Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






Силсила мақолаҳои хавориҷ № 1: Шаклгирии хавориҷ ва шинохти ин тойфа



Аҳли илм таърифҳои зиёде дар бораи хавориҷ пешкаш кардаанд.

Аз ҷумлаи онҳо таърифе аст, ки Абӯлҳасани Ашъарӣ баён кардааст, ки номи «Хавориҷ» бар он тоифае, ки бар зидди чаҳорумин халифаи рошидӣ Алӣ ибни Абӯтолиб, разияллоҳу анҳу, хуруҷ карданд итлоқ мешавад. Ӯ баён мекунад, ки хуруҷи онҳо бар зидди Алӣ, разияллоҳу анҳу, сабаби номгузории онҳо ба ин ном аст. Дар ҷое, ки мегӯяд: «Сабаби ин, ки онҳо хавориҷ номида шуданд, хуруҷи онҳо зидди Алӣ, разияллоҳу анҳу, ҳангоми қабули ҳакамият аст».[i]

 

Аммо Ибни Ҳазм баён кардааст, ки номи «хориҷӣ» бар ҳар касе, ки ҳамчун он гурӯҳе, ки бар зидди Алӣ, разияллоҳу анҳу, хуруҷ карданд, туғён кунад ва дар эътиқод бо онон шарик бошад, итлоқ мегардад. Ў мегӯяд ҳар кас, ки ҳамчун хавориҷ ҳакамиятро инкор кунад ва саҳобаи бузургворро такфир кунад ва ба хуруҷ зидди ҳокимон ва имомони ғайри одил ва мондани ҳамешагии соҳибони гуноҳи кабира дар ҷаҳаннам ва ҷоиз будани имомат дар ғайри Қурайш муътақид бошад, хориҷӣ аст ва агар дар дигар мавридҳои ихтилофї миёни мусалмонон ва он мавридҳое, ки зикр кардем бо онҳо мухолиф бошад хориҷӣ нест.[ii]

Аммо Шаҳристонӣ хавориҷро ба як таърифи ом таъриф намуда ва дар он хуруҷ кардан зидди имоме, ки ҳама бар ӯ ва имомати шаръии ӯ итифоќ карда бошанд, дар ҳар замоне, ки бошад хуруҷ медонад. Ӯ дар таърифи худ аз хавориҷ мегӯяд: «Ҳар кас, ки бар имоми барҳаққе, ки ҷамоат бар ӯ итифоќ карда бошанд хуруҷ кунад «хориҷӣ» номида мешавад, хоҳ ин хуруҷ дар замони саҳоба бар имомони рошидин буда бошад ва ё баъд аз он бар тобиъини некӯи онон ва имомон дар ҳар замон бошанд».[iii]

Ибни Ҳаҷар дар таърифи онҳо мегӯяд: «Хавориҷ касоне ҳастанд, ки қабули ҳакамият аз ҷониби Алӣ, разияллоҳу анҳуро ношоист донистанд ва аз ӯ ва Усмон, разияллоҳу анҳу ва фарзандони ӯ худро барӣ карданд ва бо онҳо ҷангиданд ва агар онҳоро кофир бидонанд онҳо ғолӣ (аҳли зиёдаравӣ-ифротӣ) ҳастанд».[iv] Ӯ дар як таърифи дигар мегӯяд: «Аммо хавориҷ гурӯҳе ҳастанд, ки хуруҷ карданд, яъне тоифае ҳастанд, ки аҳли бидъат ҳастанд ва ба далели хуруҷ зидди дин ва хуруҷ бар зидди беҳтарин мусалмонон ба ин ном номида шуданд».[v]

Абӯлҳасани Малтӣ бошад, ӯ муътақид аст, ки аввалин хавориҷ касоне буданд, ки фарёд заданд: «Ло ҳукма илло лиллоҳ» ва мегуфтанд: «Алӣ, разияллоҳу анҳу, кофир шудааст ва ҳукмро ба Абӯмусои Ашъарӣ медиҳад дар ҳоле, ки ҳукм ҷуз барои Худо нест». Фирқаи хавориҷ ба далели хуруҷ зидди Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар рӯзи ҳакамият ба ин ном номида шуданд, онҳо ҳакамиятро қабул надоштанд ва гуфтанд: «Ло ҳукма илло лиллоҳ».[vi]

Доктор Носир Ақл мегӯяд: «Онҳо касоне ҳастанд, ки ба хотири маъсият ва гуноҳ такфир мекунанд ва бар имомони ситамкор хуруҷ мекунанд…»[vii]

Хавориҷ ҳамон гурӯҳе ҳастанд, ки дар ҷанги Сиффин баъд аз ин, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу, ҳакамиятро қабул кард, зидди ӯ хуруҷ карданд. Онҳо ғайр аз лақаби «хавориҷ» лақабҳои дигаре ҳам доранд, ки ба онҳо машҳур ҳастанд, баъзе аз ин лақабҳо иборатанд аз: Ҳарурия,[viii] Широт,[ix] Мориқа ва Маҳкама.[x] Онҳо ба ин лақабҳо розӣ ҳастанд, магар ба Мориқа, чунки Мориқ хориҷ шудан аз дин њамчун хориљ шудани тир аз камони шикорӣ аст.[xi]

Аз миёни уламо баъзе оғози шаклгирии хавориҷро аз замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам медонанд ва Зулхувайсираро, ки дар тақсим шудани тиллое, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу, онро аз Яман дар даруни як пусти покизашуда ё барги дарахти «силм» фиристода буд ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам эътироз кард, аввалин хавориҷ медонанд. Аз Абӯсаъиди Худрӣ, разияллоҳу анҳу, ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Алӣ ибни Абӯтолиб, разияллоҳу анҳу, миқдори тиллоеро, ки аз хоки маъданаш ҷудо нашуда буд дар даруни як пусти покизашуда барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристод». Ровӣ мегӯяд: «Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ онро байни чаҳор нафар тақсим кард, байни Уяйна ибни Ҳисн, Ақраъ ибни Ҳобис, Зайдулхайл ва нафари чаҳорум ё Алқама ибни Алоса ва ё Омир ибни Туфайл буд. Яке аз асҳоби ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: Мо барои ин тилло аз онҳо мустаҳақтар ҳастем». Ровӣ мегӯяд, ки: «Ин хабар ба гӯши Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам расид, ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Оё маро амин намедонед дар ҳоле, ки ман амонатдори Касе ҳастам, ки дар осмон аст ва субҳу шаб хабари осмонро барои ман меоварад». Ровӣ мегӯяд: «Марде аз он миён бо чашмони дар косаи сар фуру рафта ва рухсораҳои баромада ва пешонии барҷаста, ришғафсу сартарошида ва шалвор болозада бархост ва гуфт: «Эй Расулуллоҳ! Аз Худо битарс», фармуд: «Вой бар ту! Оё магар ман мустаҳиқтарини мардуми рӯи замин нестам, ки аз Худо битарсам?!». Ровӣ мегӯяд: «Сипас он мард рӯй баргардонд ва Холид ибни Валид гуфт: «Ё Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам! Оё иҷоза медиҳед гарданашро бизанам?» фармуд: «Не, шояд ӯ намозхон бошад». Холид гуфт: «Чӣ бисёр намозгузороне, ки бо забон чизҳое мегӯянд, ки дар қалбашон вуҷуд надорад». Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Ба ман амр нашудааст, ки дилу қалби мардумро бишкофам ва шикамашонро боз кунам».[xii]

Ровӣ мегӯяд: «Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ӯ нигарист дар ҳоле, ки пушт гардонида буд ва фармуд: «Ин аз табори қавме аст, ки китоби Худоро тиловат мекунанд, аммо аз ҳалқашон фурӯтар намеравад ва ҳамчун хориҷ шудани тир аз камони шикорӣ аз дин хориҷ мешаванд». Ровӣ мегӯяд: «Гумон мекунам, ки фармуд: «Агар ба онон бирасам онҳоро ҳамчун қавми Самуд хоҳам кушт».[xiii]

Ибни Ҷавзӣ дар бораи ин ҳадис мегӯяд: «Аввалин хавориҷ ва бадтарин навъи он Зулхувайсираи Тамимӣ аст. Дар як лафзи дигар омадааст, ки ӯ ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Иъдил», яъне «одил бош», фармуд: «Вой бар ту агар ман одил набошам, пас чӣ касе одил аст».[xiv]

Бинобар ин аввалин хориҷие аст, ки аз ислом хуруҷ кард ва офати он ин аст, ки ӯ ба раъй ва назари худ розӣ буд ҳарчанд, ки ӯ илм ба ин дошт, ки ҳеҷ раъй ва назаре болотар аз назари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам вуҷуд надорад ва пайравони ин мард ҳамон касоне ҳастанд, ки бо Алӣ ибни Абӯтолиб, разияллоҳу анҳу, ҷангиданд».[xv]

Аз ҷумла касоне, ки ишора ба ин карданд, ки аввалин хавориҷ Зулхувайсира будааст, Абӯмуҳаммад ибни Ҳазм аст[xvi] ва ҳамчунин Шаҳристонӣ дар китоби «Алмилал ва-н-ниҳал» њаминро зикр кардааст.[xvii]

Баъзе аз уламо муътақиданд, ки оғози хавориҷ бо хуруҷи бар зидди Усмон, разияллоҳу анҳу ва ҳодисаҳои фитнае, ки сабаби кушта шудани золимонаи ӯ шуд оғоз гардид ва ин фитнаеро, ки онҳо эҷод карданд фитнаи аввал номида шуд.[xviii]

Шореҳи Аттаҳовия мегӯяд: «Хавориҷ ва шиъаҳо фитнаи аввалро сохтанд»[xix] ва Ибни Касир ошӯбгаронеро, ки бар Усмон, разияллоҳу анҳу, шӯриданд ва ӯро ба қатл расониданд «хавориҷ» номид. Дар ҷое, ки дар зимни ёдоварии онҳо баъд аз куштани Усмон, разияллоҳу анҳу, мегӯяд: «Хавориҷ омаданд ва байтулмолро бурданд ва миқдори он зиёд буд».[xx]

Назар ва раъйи бартар дар бораи оғози пайдоиши хавориҷ:

Назар ва раъйи бартар дар бораи оғози пайдоиши хавориҷ ин аст, ки бо вуҷуди иртиботи қавӣ байни Зулхувайсира ва ошӯбгароне, ки зидди Усмон, разияллоҳу анҳу, хуруҷ карданд ва ҳамчунин хавориҷе, ки ба далели ҳакамият зидди Алӣ, разияллоҳу анҳу, хуруҷ карданд, истилоҳи хавориҷ ба маънои дақиқи калима фақат бар хуруҷкунандагон

ба далели ҳакамият мунтабиқ аст, зеро онҳо як гурӯҳ дар шакли тоифае дорои гароиши сиёсӣ ва назарҳои хосси худ буданд, ки як асари фикрӣ ва ақидаи ошкор ва равшанеро эҷод карданд ва ин баракси ҳолатҳои пеш аз он буд.[xxi]


Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

"Васатият"



Поёни қисмати аввал бо сомонаи мо бошед то аз кучактарин ҷузъиёти ин тойфа огоҳ шавед!


Пайнавишт -МАЪХАЗҲО



[i]. Маќолоту-л-исломийин 1/207.

[ii]. Алфаслу фи-л-милали ва-л-ањвои ва-н-нињал (2/113).

[iii]. Алмилалу ва-н-нињал.

[iv]. Њадю-с-сорї фӣ муќаддимати Фатњул-борї, с. 459.

[v]. Фатњул-борї 2/283.

[vi]. Аттанбињ ва-р-рад ъало ањли-л-ањвои ва-л-бидаъ, с. 47.

[vii]. Алхавориљ, Носирулаќл, с. 28.

[viii]. Ба ин далел ба ин ном номида шуданд, зеро дар оѓози корашон ба назди Њаруро рафтанд.

[ix]. Ба ин далел «Широт» номида шуданд, чунки гуфтанд: «Шарайно анфусано фӣ тоъатиллоњ» яъне: Мо љони худро дар муќобили итоати Худо ва расидан ба бињишт фурӯхтем.

[x]. Ба ин далел ба ин ном номида шуданд, зеро ду њукмро ќабул надоштанд ва гуфтанд: «Ло њукма илло лиллоњ».

[xi]. Маќолотул-исломийин 1/207.

[xii]. Маънояш ин аст, ки: Ба ман дастур дода шудааст, ки бар асоси зоњир ќазоват кунам ва Худованд масъули асрори дарун аст.

[xiii]. Бухорї 2/232 ва Муслим 2/742 онро истихрољ кардаанд.

[xiv]. Муслим онро истихрољ кардааст 2/740.

[xv]. Талбису иблис, с. 90.

[xvi]. Алфаслу фи-л-милали ва-л-ањваоӣ ва-н-нињал 4/157.

[xvii]. Алмилалу ва-н-нињал 1/116.

[xviii]. Аќидату ањли-с-суннати фи-с-сањоба 3/1141.

[xix]. Шарњу аќидату-т-Тањовия, с. 563.

[xx]. Албидоя ва-н-ниҳоя 7/202.

[xxi]. Фираќун муосира, Авољї 1/67; Хилофати Алї, Абдулњамид, с. 297.


Маълумот
Шӯъба: Сомона
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1719
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 13:49
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024