Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






10) Ҷанг байни Саҳоба. (Тазод дар ақидаҳ)




Ҷанг байни Саҳоба.

Нуқтае, ки бисёре аз бародарони аҳли ташаюъро ба иштибоҳ меандозад инаст, ки онҳо ҳатто як хаторо ҳозир нестанд ба Саҳоба бибахшанд ва гумон доранд, ки бояд ҳама корҳояшон хуб бошад ва иттифоқан ҳамин ақидаро дар мавриди Алӣ(р) доранд. Онҳо мепиндоранд, ки Алӣ(р) маъсӯм буда аст.

 Мо ҳаргиз ақида надорем, ки Саҳоба, аз ҷумла Алӣ(р) маъсум будаанд, балки муътақидем аз баъзе Саҳоба корҳои хатое сар зада аст. Мо дорем Саҳобаеро, ки дар ҷанги Бадр ҳозир буд, аммо барои ҳифзи хонааш ҳамлаи Паёмбар ба Маккаро ба куффор гузориш дода, вақте розаш бармало шуд, Паёмбар(с) аз ӯ пурсид: "Оё кофир шудӣ?" гуфт: "На эй Расули Худо! Имон ба Худо ва Расулаш дорам, танҳо ин тадбире буд барои ҳифзи хонаводаам дар Макка". Умар(р) иҷоза хост, то ӯро бикушад, аммо Паёмбар(с) гуфт: "Саҳобаи Бадриро Худо бахшидааст". Ёд дорем Саҳобае, ки аз ҷанг фирор карда, вале Худо онҳоро сароҳатан бахшидааст ва амсоли инҳо. Ман бо таваҷҷуҳ ба тарзи талаққии  олимони мазҳаби Шиъа, медонам, ки ҳоло нафаси роҳате мекашанд ва мегӯянд: (Падаромурзида! Охир худат қазовати моро кардӣ! ва ҳарфи моро задӣ!)

На, ман қазовати шуморо накардам, ман ҳарфи худамро задам. Ҳарфи мо инаст, ки ғайр аз ҳазрати Муҳаммад(с) бақияи инсонҳо, дар маърази хато ҳастанд. Мумкин аст гуноҳ кунанд, мумкин аст фатвои ғалат бидиҳанд, вале сарфи ин имкон, набояд моро водор кунад, ки ҳама гуноҳонро ба ҳама Асҳоб нисбат диҳем.

Гуфтам, ин иштибоҳи азими ташаюъ аст. Онҳо ғулӯ мекунанд ва мегӯянд: касе ки раҳбар аст, дигар ҳатто як гуноҳи сағира ё кабира набояд бикунад ва бар ин асос, айммаи худро бо Худованд муттасил карданд ва онҳоро ақли кул ва огоҳ ба тамоми улум ва донандаи ғайб низ медонанд, ҳатто мегӯянд: илми онҳо ладуннӣ аст, яъне касб накардаанд, балки Худо ба онҳо додааст. Онҳо корро ба ҷое расониданд, ки ҳатто имоми даҳуми худро, ки ҳашт сола буд, аз Паёмбаре, чун Иброҳим ё Мусо ё Исо(а) беҳтар медонанд.

Хуб ба чунин афроде, ки бачаи хаштсоларо аз Иброҳими Халилуллоҳ беҳтар медонанд, аввал бояд ин нуқтаро фаҳмонд, ки инсони маъсӯм аз хато дар ҷаҳон дар сурате метавонад вуҷуд дошта бошад, ки ба ваҳй муттасил бошад, ҳатто ҳазрати Муҳаммад(с), агар ваҳй ба кӯмаки эшон намеомад дучори хато мешуданд, масалан:

Рӯзе ҳазрати Умар(р) вориди утоқ шуд ва дид ҳазрати Муҳаммад(с) ва Абӯбакр(р), нишастаанд ва гиря мекунанд. Умар дар тааҷҷуб шуд ва гуфт бароям бигӯед, ки чӣ чиз шуморо ба гиря оварда, то ман ҳам ҳамроҳи шумо гиря кунам. Баъд маълум шуд, ки иллати гиря, нузули ояҳое буда, ки дар он ҳазрати Муҳаммад(с) мавриди итоб қарор гирифта, ки чаро тасмим ба озодии асирон дод. Ин пешниҳоди Абӯбакр буд, ин тасмим мавриди писанди Аллоҳ(ҷ) набудааст. Худованд(ҷ) мефармояд:

﴿لَوْلا كِتَابٌ مِنَ اللَّهِ سَبَقَ لَمَسَّكُمْ فِيمَا أَخَذْتُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ[1].

"Агар пеш аз ин аз ҷониби Худо ҳукме нашуда буд, ба сабаби он чӣ гирифта будед, азоби бузург ба шумо мерасид.".

Ва табиъист, ки Расули Худо фавран тасмими худро мутобиқи иродаи Илоҳӣ тағйир доданд.

Хуб ҷое, ки Паёмбар Худо(с),муносибтарин шахс ба мақоми раҳбарӣ буд, зеро Худованд ӯро аз байни ҳама мардум барои фиристодани охирин паёми худ, интихоб кард. Оре вақте шоистатарин фард агар ваҳй ба кӯмакаш намеомад, имкони иттихози тасмимоти ғалат аз ӯ мерафт, пас дигар аз Абӯбакру Умару Усмон ва Алӣ(р), чӣ тавр   интизор дошта бошем, ки дар тасмимоти худ ва дар афъоли худ, ҳатто як бор ҳам ба хато нараванд?

Гуфтем: Шиъа барои ҳалли  ин мушкили, Алӣ(р) ва айммаи дигари худро, муттасил ба ваҳй донистаанд, вале чун Қуръон фармудааст: Муҳаммад хотами Анбиё аст, онҳо барои он ки мувоҷеҳ ба ин эрод нашаванд, роҳи иттисоли Алӣ(р)  ва аймма бо Худоро, исман тағйир доданд ва шакли он албатта даст нахурдааст. Яъне омаданд гуфтанд: Алӣ(р) ба воситаи илҳом бо Худо тамос дошта ва барои он ки, касе ба онҳо нагӯяд: чаро номи ваҳйро илҳом гузоштед? Омаданд ва гуфтанд, ки: ваҳй ва илҳом фарқ доранд. Дар ваҳй Паймбар фариштаро медид ва дар илҳом, Алӣ(р)  фариштаро намедид ва фақат садояшро мешунид.

Оқил ҳам медонад, ки дидани фаришта чандон аҳамияте надорад. Асл ва мақсуд фаҳм аст. Муҳим иртибот бо Аллоҳ(ҷ) ба равиши Паёмбарон аст ва чун Алӣ(р) паёмбар набуд, ин нисбати нораво, ки Алӣ(р) аз он безор аст, набояд ба ӯ нисбат дод ва набояд номи ваҳйро илҳом гузошт ва қонуни худсохта дурӯст кард.

Ваҳй, яъне нузули каломи Илоҳӣ ба воситаи фаришта ва бе воситаи фаришта, чунон чӣ Худованд мустиқиман бо Мусо(а) суҳбат кард ва фариштае дар кор набуд, аммо боз мегӯем, ки ба Мусо(а) ваҳй нозил шуд ва мисли Шиъа, луғати дигареро барои ин амали иртиботи Илоҳии башар, ихтироъ намекунем ва каломе, ки ба Муҳаммад(с), ба воситаи фариштаи қобили руят нозил шуда, боз номаш ваҳй аст ва каломе, ки Алӣ(р) ба воситаи фариштаи ғайри қобили руят, нозил шудааст, боз номаш ваҳй аст. Бо бозии калимот наметавон далели шаръи дурӯст кард.

Пас агар Муҳаммад(с)ро, охирин Паёмбар бидонем, дигар наметавонем қабул кунем имоми 8 сола аз Паёмбаре чун Мусо(а), ки мустиқиман бо Худо дар иртибот буда, бартар бошад.

Дигар наметавонем иддаъо кунем, ки инсоне баъд аз ӯ, ақли кулл ва холӣ аз хато ва иштибоҳ буда аст, ва бояд бипазирем, ки имкон дорад аз авлиёуллоҳ, низ хатоҳо сар занад, фақат тафовути онҳо аз мардуми одӣ онаст, ки онҳо ҳар вақт, ки мутаваҷҷеҳи хатои худ шуданд, тавба мекунанд ва инстиғфор металабанд ва агар фатвои ғалате доданд, аз ҳарфи худ бар мегарданд ва Саҳоба низ азин қонун истисно набуданд.

Ин суханон мукаддимаест, барои ҷавоб ба ин суол, ки чаро Асҳоб бо ҳамдигар ҷангиданд? Худованд дар Қуръон мефармояд:

﴿وَإِنْ طَائِفَتَانِ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ اقْتَتَلُوا فَأَصْلِحُوا بَيْنَهُمَا فَإِنْ بَغَتْ إِحْدَاهُمَا عَلَى الْأُخْرَى فَقَاتِلُوا الَّتِي تَبْغِي حَتَّى تَفِيءَ إِلَى أَمْرِ اللَّهِ فَإِنْ فَاءَتْ فَأَصْلِحُوا بَيْنَهُمَا بِالْعَدْلِ[2].

"Агар ду гурӯҳе аз мӯминон бо ҳам ҷанг карданд, байни онҳо сулҳ ва оштӣ диҳед, пас агар яке бар дигаре таҷовуз ва эътидо кард, бо ӯ ҷанг кунед, то ба ҳукми Худо боз гардад ва вақте, ки ба ҳукми Худо баргашт, пас байни он дӯ гурӯҳ ба адл ислоҳ кунед.)

Аз зоҳири оят бар меояд, ки имкон дорад ду гурӯҳ бо ҳам ҷанг кунанд, дар ҳоле, ки ҳар ду тараф мӯмин бошанд ва имкон дорад мӯмине ба мӯмини дигаре таҷовуз ва зӯр бигӯяд. Албатта ин ба он маъно нест, ки  ҳоло ҳар куҷо, ки дидем ду гурӯҳ, ба номи мусалмон бо ҳам меҷанганд, ҳар дӯро мо мусалмон бидонем, ё як тарафро бидонем! На, мо бояд таҳқиқ кунем, пас бибояд равобити байни Саҳобаро зери зарабин бибарем.

Гуфтем: Саҳоба маъсӯм набуданд ва ба ҳукми ин, гоҳе кори онҳо ба мурофаъа ва даъво мерасид ва онҳо шикоят ба Расули Худо(с) мубурданд ва таслими фармони ӯ буданд. Кор дар замони Абӯбакру Умар ва Усмон(р), ба ҳамин минвол буд. Албатта гоҳе мешуд, ки Саҳоба аз раҳбарият норозӣ мешуданд, ё раҳбар аз афроди зердаст норозӣ мешуд, аммо ҷараён бар асоси қонуни Қуръон, ба таври табаъи пеш мерафт. Масалан Умар(р)  ба идомаи фармондиҳии Холид (ба далели ин, ки намехост мардум фикр кунанд, ки пирузӣ аз сӯйи ӯст, чун дар воқеъ пирузӣ аз ҷониби Худованд буд), мувофиқ набуд, ва аз Абӯбакр хост, то ки ӯро барканор кунад. Аммо Абӯбакр салиқаи дигаре дошт. Вақте ки Умар Халифа  шуд, Холидро барканор кард, аммо Холид қаҳр накард, ҳамчун як сарбози одӣ ба ҷиҳод идома дод. Вақте Усмон(р), халифа шуд, ҳазрати Алӣ(р), нисбат ба баъзе аз корҳо, эродҳо  ба эшон доштанд ва Усмон(р), намепазируфтанд, аммо Алӣ(р) шуриш ва инқилоб накард, тавтиъагарӣ накард, балки ҳатто писаронаш нигаҳбони амире буданд, ки Алӣ(р), ба ҳар ҳол аз сиёсат ва кишвардории ӯ норозӣ буд. Аввалин фитнаро касоне ба вуҷуд оварданд, ки Саҳоба набуданд, авбошони Миср, Халифаи саввумро шаҳид карданд ва Халифа дар ҳоле, ки қудрати дифоъ дошт, даст ба шамшер набурд ва иҷоза надод, касе даст ба шамшер бибарад. Ин фатвои эшон буд. Аммо пас аз марги эшон Саҳобае, ки аз амали Мисриёни авбош, ба хашм омада буданд, дигар монеъе барои даст бурдан ба шамшер надиданд ва ҳар кас ба гушае рафт, то нерӯе ҷамъ кунад ва авбошонро гушмоле (сазое) диҳад.

Ногуфта нагузарем, ки пас аз шаҳодати Халифаи савум, Асҳоб, аз ҷумла шуришиёне, ки бар шаҳр тасаллут доштанд, бо Алӣ(р) байъат карданд. Алӣ(р) бар асоси фатвои худ, тасмим гирифт корҳоро яке яке ислоҳ кунад. Чун Муъовия хокими Шом зери бори байъат намерафт, лизо Алӣ(р) сазо додани қотилоти Усмонро, ба он далел ва ба як далели муҳимтар ба ақиб андохт. Далели муҳимтар ин буд, ки Алӣ(р) нерӯи кофӣ барои муқобала бо онҳоро надошт, заро нерӯҳои содиқ пароканда шуда буданд ва контроли авзоъ  аз даст рафта буд ва барои ба назм овардани умур эҳтиёҷ ба замон буд. Ин ҷо ихтилоф байни Саҳоба шурӯъ шуд. Ҳазрати Ойша ва Талҳа ва Зубайр, исрор бар муҷозоти фаврии қотилони Усмон(р), доштанд ва нерӯе гирд оварданд, то ба заъми худ қотилонро бикушанд. Онҳо мақсади ҷанг бо Алӣ(р), надоштанд. Вақте, ки ду лашкар рубарӯ шуданд, кор бо музокира кашид, аммо фитнагароне, ки дар ду тараф буданд, шабона ҷангро шурӯъ карданд ва контрол аз дасти Саҳоба(р) хориҷ шуд ва оташи ҷанг бо пирӯзии ҳазрати Алӣ(р) муваққатан хомуш шуд, Талҳа ва Зубайр шаҳид шуда буданд ва Ойша(р) асири Алӣ(р) буд ва аз ду тараф куштаҳои мусалмонон заминро фарш карда буд.

Аз рафтори Алӣ(р) мо пай мебарем, ки даъвои Саҳоба як даъвои фиқҳие буда ва бар сари умури дунявӣ набудааст. Ҳазрат ба қотили Зубайр, ки хабари марги ӯро бо ҳамроҳи шамшераш оварда буд, то муждае бигирад, мужда ба ҷаҳаннам дод ва гуфт: Аз Паёмбар(с) шунида будам:  "қотили Зубайр ҷаҳанамӣ аст" ва мард ба ғазаб омада ва баъд ба гурӯҳи Хавориҷ пайваст ва кушта шуд. Ҳазрат ба писари Талҳа гуфт: Умедворам, Худо маро бо падарат шомили ин оёт гардонад:

﴿إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ ادْخُلُوهَا بِسَلامٍ آمِنِينَ وَنَزَعْنَا مَا فِي صُدُورِهِمْ مِنْ غِلٍّ إِخْوَاناً عَلَى سُرُرٍ مُتَقَابِلِينَ[3].

"Ба яқин, парҳезгорон дар боғҳои (сарсабзи биҳишт) ва дар канори чашмаҳо ҳастанд, (фаришатагон ба онҳо мегӯянд) дохил ин боғҳо шавед бо саломат ва амният! ҳар гуна ғил (ҳасад, кина ва душманӣ)ро аз синаи онҳо дӯр мекунем (ва руҳашонро, пок месозем), дар холе, ки ҳама бародаранд ва бар тахтҳо ру ба руйи якдигар қарор доранд".

Ҳазрат, ҷасади куштагони ҳар ду тарафро як ҷо қарор дода ва ба онҳо намози ҷаноза хонд. Ҳадди ақал Шиъа муътақид аст, ки касе Алӣ(р) барояш мағфират биталабад, биҳиштӣ аст. Фитнагарон дар сипоҳи Алӣ(р), хостанд амволи мусалмонон шикастхурдаро ба яғмо баранд, Алӣ(р) манъ кард ва аз миёни лашкари Алӣ(р) онҳое, ки баъд Хавориҷ шуданд, гуфтанд: Молашонро ҳаром кардӣ ва хунашонро халол. Аммо Алӣ(р) ҳамчунон муътақид буд, ки ин фитнаест, ки байни аҳли қибла рӯх додааст.

Ин рафтори Алӣ(р) бо касоне, буд ки мурданд. Алӣ(р) наметавонист коре беш аз ин барояшон бикунад, аммо бо Ойша(р), ҳамсари Расули Худо(с) ба унвони муҳориби Худо ва Расулаш рафтор накард, Ӯро зиндонӣ накард ва таҳти назар нагирифт. На Ӯро ва на ҳеҷ мусалмони дигареро, чунин накард. Ба ҳазрати Ойша(р) наздик шуд ва салом дод, ҷавоб шунид, барои Ӯ истиғфор талабид, Ойша(р) низ барояш истиғфор хост, пас амр кард: Занон либоси мардона бипушанд ва ҳарами Расули Худоро бо эҳтиром, ба Мадина баргардонанд ва Алӣ(р), ҳаргиз аз минбар барои кубидани Ойша(р) истифода накард. Ӯ ҳаргиз нагуфт, ки Талҳа ва Зубайр ба биҳишт намераванд. Ӯ бар иттифоқи афтода, афсӯс мехурд, ҳамчуноне, ки Ойша(р) чунин мекард. Мо агар рост мегӯем, бояд чун Алӣ(р) бошем, агар Алӣ(р) Ойша(р)ро фаҳш дод, мо ҳам бидиҳем. Чаро баъзеҳо аз Алӣ(р) ҳам доғтаранд, дурӯст мисли Хавориҷ, ки мехостанд моли кушташудагонро низ бигиранд.

Дар ҷанг байни Саҳоба, шакке нест, ки ҳазрати Алӣ(р) ҳақтар буданд, чунки эшон аз ҷумлаи Саҳобаи Кибор ва аз даҳ нафари башоратдода ба биҳишт маҳсуб мешуданд ва бар ҳар ҳол ба Хилофат интихоб шуда буданд ва нуқтаи заъфе надоштанд, вале мухолифон ҳам барои мухолифати худ, далоили шаръи доштанд. Онҳо ба баъзе аз атрофиёни Алӣ(р) мухолиф буданд ва эроди онҳо ҳам дурӯст буд, зеро дар миёни сипоҳиёни Алӣ(р) афроде буданд, ки сифоти мунофиқинро доштанд, яъне: дар ҷангҳо, харобкорӣ мекарданд ва даст ба фитна мезаданд. Ҳамонҳо дар шабе, ки қарор буд фардояш барои ҷалавгирӣ аз ҷанг байни ҳазрати Алӣ(р) ва ҳазрати Талҳа ва Зубайр музокира шавад, оташи фитнаро равшан карданд ва шабона ба сипоҳи мухолиф заданд ва боъиси ба шаҳодат расидани Талҳа ва Зубайр(р), шуданд. Ҳамонҳо баъдтар дар ҷанги Сиффин вақте, ки ҳазрати Алӣ(р) дар остонаи пирӯзи қарор дошт, ба кӯмаки Муъовия(р) шитофтанд ва Алӣ(р) дар муҳосира гирифтанд ва ӯро маҷбӯр карданд, ки тан ба сулҳ диҳад, то мабодо сарзамини Исломӣ якпорча шавад ва ду бора футуҳоти хориҷӣ идома ёбад, боз ҳамонҳо баъд аз Сиффин чун диданд Алӣ(р)  мусаммам аст сарзамини Исломиро агар ба музокира нашуд, бо зур якпорча кунад, аз дари мухолфат бо ӯ даромаданд ва ӯро кофир донистанд ва ба куштани мухлисин шурӯъ карданд.

Дар ниҳоят Алӣ(р) маҷбур шуд ба интиқоми як Саҳобаи мазлӯм, ба ёрони собиқи худ ҳамла кунад ва 4000 нафарро дар Наҳравон бикушад, вале яке аз онҳо, ки ҷон ба саломат бурда буд, билохира муваффақ шуд, ки ҳазрати Алӣ(р)ро ба шаҳодат бирасонад. Аммо Алӣ(р) қабл аз шаҳодат дар ниҳоят, бо куштани 4000 нафар аз ёрони собиқи худ (Хавориҷ) дар ҷанги Наҳравон кореро кард, ки Талҳау Зубайр ва Ойша(р) ва дигарон қаблан хостори он буданд. Агар Алӣ(р) фурсат медошт, пеш азин даст ба поксозӣ мезад, аммо чӣ мешавад кард, ки башар маъсум нест, агар чӣ Саҳоба бошад. Ёрони дигари Паёмбар(р), салиқаи ҷудогонае доштанд ва Алӣ(р), фурсат наёфт ва ба вуқуъ пайваст он чӣ набояд мепайваст.

Аммо, инҳоро набояд баҳона кард ва тарафи дигарро кофир гуфт, зеро аввалан онҳо мухолифи Алӣ(р) набуданд, ва сониян: Алӣ(р), онҳоро кофир намедонист ва тоза ин ҳеҷ рабте ба Абӯбакру Умар ва Усмон(р), ки пештар даргузашта буданд, надорад ва боз рабте ба масъалаи ҷонишинии Паёмбар(с) надорад. Таваҷҷуҳ кунед ҳатто фарди мӯхлисе, чун Абӯ Мусо Ашъарӣ(р), ки дар рикоби он ҳазрат меҷангид, дар ҷанги Сиффин вақте, ки кор ба ҳукмият расид, бо он ки намоянда ва мавриди эътимоди ҳазрати Алӣ(р) буд, салоҳи Исломро дар ин дид, ки ҳазрати Алӣ(р) ва Муъовия(р) ҳар ду барканор шаванд, ва Саҳобаи дигаре Халифа гардад. Агар Абӯ Мусо(р) муътақид мебуд, ки Алӣ(р) аз тарафи Худо ба ин мақом рисидааст, кай ба худ чунин ҷуръате медод.

Имрӯз ташаюъ ҳазрати Абӯ Мусоро пирамарди аҳмак медонанд, аммо ин тавр нест. Ҷое нашунидаам, ки ҳазрати Алӣ(р) дар интихоби Абӯ Мусо(р), таҳти фишор буда бошад. Ӯ худ Абӯ Мусоро ба намояндагӣ интихоб кард, пас ҳатман ба тақво ва ақли Ӯ итминон дошт ва он гаҳ кори Абӯ Мусо(р), беҳтар аз кори имом Хусан(р) буд, агар Ӯ Алӣ(р)ро барканор кард, Муъовияро низ барканор кард вале, имом Ҳасан худро барканор кард ва ҳукумати Муъовия(р)ро пазируфт, пас бар Абӯ Мусо(р) эроде нест, ҳамчуноне ки бар имом Ҳасан шамотате (душмание) нест. Ҳадафи он ду бузӯргвор, якпорча кардани  кишвари Исломӣ буд.

Аз баҳс дӯр нашавем! Мақсудам ин буд, ки даъвои байни Саҳоба рабте ба он чӣ, ки мазҳаби Шиъа асосашро бар он қарор дода, надорад ва набояд аз ин руйдоди тарихӣ суистифода кард.

 






:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024