Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оё медони, ки дарозтарин ояти Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 320



Теги

Дӯстон






12) Достони тӯҳмат ба ҳазрати Ойша(р) (Тазод дар ақидаҳ)





Достони тӯҳмат ба ҳазрати Ойша(р)

Ҳазрати Паёмбар(с) дар ҳар сафар яке аз ҳамсарони хешро ҳамроҳ мебурданд. Дар бозгашт аз сафаре, ҳазрати Ойша(р) ҳамроҳи эшон буданд ва дар яке аз истироҳатгоҳҳои масири роҳ, ҳазрати Ойша аз каҷова (утоқе ки бар рӯйи шутур қарор медоданд), хориҷ шуданд ва барои қазои хоҷат аз корвон дур рафтанд. Ноқуси ҳаракат дар ин байн ба садо даромад ва шутурбон каҷоваро бар болои шутур қарор дод, ғофил аз ин, ки Ойша дар миёни он нест ва сорбон корвонро ба ҳаракат даровард. Ойша(р) вақте баргашт, дид ки корвон рафтааст, чун яқин дошт ба дунболаш хоҳанд омад, дар ҷой худ нишаст.

Қонун ин буд, ки ҳамеша пушти сари корвон ва бо фосила, фарде ҳаракат мекард, то чӣзҳои боқимондаро, ҷамоварӣ кунад. Дар он сафар ин вазифа ба ҳазрати Сафвон вогузор шуда буд. Ӯ вақте, ки ба пеши Ойша(р) расид гуфт: (Субҳоналлоҳ, зани Расули Худо) ва дигар бидуни он ки калимае бигӯяд, шутурро хобонд, то Ойша(р) бишинад ва даҳонаи шутурро гирифт ва ҳаракат кард, то ба Мадина расид. Аммо ин иттифоқи содда, сюжети хубе барои мунофиқон буд, ки бигӯянд: Бале зан ҷавон аст ва марди ҷавон ва аз ин гӯна суханҳо, ки қалам ҷасорати навиштани онро надорад. Аммо ҳарфҳо паҳн шуд, то он ки оёти бароъат ва покии Ойша(р) дар сураи Нӯр нозил шуд ва дар қисмате аз оёт омад:

﴿إِنَّ الَّذِينَ يُحِبُّونَ أَنْ تَشِيعَ الْفَاحِشَهُ فِي الَّذِينَ آمَنُوا لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ﴾[1].

"Касоне, ки дӯст доранд зиштиҳо дар миёни мардуми бо имон паҳн шавад, азоби дардноке барои онҳо, дар дӯнё ва охират аст ва Худованд медонад ва шӯмо намедонед".

Дар ҳамин робита Худованд мефармояд:

﴿وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ بِغَيْرِ مَا اكْتَسَبُوا فَقَدِ احْتَمَلُوا بُهْتَاناً وَإِثْماً مُبِيناً[2].

"Ва онон, ки мардон ва занони бо имонро ба хотири коре, ки анҷом надодаанд, озор медиҳанд, бори буҳтон ва гуноҳи ошкореро ба дӯш кашидаанд".

Ба ҳар ҳол, мо ин оётро наовардем, ки ҳазрати Ойшаро аз байни занон, мубарро кунем. Хушбахтона дар ин маврид касе бо мо ихтилоф надорад. Мо оятро шоҳид овардем, то матлаби дигаре аз он гувоҳ биёварем. Нахӯст инро бигӯям, ки Шиъа низ дар ин ки оёти боло дар ҳаққи Ойша(р) аст, бо мо муттафиқ аст, пас таваҷҷуҳ кунед, Худованд чӣ мефармояд:

﴿وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ[3].

"Касоне, ки (бо туҳмат) занон ва мардони мӯминро озор медиҳанд". Манзӯр аз мӯминот дар ин ҷо ҳазрати Ойша ва аз мӯминин ҳазрати Сафвон аст, пас Худо, ки онҳоро аз зумраи мӯминин ва мӯминот меномад, оё бароямон ҳаққе боқӣ мемонад, ки эшонро кофир ё мунофиқ бидонем.

﴿إِنَّ الَّذِينَ يَرْمُونَ الْمُحْصَنَاتِ الْغَافِلاتِ الْمُؤْمِنَاتِ لُعِنُوا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَهِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ[4].

"Касоне, ки занони покдоман ва бехабар (аз ҳар гуна олӯдагӣ) ва мӯминро муттаҳам месозанд, дар дӯнё ва охират аз раҳмати Илоҳӣ дӯранд ва азоби бузӯрге барои онҳост".

Манзур аз муҳсанот, мӯминот ва ғофилот, ҳазрати Ойша(р) аст, пас мо чӣ гуна баъд аз он ки Худо(ҷ), ба Ойша лақабҳои азим медиҳад, ҳатто агар яке аз он дар ҳаққи ҳар зани дигаре нозил мешуд, барои ифтихораш кофӣ буд, чӣ гуна баъд аз ҳамаи инҳо ба Ойша бад мегӯем? ва ӯро мунофиқа ва муғриз мешиносем?

Бозгуйи ин моҷаро дар Қуръон, бо ояте поён меёбад, ки агар мусалмонон бо диққат ба он таваҷҷӯҳ кунанд, дигар аз миёни онҳо касе пайдо нахоҳад шуд, ки дар ҳаққи ҳазрати Ойша(р) забондарозӣ кунанд, магар он ки ба ном мусалмон ва дар дил мунофиқ бошад, магар он ки ба Қуръон имон надошта бошад, оят мефармояд:

﴿الْخَبِيثَاتُ لِلْخَبِيثِينَ وَالْخَبِيثُونَ لِلْخَبِيثَاتِ وَالطَّيِّبَاتُ لِلطَّيِّبِينَ وَالطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَاتِ أُولَئِكَ مُبَرَّأُونَ مِمَّا يَقُولُونَ لَهُمْ مَغْفِرَهٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ.[5]

"Занони нопок, азони мардони нопаканд ва мардони нопок, низ ба занони нопок таъаллуқ доранд, ва занони пок азони мардони пок ва мардони пок азони занони поканд! Инҳо аз нисбатҳои норавое, ки (нопокон) ба онон медиҳанд, мубарро ҳастанд, ва барои онон омурзиш, (Илоҳӣ) ва рӯзии пурарзише аст".

Ин оят яъне чӣ? Яъне агар Ойша(р) хабис буд, бояд насиби хабис мешуд ва агар тайиба ва пок буд, бояд ҳаққи тайиб ва пок мешуд ва ин оят дар бораи Ойша(р) аст, зеро аз бароъати ӯ аз тӯҳмат суҳбат мекунад.

Хуб одамҳои ҳисобӣ! Ойша(р) насиби ки буд, аз лаҳзаи булӯғ насиби Паёмбар(с) шуд ва Паёмбар(с) дар ҳоле аз ҷаҳони фонӣ реҳлат намуд, ки сарашон  дар бағали Ойша(р) буд ва пас аз вафоти Расули Худо(с), ҳазрати Ойша(р) то охири умр, шавҳар ҳам накард ва дар ҳамон утоқе, ки даҳ сол бо Паёгамбар(с) сипарӣ карда буд, боқии умро низ дар он ба сар бурд, ва Паёмбар(с) дар ҳаққи ӯ фармудааст, ки: "Ӯ зани ман дар биҳишт аст".

Ва ин равшантар аз офтоб аст, ки баъд аз Хадиҷа(р), Ойша(р) беш аз занони дигар азиз ва мавриди таваҷҷуҳи Паёмбар(с) будааст. Рӯзе, ки ифтиро задан ба Ойша вирди забон шуд, ҳазрати Умар(р) ба ҳазрати Муҳаммад(с) арз кард: Эй Расули Худо(с)! Ёд дорӣ, ки боре дар намоз либосат олудагӣ дошт ва Ҷибрил(а) ба ту хабар дод, хуб Худое, ки розӣ нашуд олудагиро дар либосат бубинад, чӣ тавр имкон дорад, ки ҳамсарат, шарики зиндагиятро, олӯда бубинад ва хабар надиҳад. Ҳазрати Умар(р) дар поёни ин ҷумла фарёд зад: (هذا بهتان عظيم), яъне: "Ин ифтирои хело бузӯрг аст", ва Худованд(ҷ) оятро нозил кард ва ҳарфи Умарро таъйид фармуда ва айнан такрор кард. Дар оят омадаст, ки (هذا بهتان عظيم) сураи Нӯр, ояти 16.

Куҷост Умар, то имрӯз бубинад, ки бархе аз муслимин ба ҳазрати Ойша(р) тухмати бузӯргтар аз зиноро нисбат медиҳанд, ба Умулмӯминин иттиҳоми куфр ва нифоқ ва иртидодро меоваранд? Куҷост Умар(р) то наъра бизанад: (سبحانك هذا بهتان عظيم)

Ҳоло, ки ӯ нест, биёед эй мусалмонон! яксадо барои ҳифзи номуси Паёмбар бигӯем? (سبحانك هذا بهتان مبين), (Пок ҳастӣ эй Худованд! ин бухтони басо бузӯргест).

Баъзе аз донишмандони Шиъа, ки илми хешро дар роҳи рушди мардум ба кор намегиранд, мисоли аҷибе меоранд ва мегӯянд: (Ин чизи нав нест, ки зани Паёмбаре фосид бошад, пеш аз ин зани ҳазрати Лӯт ва зани ҳазрати Нӯҳ(а) нобакор буданд).

Онҳо дар ин далелтарошӣ, ба ҳамон шеваи аҷиб, яъне қиёси худ мутавасил мешаванд. Дар ҷавоб бояд гуфт: Ин ку ҳарф нашуд!  Агар зани ҳазрати Лӯт ва хазрати Нӯҳ фосид буданд, чӣ рабте ба зани Паёмбар дорад. Бо ин истидлол, чаро зани ҳазрати Алӣ(р) набошад (астағфируллоҳ). Мо ҳоло гуфтем, ки Худо олудагиро бар домони Паёмбари хеш таҳаммул намекунад ва бо ҳамин далел аст, ки зани Нӯҳ(а)ро ғарк кард ва бар сари зани Лӯт(а) борони оташ борид, аммо бо зани Муҳаммад(с), чӣ кард? Муҳаммад(с) то лаҳзаи марг дар утоқи Ойша(р) дар канори Ӯ буд.

Худо дар бораи зани Паёмбари мо ҷӯз хубӣ нафармудааст. Охир инҳо чӣ ваҷҳи ташобуҳе байни ҳазрати Ойша ва занони ҳазрати Нӯҳ ва Лӯт(а) ёфтанд, ҳатто бубинед баъдҳо вақте, ки байни Алӣ ва Ойша(р), ихтилоф бурӯз кард ва Алӣ(р) пирӯз шуд, бар сари зани Паёмбар(с) борони оташ наборонд ва ё ӯро ғарк накард, балки бо эҳтироми том, ӯро ба хонаи Паёмбар(с) бар гардонд. Пас ин як қонуни куллӣ аст, ки хабис бо тайиб якҷо наметавонад бошанд, чунон чӣ байни Лӯт ва Нӯҳ занаш ва байни Осия ва Фиръавн, ҷӯдоӣ афтод ва агар то охири умр якҷо буданд, ин маъноро дорад, ки ҳар ду поканд ва ё ҳарду нопок. Назари уламои Шиъа чӣ бошад?.

 



[1] : Сураи Нӯр 19

[2] : Сураи Аҳзоб 58

[3] : Сураи Аҳзоб 58

[4] : Сураи Нӯр 23

[5] : Сураи Нӯр 26



Тазод дар ақидаҳ
Нависанда: Муҳаммад Боқир Саҷҷӯдӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 871
-0 ---
: 14:59
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024