Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






14) Зиндагии ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ(р) (Тазод дар ақидаҳ)





Зиндагии ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ(р)

 Чун ҳазрати  Абӯбакр(р) аввалин муттаҳам дар кудато алайҳи ҳазрати Алӣ(р) аст, ночорем шахсияти он ҳазратро каме бештар мавриди баррасӣ қарор диҳем ва ба собиқаи зиндагии ӯ бингарем, шояд бо ёфтани хусн ё сӯйи собиқа, ҷавоби қонеъкунанда ба фоида ва ё бар зидди ин иддаъо, биёбем.

Яке аз муҳимтарин далоиле, ки боис шуда, то Расули Худо, ҳазрати Муҳаммад(с)ро, хеле дӯст бидорем инаст, ки   эшон дар ибтидо якка ва танҳо дар муҳити хашини Макка барои нашри Ислом ва ҳидояти мардум, мутаҳаммили заҳамоти фаровон ва тоқатфарсое шуданд. Аввал ҳазрати Хадиҷа(р) ба эшон имон овард ва сипас ҳазрати Абӯбакр(р).

Албатта аҳли ташаюъ мегӯянд, дуввум ҳазрати Алӣ(р)  буд ва суввум ва ё чаҳорӯм, шояд панҷӯм, ҳам Абӯбакр(р) буд, қабул аст зиёд фарқ надорад, аммо ин нуқта ногуфта намонад, ки ҳазрати Алӣ(р), дар хонаи Паёмбар(с) бузӯрг шуда буд ва 8 сол дошт, аммо Абӯбакр(р) дӯст ва ҳамсинни эшон буданд.

Имони Абӯбакр(р) хеле зиёд буд, ва он чиро, ки Паёмбар(с) мефармуд, бо ҷону дил мепазируфт. Як рӯз, Расули Худо(с) эълон кард, ки як шаб ба Байтулмукаддас рафта ва аз он ҷо ба осмони ҳафтум ва пас дар ҳамин шаб баргаштааст. Абӯҷаҳл бо тамасхур ин хабарро барои Абӯбакр(р) расонд. Ӯ гуфт: Оё Муҳаммад(с) инро гуфт? Абӯҷаҳл хандакунон гуфт: бале, иддиъои ӯст. Абӯбакр(р) ҷавоб дод: "пас рост мегӯяд". Ин гуна аъмол боъис шуд, ки ӯ ба лақаби "сиддиқ" сарфароз гардад. Аз ҷумлаи корҳои он ҳазрат, ки нишондиҳандаи хулусу муҳаббат ва иродати вай нисбат ба охирин фиристодаи Худост, тазвиҷи духтари 9 солаи хеш ба ҳазрати Муҳаммад(с), ки он замон 50 сола буд, аст. Ӯ духтари худро вақте ба ҳазрати Муҳаммад(с) ба занӣ дод, ки он ҳазрат дар ниҳояти заъф буданд ва хатар аз ҳар тараф эшонро таҳдид мекард ва дар остонаи фирор аз шаҳр ва диёри худ буданд.

Ҳазрати Абӯбакр(р), дар тамоми сахтиҳо, шарик ва ёри Паёмбар буданд ва онгоҳ, ки фармони ҳиҷрат омад, ҳама мусалмонон аз Макка рафтанд, танҳо ҳазрати Муҳаммаду(с) Абӯбакр ва Алӣ(р) боқӣ монданд ва қарор барин шуд, ки Алӣ(р), ки хонаводаи обруманде дошт, дар Макка бимонд ва хатари хобидан дар ҷойи Расули Худоро бо ҷон бихарад ва Абӯбакр(р) ҳамроҳи он ҳазрат, ҳиҷрат кунад ва хатари таъқиби душманонро пазиро шавад.

 Дар инҷо дунболаи саргузашти Абӯбакр(р)ро раҳо мекунам, то ин нуқтаро бигӯям, ки агар мо аз фазоили Алӣ(р), дар ин китоб чӣзе нанавиштем ё андаке навиштем, на ба он маъност, ки эътироф ба қаҳрамонии Алӣ(р) надорем, балки фақат бо он далел аст, ки хушбахтона дар мавриди ин Саҳобии ҷалилулқадр бо ташаюъ мувофиқем ва он чӣ, ки онҳо бидуни ғулӯ мегӯянд, аз ақоиди мусалламаи мо низ ҳаст.

Боре Абӯбакр(р), бо Паёмбар ҳамроҳ шуд. Куффор ба таъқиби онон пардохтанд. Ҳазрати Паёмбар ва ёри ҳамроҳаш дар ғори Савр ҷой гирифтанд, аммо куффор бо мадади раҳбаладон то дари ғор низ расиданд, дар ин асно Абӯбакр(р) аз хатаре, ки Паёмбар(с)ро таҳдид мекард ва қадам ба қадам ба он ду наздик мешуд, ҳазин ва ғамгин шуд. Паёмбар(с) ба ӯ фармуд: "Ғам махӯр, ки Худо бо мост". Оёти Қуръон аз воқеъоти боло, чунин ёд мекунад:

﴿إِلاّ تَنْصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللَّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ثَانِیَ اثْنَينِ إِذْ هُمَا فِی الْغَارِ إِذْ يقُولُ لِصَاحِبِهِ لا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنَا فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَيْهِ وَأَيدَهُ بِجُنُودٍ لَمْ تَرَوْهَا وَجَعَلَ كَلِمَهَ الَّذِينَ كَفَرُوا السُّفْلَى وَكَلِمَهُ اللَّهِ هِيَ الْعُلْيا وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ[1].

" Агар шумо ӯро ёрӣ накунед он гоҳ, ки кофирон берунаш карданд, Худо ӯро ёрӣ кард. Яке аз он ду ба ҳангоме, ки дар ғор буданд, ба рафиқаш мегуфт: «Андӯҳгин мабош, Худо бо мост!» Худо ба дилаш оромиш бахшид ва бо лашкарҳое, ки шумо онро намедидед, қувваташ дод. Ва каломи кофиронро паст гардонид, зеро каломи Худо болост ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!!"

Аз ҷумлаи "Худо бо мост" маълум мешавад, ки манзури Паёмбар дар ин оят инаст, ки "Эй Абӯбакр! Худо бо ману тӯст" ва медонем Худо бо ҳама аст, бо кофиру мусалмон, муроқиби ҳама аст, аммо Паёмбар(с) дар ин ҷо қасди дигаре дорад, манзураш инаст, ки (эй Абӯбакр(р)! нороҳат набош, чун Худо бо ману туст, яъне Аллоҳ(ҷ) бо раҳматаш бо ману туст. Агар ба ҷойи Абӯбакр(р), ҳазрати Алӣ(р) ҳамроҳи Паёмбар мебӯд, ҳатман ҳоло бачаҳои кучаки Шиъа ин оятро ҳифз мегарданд ва калимаи: (الله معنا), вирд ва шиъори мазҳаби Шиъа мешуд, аммо аз назари онҳо, бадбахтӣ дар инҷост, ки оят дар ҳаққи Абӯбакр аст, пас бояд ба тариқаи дигаре тафсир шавад. Уламои Шиъа омаданд ва гуфтанд: Абӯбакр ноқисулимон буд, зеро тарсид. Ва бо макру ҳилаи хос, калимаи "ҳӯзн"ро дар форсӣ, ба "тарс" тарҷума карданд дар ҳоле, ки маънои дурӯсти он дар забони форсӣ, ҳӯзн ва ғам ва андӯҳ аст ва ҳақ ҳам буд, ки Абӯбакр аз шикасти Ислом ва пирӯзии куфр ва шаҳодати Паёмбар ва худаш, ҳазин ва андӯҳгин шавад. Агар ин айбе бошад, мутаваҷчеҳи Паёмбар(с) ҳам ҳаст, зеро эшон ҳам гоҳе ҳазин мешуданд, Худованд хитоб ба ӯ мефармояд:

 ﴿قَدْ نَعْلَمُ إِنَّهُ لَيَحْزُنُكَ الَّذِي يقُولُونَ [2].

"Дар ҳақиқат медонем, ки гуфтори онҳо тӯро ғамгин мекунад".

Аммо барои касоне, ки "ҳӯзн"ро ба "тарс" тарҷума мекунанд, лозим аст гуфта шавад ки аввалан, аз Худо батарсед ва тарҷумаи дақиқ бинамоед ва тарҷумаро таҳриф накунед. Сониян ҳатто тарс ҳам, дар чунин лаҳазот гуноҳ нест, фариштагони Худо ба ҳазрати Лӯт(а) мегӯянд:

﴿وَلَمَّا أَنْ جَاءَتْ رُسُلُنَا لُوطاً سِیءَ بِهِمْ وَضَاقَ بِهِمْ ذَرْعاً وَقَالُوا لا تَخَفْ وَلا تَحْزَنْ إِنَّا مُنَجُّوكَ[3].

"Ва ҳангоме, ки фариштагони мо пеши Лӯт омаданд, аз дидани онҳо бадҳол ва дилтанг шуд, (фариштагон) гуфтанд: натарс ва ғамгин мабош, мо туро наҷот хоҳем дод".

Бо Қуръон ҷавобашонро додем, шояд гардан ба ҳақ фурӯд оранд. Абӯбакр дар Мадина низ хадамоти дурахшоне анҷом дод ва дар ҳамаи ҷангҳо, ҳамроҳи Паёмбари Худо буд. Аввал имон овард ва баъд ҳиҷрат кард, сипас ҷиҳод намуд ва ба ҳақ шомили ин оёт аст:

﴿الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِی سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ أَعْظَمُ دَرَجَهً عِنْدَ اللَّهِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ يُبَشِّرُهُمْ رَبُّهُمْ بِرَحْمَهٍ مِنْهُ وَرِضْوَانٍ وَجَنَّاتٍ لَهُمْ فِيهَا نَعِيمٌ مُقِيمٌ[4].

"Касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо амвол ва ҷонҳои хеш дар роҳи Худо, ҷиҳод намуданд, мақомашон назди Худо бартар аст ва онҳо пирӯз ва растагоранд! Парвардигорашон онҳоро ба раҳмате аз ноҳияи худ ва ризояти хеш ва боғҳое аз биҳишт, башорат медиҳад, ки дар он неъматҳо ҷовидонанд, ҳамвора ва то абад дар ин боғҳо (ва дар миёни ин неъматҳо) хоҳанд буд, зеро подоши бузӯрг назди Худованд аст".

Абӯбакр(р) илова бар ин, инфоқ низ менамуд. Вақте, ки яке аз хонаводаи фақираш, ки ҳамеша мавриди лутфи ӯ буд ва аз ӯ кӯмаки молӣ дарёфт мекард, алайҳи Ойша(р) дар моҷарои ғавғои мунофиқон, шоеъапароканӣ кард. Абӯбакр(р) қасам хурд, ки дигар ӯро кӯмак намекунад, ин оёт нозил шуд:

﴿وَلا يَأْتَلِ أُولُو الْفَضْلِ مِنْكُمْ وَالسَّعة أَنْ يؤْتُوا أُولِی الْقُرْبَى وَالْمَسَاكِينَ وَالْمُهَاجِرِينَ فِی سَبِيلِ اللَّهِ وَلْيعْفُوا وَلْيَصْفَحُوا أَلا تُحِبُّونَ أَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَكُمْ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ.[5]

"Ва онҳое, ки аз шумо дороии бартаре ва вусъати зиндагӣ ҳастанд, набояд савганд хуранд, ки аз инфоқ ба наздикон ва мустамандон ва муҳоҷирони роҳи Худо дареғ намоянд, онҳо бояд афв кунанд ва чашм бипушанд, оё дӯст намедоред, Худованд шуморо бибахшад!? Ва Худованд бахшандаи меҳрубон аст".

Абӯбакр(р) вақте ин оятро шунид: (الاتحبون أان يغفرالله لكم), "Оё дӯст намедоред, ки Худо шуморо бибахшад?" гуфт: "Чаро на! дӯст дорам, ки Худо маро биёмурзад", пас ба кӯмаки худ идома дод, то шомили раҳмати Худо шавад.

Ӯ дар ҷангҳо аз ҷони худ мегӯзашт. Фарзанди кофираш, ки баъдан мусалмон шуд,  дар ҷанге дар саффи куффор буд, ба падараш гуфт: падарҷон! дар яке аз ҳолоти ҷанг, дар пушти ту қарор гирифтам, аммо меҳри падарӣ ва фарзандӣ монеъ аз ҳамла ба ту шуд. Абӯбакр(р) гуфт: Ба Худо, агар ман дар чунин мавқеъе мебудам, ба ту раҳм намекардам.

Ӯ аз моли худ низ дар роҳи пешрафти Ислом гузашт. Дар рӯзҳое, ки Паёмбар(с) бемор буданд, беморие, ки мунҷар ба реҳлати Ҳазрат шуд, ин Абӯбакр(р) буд, ки бо амри Расули Худо, пешнамози мардум шуд. Пас аз вафоти он Ҳазрат, низ сокинони киштии туфонзадаи Ислом, дар дастҳои пуртавон ва пуртадбири Абӯбакр(р) қарор гирифт, ва бо он ки Хилофати эшон кутоҳ буд, аммо бо ин вуҷуд корномаи дурахшоне аз эшон боқӣ монд. Муддаъиёни нубуват ва муртадонро аз байн бурд ва ба марзҳои Ирон ва Рӯм лашкар кашид ва таъми шикастро ба абарқудратӯои замони худ, чашонд ва чун дар ҷанг бо паёмбарони дуруғин, хеле аз хофизон ва қориёни Қуръон шаҳид шуданд, Абӯбакр(р) эҳсоси хатар кард ва дастӯри ҷамъоварии Қуръоро содир кард ва ин низ аз ҷумлаи корҳои бузӯрги он Ҳазрат аст. Худованд барояш дараҷаи баланд ато кунад, Омин.



[1] : Сураи Тавба 40

[2] : Сураи Анъом 33

[3] : Сураи Анкабӯт 33

[4] : Сураи Тавба 20-22

[5] : Сураи Нӯр 22



Тазод дар ақидаҳ
Нависанда: Муҳаммад Боқир Саҷҷӯдӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 836
-0 ---
: 15:01
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024