду канор доштагист?

Астағфируллоҳ,! Магар аз навиштаҳои ин муаллифон фарзандони мо дар мактаб ба чунин хулоса намерасанд, ки дини Ис­ломро Худо ба ҷаҳониён аз тариқи Пайғамбар(с) нафиристода, балки таълимот ва аҳкоми онро худи Пайгамбар(с) аз пеши худ фикр карда бофта баровардааст?! Магар мақсад аз ин гуна таълим нисбат ба Ислом эҷод кардани шакку шубҳа дар зеҳни мактабхонҳо ва аз Ислом дур кардани фарзандони мо нест? Инсофан, ҳатто дар давраи советӣ ва идеологияи атеистӣ ин гуна таълимот дар китобҳои дар­сии мактабҳои миёна вучуд надоштанд! Маълум аст, ки муал­лифон ба таълимоти исломӣ ё ошноӣ надоранд ва ё доранду ба он имон надоранд ва маълумоти худро аз сарчашмаҳои таҳрифшудаи зиддиисломӣ гирифтаанд.

Китоби дигаре, ки дар масъалаи таърих ва таълимоти динй мубини Ислом назари «хосси» худро дорад, китоби дарсии «Таърихй халки точик. Ибтидои асрхои миёна» (китоби дарси барои синфи 6) мебошад. Муаллифи китоб Юсуфшох, ЯЪКУБОВ буда, китоб аз тарафи Коллегияи Вазорати маорифи ЧТ ба чоп тавсия шудааст. Бахши сеюми ин китоб, ки такрибан нисфи онро ташкил медихад, ба мавзуъхое чун зухури Ислом, хилофати араб, пахншавии Ислом дар сарзаминхои Ирон ва Осиёи Марказй, таназзули давлати хилофат ва гайра бахшида шудааст. Ин чо низ мо ба баррасии хатогихои бешумори чопию имлой ва тахлили забону истилохоти комилан сунъию гайриилмии ин китоб напардохта, асосан, ба масъалаи нигохи ки­тоб ба таърих ва таълимоти ис­ломй таваччух, месозем.

Дар сахифаи 115 муаллиф дар бораи таваллуд ва давраи аввали зиндагй ва фаъолияти чаноби Пайгамбар(с) сухан ронда, санадхои нодуруст ва ривоятхои гайрисахехро истифода мекунад. Масалан, у таваллуди он хазратро 17 мохи рабеъулаввал нишон медихад. Тибки ривояти ахли суннат ва чамоат Хазрати Мухаммад(с) на дар таърихй 17, балки дар таърихй 12 рабеъулаввал ба думе омадаанд. 17 рабъулаввал дар ривоятхои бародарони шиъа омадааст. Маълум аст, ки муаллиф аз ин тафовут ё огох набуда, ё факат аз хамон сарчашмахо истифода кардааст.

Вале дар поёнтари сахифа муаллиф боз ривоятеро меоварад, ки бо ривоятхои ахли сун­нат ва чамоат комилан мухолифат дорад. У мегуяд: «Пайгамбар эълон дошт, ки касе аввалин шуда Худой яккаву ягона -Аллохро бишносад, у чойнишини ман хохад шуд. Хазрати Али аввалин шуда дини Исломро кабул намуд ва то охири умри пайгамбар хамрохи вай буд.» Аз дидгохи мазохиби алхи суннат ва намоат ин ривояти овардаи муаллиф дар хеч, сарчашмаи муътабари илмй наомада, хазрати Мухамамд(с) харгиз дар бораи чонишини худ чунин меъёр нагузоштаанд ва эълон надоштаанд. Ин ривоят комилан бар хилофи акидаи ахли суннат ва чамоат аст, ки мардуми Точикистон аз он пайравй мекунанд.

Рухияи пурнафрати муал­лиф нисбат ба арабхо ва тахдару тухматхои пайвастаи у нисбати онхо низ, агарчй мавзуи бахси мо нест, бояд бознигари шавад. Зеро аз хондани ин китоб саволе ба миён меояд, ки максади муаллиф аз ин кадар сиёх, ва бад кардани арабхо ва дар зехни насли чавон эчод кардани кинаву нафрати бепоён нисбати як халки дигар ва бародарони хамдинамон чист? Бо ин корашон чй мехоханд? Ба назари мо, ин кори муаллиф ва хамфикронашон дар доирахои идеологии кишвар метавонад се максад дошта бошад:

1 .Шояд аз тарики баду манфур нишон додани арабхо мехоханд дар зехни чавонони мо нисбат ба Ислом хисси нафрат ва бадбинй эчод намоянд.

2.Шояд мехоханд дар зехни фарзандони мо ифтихор бо зардуштиятро эхе созанд, зеро дар ин ва дигар китобхои дарси оини зардушти бо таблигу мухаббати боло хамчун дини поку некуй, хамчун аввалин дини вахдони ва хамчун оини ачдодии мо тавсиф шуда, ба таври махсус дар мукобили Ислом гузошта мешавад: «Арабхо... дину ойини ачдодии моро аз байн бурда, дини худро бо номи Ислом кабулониданд» (с. 127).

з.ё шояд мехоханд ба ин рох, дар наздик шудани давлати мо бо кишвархои арабию исломй монеаи равонй ва идеявй эчрд кунанд. Зеро имруз густариши робитахо бо ин кишвархо яке аз самтхои мухимми сиёсати хоричии давлати мо ба хисоб меравад. Агар ин максадхо набошад, пас максад чист? Баёни хакикати илмию таърихй, чуноне, ки даъво мекунанд? Аммо, барои хар шахси бомаълумот ва боинсоф маълум аст, ки навиштахои муаллиф аз хакикати илмй ва таърихй фарсаххо дур аст... Муаллиф дар ин чодда то чое ифрот кардааст, ки китоби дарсии таърихй у бештар ба як асари бофтаи бадей ва идеелогй шабохат пайдо кардааст. (Касе бовар надорад, ба сахифахои 124, 126, 127, 159, 168 ва гайра нигарад.)

Вале чун мавзуи бахси мо Ислом аст, бояд гуфт, ки муал­лиф гохо зери танкиди арабхо бисере аз шахсиятхои бузурги исломй ва мукаддасоти исломиро огохона зери танкиду тахкир мегирад. Масалан, у дар мавриди яке аз сахрбахои бузурги Паёмбар, халифаи дуввуми мусулмонон хазрати Умар(р) сухан ронда, чунин мегуяд: «Умар фарсудагии давлати Сосониёнро хуб медонист {ба муаллиф аз кучо маълум шуд, ки Умар(р) инро хуб медонист?) ва магрурона барои масхара ва ба иззати нафси шох, расидан сафиронро фиристода буд.» Ин ривоят бо чунин шакл хеч, асл надорад ва хамчунин, шояд муаллиф намедонад, ки тибки супориши Пайгамбари Худо дар мавриди сахобагони Паёмбар(с) беихтиромона сухан гуфтани мусулмонон гунох, аст. Хусусан, истифодаи истилохи «магрурона» нисбати ин шахсияти бузургвор, ки дар тамоми таърих намунаи олии адолат ва хоксори будаанд, на танхо дур аз инсоф, бал­ки тахдари мукдадасоти мусулмонон низ ба хисоб меояд.

Хулосаи калом, муаллиф пахнкунандагони Исломро, ки ба туфайли онхо, алхамдулиллох,, хазору чахорсад сол ба ин чониб мо мусулмон хастем, хамчун лашкари чохилу тачовузгару госибу горатгару нобудкунандаи хама чиз тасвир карда, ба хонадаи хурдсоли худ чунин талкин мекунад: «Арабхо тамаддуни пешкадаму хазорсолаи моро нобуд сохта хату забони худро зуран чорй намуданд. Онхо дину ойини ачдодии моро аз байн бурда, дини худро бо номи Ис­лом кабулониданд» (с. 127). Чуноне ки то имруз идеологхои атеистй муборизони рохи истиклолият ва озодиро босмачихои хунхору тачовузгару горатгар нишон медиханд.

Ин чо суол аст, ки бо кадом максад мо дини мубини Ислом­ро ба фарзандонамон хамчун «дини арабхо» муаррифй менамоем? Чунин андеша комилан мухолифи таълимоти исломист, зеро Ислом дини илохи буда, ба хеч кавму миллати хоссе тааллук, надорад ва онро Худованд барои тамоми башар то рузи Киёмат фиристодааст. Ба наза­ри ман, бисер зарур аст, ки мо низ ба фарзандони худ Ислом­ро аз нуктаи назари манбаъхои исломи таълим бидихем.

Чунин нигохи гайрикасбй, гайриилмй ва зиддиисломй ба таълими масъалахои марбут ба таърих ва арзишхои исломи дар китоби дарсии «Таърихй дин» низ мушохида мешавад. Ин китоб барои синфхои 7-у ми мактабхои миёна тавсия шуда, аз суй муаллифон Х.Рахимзода ва С.Ахмедов таълиф гаштааст. Чун бахши калони ин китоб (с.49-156} ба шархи таъриху таълимоти Ислом бахшида шудааст, ин чо имкон дорем, ки даххо галатхои таърихию мантики ва аз тарафи муаллифон истифода шудани афсонаю ривоятхи исроилиёт, адабиёти фолклорй, гайриилмй ва аз назари сарчашмахои исломй номуътабарро мисол оварем. Вале бо максади кутох намудани матн факат бо мисоле кифоят мекунем:

Масалан, дар сахифаи 59-уми китоб ходисаи аз чониби Худованд ба хазрати Мухамамд(с) нозил шудани вахн чунин оварда шудааст: «Як шаб, ки дар гор хобида буд, фариштае пеши вай омад ва гуфт: «Ба номи парвардигори ту, ки инсонро офариду ба у чизхоеро омухт, ки намедонист-. Эй Мухаммад, ту расули худой ва ман хам фариштаи у Чабраил». Мухаммад аз хоб тарсида бедор шуд, касеро надид, аммо суханхое, ки шунида буд дар хотираи у накш баста буданд.» Ва поинтар омадааст: «Пас аз ин ходиса вахй ба Паёмбар(с) мунтазам нозил мегашт ва ба ин тарин китоби Куръон фарохам меомад ва дини навдини ислом ташаккул меёфт». Ба ин восита муаллифон ба хонандаи мактаб таълим медиханд, Ки Куръон ба Мухаммад(с) хангоми хоб нозил мешудааст ва ин китоб «ба ин тарик,» навишта шудааст. Ин даъво тухмат ба Куръон ва тахрифи махзи хакикати вахйи илохй мебошад. Аввалан, тибки санадхои муътабари таърихй ва, аз чумла, тибки хадисхои сахех ва шаходати даххо сахобагони бузурги Пайгамбари Худо, вахйи илохй ба чаноби Пайгамбар(с) на дар холати хоб, балки дар бедорй мерасид ва Ишон онро огохона дармеёфтанд. Ин аст акидаи мусулмонон дар ин масъала. Аз ин ру, маълумоти овардаи муал­лифон тахрифи ошкорои вокеияти таърихист. Сониян, ин гуна тасвир кардани манзараи вай чунин маъно медихад, ки Курьон ва Ислом хамагй натичаи хобу хаёли Мухаммад(с) "мебо­шад, зеро муаллифон овардаанд, ки «Мухаммад аз хоб тарсида бедор шуд, касеро надид, аммо суханхое, ки шунида буд дар хотираи у накш баста буданд.» Чунин фикр комилан му­холифи таълимоти Ислом ва эътикоди мусулмонон мебошад.

Масъулони мухтарам, бародарони гиромй!

Хамин тавр, баррасии бисер мухтасари махтаво ва дидгохи хамагй чанд китоби дарсии мактабй нишон дод, ки дидгохи аксари муаллифони онхо ба масъ­алахои марбут ба Ислом ва арзишхои исломи асосан гайри­касбй, гайриилмй, тахрифшуда ва дар аксари мавридхо гаразнок, тухматомез, зиддиисломй ва тахкиромез мебошад. Ба ин шакл таълим додани ин масъалахо боиси дар зехни хонандагоми мактабхо эчод шудани шакку нобоварй нисбат ба дини Ислом ва ба таври ошкоро ба инхироф кашидан ва захролуд намудани зехни фарзандони мардуми мусулмони точик мегардад. Аз ин ру, шакке нест, ки имруз нигохи низоми маорифи мо ба мавзуи таълими масъалахои таърих ва таълимоти Ислом ба бознигарии чиддй эхтиёч, дорад.

Бо таваччух ба вазъияти мавчуда дар масъалаи мазкур, пешниход менамоям:

1. Дидгохи китобхои дарсии мактабхои маълумоти умумии миёна ва олй ба масъалаи чойгохи дин ва хусусан, дини муби­ни Ислом, таърихй Ислом ва муаррифии арзишхои исломи ба таври куллй ислом гардад. Китобхои дарсй бояд барои хонандагон маълумотхои дурустй илмию таърихй аз дидгохи сарчашмахои исломи ироа намоянд, на аз манбаъхои зиддиисломии яхудию атеистй. Чун ак­сари кулли мардуми кишвар мусалмонанд ва хонандагони мактабхои мо фарзандони хамин мусулмонхоянд, табиист, ки онхо харгиз розй нестанд, ки фарзандонашон зидди дину оини исломияшон тарбия ёбанд. Аз ин ру, зарур аст, ки дар китобхои дарсй нисбати Ислом ва арзишхои ис­ломи, аз чумла, нисбати Худову Пайгамбар(с), Хулафои рошидин, сахобагони киром, имомхои мазхабхо, шахсиятхои таърихии исломи бо камоли эхтиром сухан гуфта, Исломро хамон гунае, ки мусулмонон мефахманд, муар­рифй намоянд.

Гарчй мо медонем, ки шахсан худи Шумо дар замони тахия ва барои таълим дар мактабхо тавсия шудани ин китобхо хануз масъулияти ин сохаро ба душ надоштед, вале имруз Шумо мётавонед йн тахрифу хатохоро ислох намуда, ба миллату кишварамон хидмати сазоворе анчом бидихед. Зеро ислох нашудани ин барномахои дарсй дар дарозмуддат ба норозигии мардум оварда мерасонад.

2.Он бахшхои китобхои дарсй, ки ба дини мубини Ислом ва таъриху таълимоти он дахл доранд, бояд аз тарафи мутахассисони босалохият ва огох, аз таъриху таълимоти исломи ва пеш аз хама боэътикод навиш­та шуда, ё пеш аз нашр аз наза­ри мутахассисони ин соха гузарад. Чои таассуф аст, ки дар яке аз вохурихое, ки дар Вазорати маориф гузашт, яке аз муалли­фони китоби дарсии «Таърихй дин» Х.Рахимзода ба огохии худ аз таъриху таълимоти Ислом ишора намуда, аз чумла, чунин гуфт: «Банда беш аз дах, сол директори «Хонаи атеизм» будам.» Оё муаллифе бо чунин собика ва чахонбинии зиддиис­ломй хукуки маънавии ба фар­зандони мо омузонидани Ислом ва таълимоти онро дорад?

3. Хамчунин, пешниход мена­моям, ки барои бо донишхои сахех, дар бораи таъриху таъли­моти Ислом ва, аз чумла, барои ошноии бевоситаи мардум бо таълимоти мазхаби ханафй дар барномаи таълимии мактабхои миёнаи тахсилоти умумй фанни мукаддимавии «Таърих ва таъ­лимоти исломи» барои синфхои 8 ва 9 ворид карда шавад.

Ин дарс бояд хонандагонро илова бар таърихй нузули Ис­лом аз дидгохи муаррихони ис­ломи, бо мохияти вахдатгаро, маорифпарварона, инсондустона ва сулхомези дини мубини Ислом ошно сохта, хусусан, чанбахои табиявию ахлокии онро ба таври васеъ таълим бидихад. Дар навбати худ, мо омода хастем, ки дар тахияи барномаи ва китоби дарсии ин фанн бо Ва­зорати маорифи кишвар камо­ли хамкориро дошта бошем.

Чои зикр аст, ки таълими чу­нин фанн дар низоми маорифи аксари кишвархои дунявии чахон, хусусан, кишвархои аврупой, чой дошта, аз чумла, дар кишвархое чун Олмон, Британия, Амрико, Испания, Юнон ва гайра мувофики дину мазхаби аксарияти ахолии он кишвархо ба таври хатмй ё ихтиёрй ба рох, монда шудааст. Аз ин ру, ба низоми маорифи кишвар ворид, намудани чунин дарс дар ислохи тафаккури динии чомеа ва пешгирии гароиши чавонон ба равняю харакатхои ифротиии динй сахми бисер чиддй хохад гузошт. Чомеае, ки саводи динй дорад, дар мукобили таблиготу тахочуми дину мазхабхои бегона иммунитети хосса дошта, аз харакатхои ифротию экстре­миста камтар осебпазир мегардад. Ба ин восита суботу амнияти чомеаи мо боз хам устувортар хохад шуд.

4.Хамчунин, пешниход менамоям, ки мавкеъ ва нигохи имрузаи масъулони сохаи маорифи кишвар, хусусан, рохбарони муассисахои таълимии миёна ва олй ба масъалаи либоси духтарони талаба ва донишчу ислох, гардад. Дар ин масъала мо ба чуз эътирофи хакки дух­тарони мусулмон ба доштани пушиши фармудаи динашон хеч, рохи халли дигаре надорем, зеро масъалаи сатри занону духтарони болиг ва озод хам дар матни Куръони карим, хам дар хадисхои набавй ва хам дар манбаъхои фикхии мазхаби ханафй ба таври сарех, амр шудааст. Аз ин ру, на ин духтарон, на волидайни онхо ва на мову шумо, на Шурой уламо, агар мусулмон будани худро эътироф намоем, дар ин масъала имкони хеч интихоби дигареро надорем. Хар рохи халле, ки гайр аз ин бошад, он гайриисломй, муваккатй, бахсбарангез ва ихтилофомез хохад буд. Хамчунин, новобаста аз далелхои тарафхо, бояд эътироф кард, ки бахси пешомада дар масъалаи пушиши духтарон эътибори низоми маорифи моро дар миёни мардуми мусалмони кишвар паст карда, системаи маорифро хамчун як ниходи мухолиф бо арзишхои динии мардуми мусулмони точик муаррифй намудааст. Ин вокеият боис гаштааст, ки бисере аз талошхои чиддии хукумати кишвар ва, аз чумла, захматхои вазири мухтарам ва дигар масъулони сохаи маориф зери сояи ин масъала мондаанд. Идомаи- ин бахс на танхо ба зарари низо­ми маориф, бакли ба зиёни суботу хамдигарфахмии хамаи чомеа хохад буд. Аз ин ру, пешниход мешавад, ки ба ин бахс дар доираи арзишхои диниву миллии точикон ба таври мутамаддин хотима бахшида шавад. Яъне, хар хохаре, ки мехохад бо риояти хичоб мактаб хонад, бигзор бихонад ва касе, ки мехохад бе риояти хичоб мактаб бихо­над, бигзор бихонад. Он чй бои­си тааччуб аст, ин аст, ки хамеша мо исломихоро ба тахмил кардани назари худ ба дигарон муттахам мекарданд. Имруз бо­шад мо, исломихо, мо низоми дунявии кишварро кабул карда, бехичобиро, ки агарчй бад мебинем, тахаммул мекунем. Вале баръакс, бародарони «дуня­вии» мо хичоби духтарону хохарони моро на дар мактабу донишгохо ва на дар идораву корхонахои давлатй тахаммул намекунанд. Хатто хафтахои охир комиссияхои махсуси ташкилнамудаи хукумат дар бозорхову корхонахои шахсй низ гашта, пушидани хичобро ба хохарони мусул­мон манъ намуда истодаанд, ки ин хилофи Конститутсия ва хамаи нормахои байналмилалии хукуки башар аст. Инсоф бидихед, дар ин чо кй тахаммулпазир асту кй не? Кй экстремист асту кй не? Аввалхои солхои 70-уми асри гузашта хукумати шоханшохии Ирон низ айнан хамин корхоро карда буд. Касе мехохад, ба таърих нигарад...

Пеш омадани масъалаи хичоб имруз як хакикати дигареро ошкор намудааст: Гарчй дар бисер мавридхо мусулмонон ба тундравию экстремизм муттахам мешаванд, вале имруз мебинем, ки дар чомеаи мо экстремизими дунявй ба таври ошкоро ба хучум гузаштааст. Яъне, бо вучуди аз тарафи Конститутсия ба шахрвандон дода шудани озодии муайян кардани муносибати худ бо дин ва новобаста аз акида кафолат дода шудани таълим дар мактабу донишгоххо, имруз баъзе аз масъулини мо мехоханд ин озодии интихобро аз мардум бигиранд. Чунин мавкеъгирй на танхо аз назари хукукй, балки аз назари сиёсй низ ба суботу-амнияти чомеаи мо тахдид мекунад.

Хангоми бахс дар масъалаи либоси духтарон, масъулини муассисахои таълимй ба фармони вазири маориф ишора мекунанд. Банда бо истифода аз ин фурсат аз чаноби Вазир эхтиромона даъват менамоям ин фармон ё карор бояд тагйир дода шавад. Тавре ки хамагон дар ёд дорем, дар вак;ти зарурй мо ба хотири сулху субт ва оштии миллй хатто ба Конститутсияи ЧТ тагйиру иловахо ворид намуда будем, аммо наход имруз суботу амнияти чомеаи мо арзиши онро надошта бошад, ки як банди гайриконститутсионии фармони вази­ри маориф тагйир дода шавад? Зеро идомаи ин бахс на танхо боиси бесавод мондани садхо духтарон, балки боиси пеш омадани ихтилофи чиддии акидатй ва сиёсй дар чомеаи мо хохад шуд. Албатта, агар мо суди конститутсионии мустакил медоштем, кайхо ин масъаларо баррасй намуда, ин фармони зиддиконститутсиониро бекор мекард...

Бовар дорам, ки пеш гирифтани ин икдомхои зарурй барои боз хам кармтар шудани муносибати дину давлат дар Точикис-тон ва солимтар гаштани фазой сиёсию маънавии чомеаи мо таъсири мусбат хохад гузошт. Хусусан, дар соли бузургдошти пешвои мазхабии мардуми му­сулмони точик Имом Абухани-фа(р) амалй гаштани ин икдомхо боиси хушнудии Худо ва халки у ва боиси ризоияти рухи поки он имоми бузургвор хохад буд.

Бо камоли эхтиром ва бо умеди он, ки масоили гузошташударо хамчун масъули соха ва хамчун давлатмард фахм ва кабул мефармоед.

www.asiaplus.tj

Муаллиф: Ҳоҷӣ Акбар ТӮРАҶОНЗОДА


Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 5024
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 22:14
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024