Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 572



Теги

Дӯстон






13) Духтарони Паёмбар(с) (Тазод дар ақидаҳ)





Духтарони Паёмбар(с)

Қуръон мефармояд:

﴿يَاأَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ[1].

"Эй Паёмбар(с) бигӯ ба занонат ва духтаронат ва занони мӯминон". Азин оят маълӯм мешавад, ки ҳазрати Муҳаммад(с) як духтар надошта, балки банот (духтарҳо) доштааст. Аҷиб, пас он се тойи дигар кадом ҳастанд!!? Яке аз ин духтарон, зани ҳазрати Усмон(р) ва дуввум зани Абӯлъос бин Рабиъ шуданд ва яке ҳам ҳамон тавр, ки медонем, зани ҳазрати Алӣ(р), буд ва яке ҳам ба хонаи бахт нарафта буд, вақте ки зани ҳазрати Усмон(р) вафот кард, ҳазрати Муҳаммад(с) ин духтари дигари худро низ ба ӯ дод. Ба ҳамин далел ҳазрати Усмон(р) ба "зинӯрайн" маъруф аст.

Хуб агар Паёмбар(с) медонист, оё имкон дошт як духтарашро ба ӯ бидиҳад? Ва тоза баъд аз мурдани аввал, дуввумро бидиҳад? Агар бигӯянд, ки намедонист ва Усмон(р)ро намешинохт, пас мегӯем: Паёмбар(с), ки бо ваҳй дар тамос буд, чӣ гуна натавонист нифоқи Усмонро ташхис диҳад дар ҳоле, ки Худованд мунофиқонро ба ӯ шиносонида буд. Дигар Паёмбар(с) бо ин ҳама улум, чӣ гуна натавонист ташхис диҳад, ки домодаш мунофиқ буда, ва агар бигӯянд: медонист мунофиқ аст ва бо ин ҳол духтари дувумашро ба ӯ дод, бояд тавзеҳ бидиҳанд, чаро?

Олимони Шиъа, на ҷавоби аввалро медиҳанд, на ҷавоби суоли дувумро, балки роҳи савумиро баргузиданд, яъне роҳи сукутро интихоб карданд. Камтар касе аз муддаъиёни муҳаббати Оли Байт дар байни  ташаюъ аст, ки ҳатто номи хоҳарони Фотима(р)ро бидонад. Шумо бародари Шиъа, ки ҳоло ин сатрҳоро мехонед, оё хоҳарони Фотимаро намедонед? Аксаратон номи хоҳари Фотимаро намедонед, чӣ расад ба он ки аз саргузашти онҳо бо хабар бошед.

 Оё пинҳон кардани ҳақикат роҳи чора аст? Агар Фотима ҷӯзъи Аҳли Байт аст, хоҳаронаш ҳам, ки зани Усмон(р) буданд, низ ҳастанд. Агар имтиёзи Алӣ(р) инаст, ки шавҳари духтари Паёмбар(с) буд, пас Усмон(р) ду имтиёз дошт ва ду духтари Расули Худо(с)ро ба занӣ гирифта буд.

Албатта ногуфта нагузарем, ки ҳазрати Фотима(р) бар асоси баъзе аҳодис, афзалтар аз духтарони дигар будаанд, ва ҳамин тавр дар бораи духтарони ҳазрати Алӣ(р), шумо номи Зайнаб, хоҳари Ҳусайнро зиёд шунидаед, аммо Умми Кулсум, яъне хоҳари дигари Ҳусайнро, камтар шунидаед, чаро? Зеро, ки зани ҳазрати Умар(р) буданд. Оё Умми Кулсум аз Аҳли Байт нест? Оят мефармояд: "Хабисот барои хабисун ва тайибот барои тайибот". Агар духтарони Паёмбар(с) ва Алӣ(р) пок ва неку буданд, бар асоси ояти шарифа, шавҳари эшон, яъне Умар ва Усмон низ пок буданд. Агар мегӯед: духтрони Паёмбар ва Алӣ(р), ки зани Умар ва Усмон шуданд, тайиба набуданд, пас иддаъои дӯстии Аҳли Байти Муҳаммад ва Алӣ(р)ро накунед, чун на занонашро пок медонед, на духтаронашро.



[1] : Сураи Аҳзоб 59



Тазод дар ақидаҳ
Нависанда: Муҳаммад Боқир Саҷҷӯдӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 1158
-0 ---
: 15:00
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024