Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҳаром ва Ҳалол [9]
СУННА [11]
Фиқҳи ҳанафӣ [1]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 488



Теги

Дӯстон






НИШОНАИ ҲАҶҶИ МАҚБУЛ ЧИСТ?



Донистан муҳим аст

 Зиёрати хонаи Каъба панҷумин рукни ислом буда, он ҳам ибодати баданӣ ва ҳам ибодати молист. Имом Аҳмад ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳар касе иродаи ҳаҷ кардан дошта бошад, ҳарчи зудтар барои адои он шитоб намояд, зеро мумкин аст беморие рух бидиҳад ё чизе гум шавад ё ягон ҳоҷати дигаре падид ояд:
Абӯҳурайра (р) нақл мекунад, ки саҳобагон аз Расули Акрам (с) пурсиданд: -Аз амалҳо кадомаш беҳтар аст?
Расули Худо (с) фармуд: - Имони ба Аллоҳ ва Пайғамбари ӯ.
Боз пурсиданд: - Пас аз ин кадом амал беҳтар аст?
Фармуд: - Ҷиҳод дар роҳи Худо.
Боз пурсиданд: -Сипас кадом амал?
Расули Худо гуфт: -Ҳаҷҷи мабрур (мақбул).

Мавлоно Абдулҳаққи Бухорӣ (р) гуфтааст: «Нишонаи ҳаҷҷи мақбул он аст, ки шахс пас аз баргаштанаш тағйир биёбад ва майли ӯ ба амалҳои хуб бештар шавад.
Дар ривояти Муслим омадааст: «Ҳар кӣ ҳаҷро анҷом бидиҳад ва дар аснои анҷоми он суханони беҳаёёна нагӯяд ва даст ба маъсияту гуноҳ олуда насозад аз ҳаҷ ончунон бармегардад, ки аз модар ба дунё омада буд».

Яъне, Худованд гуноҳони ӯро чунон мавриди бахшиш қарор медиҳад, ки ба монанди кӯдаки нав аз модар ба дунёомада бегуноҳ мешавад. Пас ҳоҷӣ бояд аз Худо битарсад ва бори дуюм номаи аъмоли сафедгаштаашро бо маъсияту гуноҳ сиёҳ насозад. Дар ривояти Имом Тирмизӣ омадааст: «Миёни ҳаҷ ва умра мутобиат бикунад». Яъне, ин дуро пасиҳам анҷом бидиҳед, зеро ҳардуи он камбағалӣ ва гуноҳро ончунон аз кас дур месозанд, ки дамаи оташ ғаждии оҳану тиллову нуқраро дур менамояд.
Мукофоти ҳаҷҷи мабрур биҳишт аст.
Дар ривояти Ибни Моҷаи Қазвинӣ омадааст, «Ҳаҷгузорон ва умракунандагон қосидони Худоянд. Агар аз ӯ дуо кунанд, дуояшонро қабул менамояд ва агар талаби омурзиш намоянд, онҳоро мебахшад».
Расули Худо (с) барои ҳоҷиён чунин дуо кардаанд: «Худоё, ҳаҷгузоронро биёмурз ва ононеро биёмурз, ки ҳаҷгузорон барояшон аз ту талаби омурзиш намуданд». Аз он ҳазрат пурсиданд, ки «дар ҳаҷ кадом амалҳо беҳтаранд?» Ишон дар ҷавоб гуфтанд: «Бо садои баланд талбия гуфтан ва қурбонӣ кардан».
Абдумуҳаммади САФО

:
: Ҳаром ва Ҳалол
... tojikislom
: 876
-3 ---
: 23:03
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0




¹-1  Äîáàâèë: Луки    Äàòà: 04.06.2009-11:50

Гар хама теги олам бичунбад зи чой,
Набуранд рагеро нахохад Худой,,,,,



Copyright MyCorp © 2024