Иттиҳодияи тоҷирони Покистон дар шаҳри Карочӣ барои ба қатл расонидани
таҳиякунандаи "Мусалмонони бегуноҳ” 50 миллион доллар ҷоиза эълон кард.
Мавлавӣ Абдулакбари чатролӣ, раиси Ҷамъияти Иттиҳоди уламои
Хайбарпахтунхоҳи Покистон низ ба маблағи 10 миллион рупия ба сари
таҳиякунандаи ин филм ҷоиза эълон кард.
Иттиҳодияи тоҷирони Покистон, ки мақарри он дар шаҳри Карочии Покистон
аст, баъд аз тамошои филми тавҳиномез дар бораи Паёмбари ислом, ки он
дар Амрико ба навор гирифта шудааст, ба хашм омада, барои ҳимоят аз
шаъну шарафи Расули Худо ва дубора такрор нашудани ин гуна амалҳои зишт
дар шаъни диндорон, эълом кардаанд, ҳар фарде, ки таҳиякунандаи ин
филмро ба қатл расонад, ба маблағи 50 миллион доллар мукофотонида
мешавад,- хабар додааст "islamtimes”.
Ҳамзамон, бино ба гузориши "Farsnews”, қабилаҳои масеҳии шаҳри Модабо
дар Уммон, пойтахти Урдун, низ дар баёнияе эълом кардаанд, ки тамоми
иштироккунандагон ин филмро маҳдуруддам (хунашон ҳалол) хонда, таъкид
кардаанд, ки барои ин афрод раҳмате дар рӯи замин боқӣ намондааст.
Дар баёнияи қабоили масеҳӣ дар Урдун омадааст, ки масеҳиҳои ин кишвар
ҳар гуна талош дар ҳар маконеро барои иҳонат ба ҳазрати Муҳаммад
намепазиранд ва безории худро аз ин кирдори зишт эълом мекунанд.
Ҳамзамон, Аҳмад Фуод Ашуш, рӯҳонии салафимаоби мисрӣ, дар сӯҳбат бо
"Associated Press” куштани таҳиякунандагони филми " Бегуноҳии
мусалмонон”-ро воҷиб дониста, фатвое содир кард. Вай дар ин фатвои худ
аз тамоми ҷавонони мусалмон хостааст, ки бояд онҳо қарзи худро иҷро
карда, тамоми таҳиякунандагони ин филмро: коргардон, ҳунармандон ва
тамоми онҳоеро, ки дар таҳияи ин филм ҳамкорӣ ва ё маблағгузорӣ
кардаанд, кушта шаванд. Ашуш таъкид кард: "Ин барои хукҳо ва маймунҳои
Амрикову Аврупо дарси ибрат хоҳад шуд”.
Дар ҳамин ҳол, ҷавонони фейсбукӣ эълом кардаанд, ки дар сурати ҳазф
нашудани ин филми тавҳиномез, истифода аз сомонаи "Google” ва
"Youtube”-ро ба муддати се рӯз - 20-21-22-и сентябр бойкот мекунанд.
Ширкати "Google” дархости истифодабарандагони худро дар хусуси ҳазфи
филми таҳвинкунандаи Паёмбари ислом рад карда, гуфта буд, ки пахши ин
филм дар чаҳорчӯби сиёсатҳои ин сомона ба анҷом расидааст.
Гуфта мешавад, қабл аз ин Афғонистону Покистон ва Бангладеш
истифодабарӣ аз "Youtube”-ро дар қаламрави кишварҳои худ масдуд карданд
ва Арабистони Саудию Русия низ тасмим гирифтаанд, ки дар сурати ҳазф
нашудани пайвандҳои муртабит ба ин филм истифодабарӣ аз онро масдуд
хоҳанд кард.
tojnews