Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






11) Дӯстдори Аҳли Байт кист? (Тазод дар ақидаҳ)





Дӯстдори Аҳли Байт кист?

Олимони мазҳаби Шиъа кутуби зиёде дар бораи Аҳли Байт навиштаанд. Онҳо дӯстии Оли Алӣ(р)ро аз бузӯргтарин ифтихори хеш мешуморанд. Баёед бубинем, то чӣ андоза дар ин иддаъо содиқанд.

Нахӯст бояд Аҳли Байтро шинохт! Аз назари онҳо, Аҳли Байт дар дараҷаи аввал, яъне Алӣ ва Фотима ва Ҳасан ва Ҳусайн(р) ва дар марҳалаи баъди, фарзандони онҳо, ба хусус аз насли Ҳусайн.

Аммо ин тақсимбандӣ нодурӯст аст. Дар ҳавза ва доираи (Аҳли Байт), ашхоси зер низ шомиланд:

Занони Паёмбар(с) ва Аҳли Байт, яъне аҳли хона. Пас ҳар дӯстдори Паёмбар(р) бояд худ бингарад, ки дар хонаи эшон, чӣ касоне зиндагӣ  мекарданд.

Дар хонаи Паёмбар(с) ҳамсрон ва духтарони эшон мезистанд. Духтарон шавҳар карданд ва  рафтанд ва монданд занҳои эшон ва қонуни зиндагӣ инаст, ки дар хонаи ҳар марде билохира фақат зан боқӣ мемонад. Хоҳару духтар ва модар дар хонаи худ мебошанд, ё мераванд. Албатта агар марде фавт кунад, он вақт занаш низ шояд ба хонаи марди дигаре равад, аммо дар мавриди ҳазрати Муҳаммад(с), занонашон,  на фақат дар ҳаёт, балки пас аз реҳлати он Ҳазрат низ, дар хонаи эшон монданд ва то охири умр, на шавҳари дигаре ихтиёр карданд, на ба хонаи дигаре рафтанд. Ҳоло агар касе чун кабк, сари худро дар барф фуру барад ва аз ҳақоиқ бигрезад, дар асли ҳақикат тағйире пайдо намешавад.

Аллоҳ(ҷ) дар Қуръон ҳар ҷо, ки ҳукми Аҳли Байтро оварда, аксаран қасдаш зан ва ҳамсар будааст. Қиссаи Лӯт(а)ро бихонед, дар қиссаи Иброҳим ва Нӯҳ ва ҳар моҷарои дигаре, ки зикр аз Оли Лӯт ва Оли Иброҳим(а) шуд, мақсуд ҳамсар ҳам будааст, масалан диққат кунед:

﴿قَالُوا إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَىٰ قَوْمٍ مُّجْرِمِينَ ﴿٥٨﴾ إِلَّا آلَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمْ أَجْمَعِينَ ﴿٥٩﴾ إِلَّا امْرَأَتَهُ قَدَّرْنَا ۙ إِنَّهَا لَمِنَ الْغَابِرِينَ ﴿٦٠﴾[1].

"(Фариштагон) гуфтанд: мо ба сӯйи қавми гунаҳкор фиристода шудаем, (то онҳоро ҳалок кунем)! магар Оли Лӯт, ки ҳамам онҳоро наҷот хоҳем дод, ба ҷӯз ҳамсараш, ки муқаддар доштем аз бозмондагон (дар шаҳр ва ҳалокшудагон) бошад!".

Агар зан аз Аҳли Байт намебуд, далеле барои он тавзеҳи изофи ва истисно кардани зан наметавон ёфт.

Дар моҷарои ҳазрати Иброҳим(а) вақте, ки фариштагон ба дидани эшон омаданд, масъалаи Аҳли Байт ва шумулияти ҳамсар дар он ба таври барҷаста намоён аст.

Фариштагон вақте, ки ба дидани Иброҳим(а) омаданд, ҳазрат дар хона, маҳали иқомати хеш, фарзанде надошт. Хонаводаи ӯ дар он ҷо аз худи ӯ ва Соро иборат буд. Фариштагон он гоҳ, ки қиссаи худро баён карданд, дар пай он афзуданд: "Эй Иброҳим! Туро башорат медиҳем ба фарзанд. Вақте занаш ин ҳарфҳоро шунид тааҷҷуб кард. Фариштагон гуфтанд:

﴿قَالُوا أَتَعْجَبِينَ مِنْ أَمْرِ اللَّهِ رَحْمَتُ اللَّهِ وَبَرَكَاتُهُ عَلَيْكُمْ أَهْلَ الْبَيْتِ إِنَّهُ حَمِيدٌ مَجِيدٌ[2].

"Оё аз амр ва ҳукми Худо таъаҷҷуб мекунӣ, бахшоиш ва баракоти ӯ бар шумо аҳли хона аст ва ба дурӯстие, ки ӯ сутуда ва бузургвор аст.)

Пас азин оят маълум мешавад, ки манзур аз Аҳли, зан ва ҳамсар аст, зеро дар хонаи Иброҳим(а) ғайр аз зан ва шавҳар каси дигаре набуд ва илова бар ин, мухотаби оят низ ҳамсари Паёмбар аст.

﴿قَالُوا أَتَعْجَبِينَ مِنْ أَمْرِ اللَّهِ

"Оё аз амр ва ҳукми Худо таъаҷҷуб мекунӣ!, (أَتَعْجَبِينَ) яъне эй зан! ту таъаҷҷуб мекунӣ. Агар мақсуд Иброҳим мебуд, бояд мефармуд: (أَتَعْجَب), зеро пасоянди (ي) ва (ن) дар Арабӣ, барои зан аст.

Бо ин тафосил, дигар чаро олимони Шиъа занони Паёмбарро аз Аҳли Байт намедонанд?. Оё Қуръонро қабул надоранд?. Мусалламан қабул доранд, пас чаро ин ақидаи аҷиб ва ғариб ва мутазодро бовар доранд. Ин ояти маъруфро ҳатман шунидаанд:

﴿إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيراً[3].

"Дар ҳақикат Худованд ирода дорад, то ҳатман аз шумо Аҳли Байт палидиро, дӯр кунад ва шуморо комилан пок кунад".

Олимони Шиъа мегӯянд, ки ин оят марбут ба Алӣ(р)  ва Фотим ва Ҳасану Ҳусайн(р) аст, дар ҳоле, ки ин оят мақсудаш занони Паёмбар аст, манзураш  албатта духтарони Паёмбар(с) ва домодони эшон низ ҳастанд, аммо Паёмбар фақат як духтар надошт, ду духтари дигари эшон, яке пас аз дигаре ҳамсари ҳазрати Усмон(р) буданд. Инро гуфтем қабул дорем. Аммо ояти аввал мухотабаш ва манзураш занони Паёмбар(с) аст, зеро сиёқи оёт чӣ дар қабл ва чӣ дар баъд, башорати пок кардани Аҳли Байт, мутаваҷҷеҳ ва хитоб ба занони Паёмбар аст, на духтарони ӯ, таваҷҷуҳ кунед:

﴿يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُل لِّأَزْوَاجِكَ إِن كُنتُنَّ تُرِدْنَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا فَتَعَالَيْنَ أُمَتِّعْكُنَّ وَأُسَرِّحْكُنَّ سَرَاحًا جَمِيلًا ﴿٢٨﴾ وَإِن كُنتُنَّ تُرِدْنَ اللَّـهَ وَرَسُولَهُ وَالدَّارَ الْآخِرَةَ فَإِنَّ اللَّـهَ أَعَدَّ لِلْمُحْسِنَاتِ مِنكُنَّ أَجْرًا عَظِيمًا ﴿٢٩﴾ يَا نِسَاءَ النَّبِيِّ مَن يَأْتِ مِنكُنَّ بِفَاحِشَةٍ مُّبَيِّنَةٍ يُضَاعَفْ لَهَا الْعَذَابُ ضِعْفَيْنِ ۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّـهِ يَسِيرًا ﴿٣٠﴾ وَمَن يَقْنُتْ مِنكُنَّ لِلَّـهِ وَرَسُولِهِ وَتَعْمَلْ صَالِحًا نُّؤْتِهَا أَجْرَهَا مَرَّتَيْنِ وَأَعْتَدْنَا لَهَا رِزْقًا كَرِيمًا ﴿٣١﴾ يَا نِسَاءَ النَّبِيِّ لَسْتُنَّ كَأَحَدٍ مِّنَ النِّسَاءِ ۚ إِنِ اتَّقَيْتُنَّ فَلَا تَخْضَعْنَ بِالْقَوْلِ فَيَطْمَعَ الَّذِي فِي قَلْبِهِ مَرَضٌ وَقُلْنَ قَوْلًا مَّعْرُوفًا ﴿٣٢﴾ وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَىٰ ۖ وَأَقِمْنَ الصَّلَاةَ وَآتِينَ الزَّكَاةَ وَأَطِعْنَ اللَّـهَ وَرَسُولَهُ ۚ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّـهُ لِيُذْهِبَ عَنكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا ﴿٣٣﴾ وَاذْكُرْنَ مَا يُتْلَىٰ فِي بُيُوتِكُنَّ مِنْ آيَاتِ اللَّـهِ وَالْحِكْمَةِ ۚ إِنَّ اللَّـهَ كَانَ لَطِيفًا خَبِيرًا ﴿٣٤﴾[4].

"Эй Набӣ! Ба ҳамсаронат бигӯ: агар дӯнё ва зинаташро мехоҳед, биёед то бо ҳадяе, шуморо баҳраманд созам ва шуморо ба тарзи некуӣ раҳо созам! Ва агар шумо Худо ва Паёмбараш ва сарои охиратро мехоҳед, Худованд барои некукорон, подоши бузӯрге омода сохтааст. Эй ҳамсарони Паёмбар! Ҳар кадоми аз шумо, гуноҳи ошкор ва фоҳише муртакиб шавад азоби ӯ дучанд хоҳад буд ва ин барои Худо осон аст ва ҳар кас аз шумо барои Худо ва Паёмбараш, тавозӯъ ва амали солеҳ анҷом диҳад, подоши ӯро дучанд хохем сохт ва рӯзии пурарзише барои ӯ омода кардаем. Эй ҳамсарони Паёмбар! шумо мисли дигар занони маъмулӣ нестед, агар тақво пеша кунед, пас ба гунаи ҳавасангез сухан нагӯед, ки бемордилон дар шумо тамаъ кунанд ва сухани ношоиста бигӯянд! ва дар хонаҳои худ бимонед ва ҳамчун даврони ҷоҳилияти нахустин (дар миёни мардум) зоҳир нашавед ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва Худо ва Расулашро фармонбардорӣ кунед, Худованд фақат мехоҳад палидӣ ва гуноҳро аз шумо, Аҳли Байт дӯр кунад ва комилан шуморо пок созад. Он чӣ дар хонаҳои шумо аз оёти Худованд ва ҳикмату дониш хонда мешавад, ёд кунед, Худованд латиф ва хабир аст".

Дар аввали ин оёт чунон чӣ дидед, Худо ба Паёмбар(с) мегӯяд: Ба занони худ бигӯ: Агар дӯнё ва зинаташро мехоҳед, биёед то шуморо талоқ бидиҳам ба роҳи неку, вале ҳама медонед, ки ҳеҷ кадоме аз занҳо хостори талоқ нашуданд. Яъне дӯнё ва зинаташро нахостанд. Ва боз чунон чӣ дидед, ояти қабл аз поксозии Аҳли Байт ва баъд аз он, марбут ба занон Паёмбар аст ва ман намедонам баъзеҳо бо чӣ равише, ин оятро ба Фотимаву Ҳасан ва Ҳусайн, марбут медонанд?

Бо ин далели сареҳ ва равшан бояд бипазирем, ки занони Паёмбарро Худаванд(ҷ) пок қарор дода аст, чунки ирода карда ҳатман пок кунад ва Худо ҳар чӣ ирода кунад, шуданист.

Мояи таъссуф аст, ки дӯстдорони Аҳли Байт ба Аҳли Байти Расули Худо, бад мегӯянд. Аҳли Байти Расули Худо илова бар он ки шарики зиндагии эшон буданд, тавассути Рабилоламин ба лақаби "Умулмӯминин" (модари мӯминон), низ муфтахир шуданд. Онҳо бо як диди дигар аз ҷумлаи Саҳобиёт ҳам буданд, пас чӣ гуна метавон Умулмӯмининро мунофиқ хонд, ё чӣ гуна мумкин аст, Умулмӯминин, (модари мӯминон) мунофиқ бошад?

Фикр кунед! Фарде худро дӯстдори шумо бидонад, аммо дар малаи ом, ба ҳамсаратон бад ва бераҳа бигӯяд, оё бовар мекунед, ки ӯ содиқ бошад. Ин айни корест, ки баъзеҳо дар ҳаққи Набии Акрам мекунанд, он ҳам баъд аз он ки Худованд ба покии онҳо, гувоҳии онҳоро дода, ин корро мекунанд.



[1] : Сураи Ҳиҷр 58-59-60

[2] : Сураи Ҳуд 73

[3] : Сураи Аҳзоб 33

[4] : Сураи Аҳзоб 28-34



Тазод дар ақидаҳ
Нависанда: Муҳаммад Боқир Саҷҷӯдӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 548
-0 ---
: 14:57
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2019