Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Муъҷизаҳои Мусо (а) кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 319



Теги

Дӯстон






7) Қуръон ва мухолифони Саҳоба (Тазод дар ақидаҳ)





Қуръон ва мухолифони Саҳоба.

Худованд дар Қуръон мефармояд:

﴿مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاءُ بَيْنَهُمْ تَرَاهُمْ رُكَّعاً سُجَّداً يَبْتَغُونَ فَضْلاً مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَاناً سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِمْ مِنْ أَثَرِ السُّجُودِ ذَلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاهِ وَمَثَلُهُمْ فِي الْأِنْجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ الْكُفَّارَ وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْهُمْ مَغْفِرَهً وَأَجْراً عَظِيماً﴾[1].

"Муҳаммад фиристодаи Худост ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, дар баробари куффор хашин ва дар байни худ меҳрубонанд, ва пайваста онҳоро дар ҳоли рукуъ ва саҷдаҳ мебинӣ, ки ҷуёи фазл ва хушнӯдии Худоянд, нишонаи онон дар чеҳраҳояшон аз асари саҷдаҳ намоён аст. Ин васфи онон дар Таврот ва Инҷил аст. Эшон (Саҳоба) монанди зироате ҳастанд, ки соқаи сабзи худро берун карда, сипас ба тақавияти он пардохта, то мустаҳкам шуда бар пойи худ истодааст, ва ба қадре нуму ва рушд карда, ки кишткоронро ба шигифте вомедорад. Ин барои он аст, ки кофиронро ба хашм орад, (вале) касоне, ки аз онҳо имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, Худованд ваъдаи омурзиш ва аҷри бузуре додааст".

"وَالَّذِينَ مَعَهُ" яъне касоне, ки бо ӯ ҳастанд, яъне ёрони ӯро Худованд(ҷ) ба сифоти арзанда васф намуда аст аз ҷумла:

Онҳо дар муқобили куффор сахт ва хашинанд ва дар байни худ меҳрубон.

Ва сипас мефармояд: Онҳо мардумоне ҳастанд, ки зиёд намоз мехонанд  ва илова менамояд, ки ҳадафи онҳо аз ин рукӯъ ва саҷдаҳ, ҷалби ризои Илоҳӣ аст, яъне Аллоҳ(ҷ) гувоҳӣ ба ҳусни ният ва ихлоси онҳо медиҳад.

Ва баъд мефармояд ки қиёфаи онҳо аз асари саҷдаҳ, нуронӣ аст, ва билохира ба онҳо ваъда медиҳад, ки мағфират ва подоши бузӯрг дар интизори солиҳини онҳост.

Худованд Саҳобаро ба ниҳоле ташбеҳ медиҳад, ки камкам рушд намуда, шох ва барг мебарорад, ва куффор аз ин рушд ба хашм меоянд. Дар амали Саҳоба низ чун ниҳоли тозапо буданд ва сипас Мадинаро гирифтанд ва баъд Макка ва баъд Хайбар ва Яман ва Шибҳи ҷазираи Арабро ва баъд Ирон ва Миср ва Рӯмро, ва аз ин дарахти пуршох ва барг, куффор ба хашм омаданд.

Истинботи имом Молик аз ин оя инаст, ки ҳар касе ба ҳамроҳони Муҳаммад(с), яъне Саҳоба(р) хашм ва  ғайз дошта бошад, кофир аст.

Дар ин ҷо шояд касе аз аҳли ташаюъ бигӯяд: Тӯ аввал бародарии худатро собит кун ва баъд тақозои ирс бинамо. Мо аслан қабул надорем, ки Умар ва Абӯбакр(р) ва дигарон, Асҳоби Расул(с) буданд. Мо қабул надорем, ки ин оят дар бораи онҳо аст.

Аммо бо ҳар чӣ мешавад бозӣ кард, локин бо Қуръон на. Қуръон худаш мутунашро тафсир мекунад. Мо бо муроҷаъа ба як ояти дигар собит мекунем, ки Абӯбакр(р) ёри Расули Худо(с) буд ва онҳо низ ночор ба қабул ин ҳақикат ҳастанд. Аллоҳ(ҷ) мефармояд:

﴿إِذْ يَقُولُ لِصَاحِبِهِ لا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنَا ﴾[2].

"Он ҳангом, ки (Муҳаммад) мегуфт ба ёраш: ғам махур, яқинан Худованд бо мост".

Ин оят марбут ба ҳиҷрати Расули Худо(с) аз Макка ва паноҳгузинии ӯ дар ғори Савр аст, ва бидуни низоъ ва ихтилоф ҳама муътақиданд ба ин, ки ёр ва рафиқи ғори Расули Худо(с), Абӯбакр будааст фақат бо ин фарқ, ки душманони Абӯбакр(р) мугӯянд, ки эшон бесабрӣ ба харҷ дод ва тарсид, ва дӯстони эшон мегӯянд: Абӯбакр(р) шуҷоъат ба харҷ дод ва ғамхори Расул(с) буд, коре надорем ки, ҳарфи ки дурӯст аст, муҳим инаст ки бояд қабул кунем ва ҳар дӯ гурӯҳ ҳам қабул доранд, ки ҳамсуҳбати Расули Худо(с),  Абӯбакр будааст. Пас дар маънои оят: ﴾ مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ ﴿ ки зикраш рафт, бидуни тардид Абӯбакр(р) низ шамили وَالَّذِينَ مَعَهُ﴾ ﴿ аст.

Абӯбакр(р), рафиқи ҳаёти он Ҳазрат буд, касе қудрати инкори инро надорад. Оят инро мегӯяд, тарих ин ҳарфро мезанад ва ҷӯз ҷоҳил, касе мункири он нест ва ин ҳам ояти дигар, ки шоҳиде бар иддиъои мост:

﴿لَكِنِ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ جَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ وَأُولَئِكَ لَهُمُ الْخَيْرَاتُ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ﴾[3].)

"Аммо Паёмбар(с) ва касоне, ки ҳамроҳи ӯ ҳастанд (Саҳоба) , ҷиҳод мекунанд бо молҳо ва ҷонҳои худ, ҳамаи некиҳо барои онҳост, ва онҳо ҳамон растагоронанд, Худованд барои онҳо боғҳое аз биҳишт фароҳам сохта, ки дарёҳо аз зери дарахтонаш,  ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд буд ва инаст растагории (ва пирузии) бузӯрг".

Ва боз Худованд(ҷ) мефармояд:

﴿لِلْفُقَرَاءِ الْمُهَاجِرِينَ الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَأَمْوَالِهِمْ يَبْتَغُونَ فَضْلاً مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَاناً وَيَنْصُرُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ أُولَئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ﴾[4].

"(Моли фай)[5], барои фақирони муҳоҷиронест, ки аз хона ва кошона ва амволи худ берун ронда шуданд, дар ҳоле ки ҷӯёи фазл ва хушнӯдии Худо ҳастанд ва нусрат медиҳанд Худо ва Расулашро, онҳо ҳамоно ки ростгӯёнанд"..

Хуб ҳоло саволи дигаре аз оқоён мекунем: Агар онҳо қабул надоранд, ки ин ҳама оёт дар ҳаққи Саҳоба(р) бошад, пас бигӯянд: дар ҳаққи кист? Билохира Худованд(ҷ), аз муҳоҷирин ва аз муҷоҳидин ва аз мӯминин сухан мегӯяд, манзури Худо(ҷ), чӣ афроде аст? Зарӯр мисли ҳамеша мегӯянд: манзӯр ҳамон чаҳор Саҳобае ҳастанд, ки аз назари онҳо, ёрони содиқи Алӣ(р) буданд ва муртад нашуданд. Яъне ҳазрати Билол ва Абӯ Зар ва Салмон ва Микдод(р).

Мояи таассуф аст, ки мебинем баъзе аз Саҳоба, ки Шиъа қабул дорад, шомили ин оят намешаванд, масалан:

Ҳазрати Билол(р) моле надошта, як барда буд, ки ҳазрати Абӯбакр(р) ӯро харид ва озод кард. Ҳазрати Абӯ Зар аслан аз Макка ихроҷ нашуда ва худаш бо иродаи худ аз ҷойи дигар омада ва сипас ба ҷойи худ баргашта ва қабилаи худро мусалмон кард.

Ҳазрати Салмон ҳам як барда буд ва аз Макка ихроҷ нашуда, балки дар Мадина сукунат дошт ва маҷбӯр нашуд ба хотири имон ба рисолати Муҳаммад(с) молашро раҳо кунад, балки ҳатто ба фазли Худо ӯ аз мол ва кӯмаки мусалмонони дигар мустафид гашт ва озодии худро ба даст овард.

Албатта забонам гунг шавад агар қасди тавҳин ба Саҳобаро дошта бошам, ё аз арзишашон бикоҳам. Билол агар шомили ин оят нест, шомили даҳҳо ояти дигаре аст ва қаҳрамонии ӯ дар пойдорӣ бар тавҳид ҳар гиз фаромӯш шудани нест ва ҳамчунин ҳазрати Салмони Форсӣ ва ҳазрати Абӯ Зар(р).

Мо фақат мехоҳем бигӯем, ки чӣ қадар олимони Шиъа аз Қуръон дӯр ва аз матни он ноогоҳанд ва намехоҳанд ё наметавонанд ба дурӯстӣ мафҳум ва мақсуди оятро дарк кунанд.

Пас, хулосаи калом ин ки ночорем қабул кунем ҳамонҳое, ки дар назари онҳо мутаҳам ба дуруғ ва нифоқанд, машмули матни оятанд ва илова бар ин, Худованд мефармояд:

﴿وَإِنْ يُرِيدُوا أَنْ يَخْدَعُوكَ فَإِنَّ حَسْبَكَ اللَّهُ هُوَ الَّذِي أَيَّدَكَ بِنَصْرِهِ وَبِالْمُؤْمِنِينَ﴾[6].

"Ва агар қасди фиреб додани тӯро дошта бошанд, пас Худо тӯро кофист  ва ӯ касест, ки ёрӣ медиҳад тӯро (эй Муҳаммад) ба нусрат ва кӯмаки мӯминон".

Ва ҳама медонем, ки ҷиҳоди Расули Худо(с) бо як лашкари 4 ё 10 нафара набудааст.

 Худованд агар ба касе каме ақл ва андаке хулӯс ато кунад, ӯ наметавонад мункири ин ҳақикат шавад ва маҷбӯр аст эътироф кунад, ки ин оёт дар ҳаққи ҳамаи Асҳоб аст.

Ва бо ин қарори дигар бар ӯ лозим аст, ки ба Асҳоб кина ва ғайз надошта бошад ва бар ӯ воҷиб аст, ки тибқи дастуруламали ояти зер, рафтор кунад:

﴿لِلْفُقَرَاءِ الْمُهَاجِرِينَ الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَأَمْوَالِهِمْ يَبْتَغُونَ فَضْلاً مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَاناً وَيَنْصُرُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ أُولَئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ) (وَالَّذِينَ تَبَوَّأُوا الدَّارَ وَالْأِيمَانَ مِنْ قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هَاجَرَ إِلَيْهِمْ وَلا يَجِدُونَ فِي صُدُورِهِمْ حَاجَهً مِمَّا أُوتُوا وَيُؤْثِرُونَ عَلَى أَنْفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَهٌ وَمَنْ يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ) (وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْأِيمَانِ وَلا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلّاً لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَحِيمٌ﴾[7].

"(Моли фай), барои муҳоҷирони фақире аст, ки аз хона ва кошона ва амволи худ, берӯн ронда шуданд, дар ҳоле, ки фазл ва ризои Илоҳиро металабанд ва Худо ва Расулашро ёрӣ медиҳанд ва онҳо ростгӯёнанд! Ва барои касонест, ки дар ин саро (сарзамини Мадина) ва дар сарои имон, пеш аз муҳоҷирин, маскан гирифтанд ва касонеро, ки ба сӯяшон ҳиҷрат кунанд, дӯст медоранд ва дар дили худ ниёзе барои он чӣ ба муҳоҷирин дода шуда, эҳсос намекунанд, ва онҳоро бар худ муқаддам медонанд, ҳар чанд худашон бисёр ниёзманд бошанд. Касоне, ки аз бухл ва ҳирс нафси хешро боз доштаанд, растагоранд! (ҳамчунин), касоне, ки баъд аз онҳо (Муҳоҷирин ва Ансор), омаданд ва мегӯянд: "Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки дар имон аз мо пеши гирифтаанд, биёмӯрз ва дар дилҳоямон ҳасад ва кинаро нисбат бо Мӯминон, қарор мадеҳ! Парвардигоро! Ту меҳрубон ва бораҳмӣ".

Бале! Доим бояд бигӯем: Эй бори Худоё! Моро ва бародарони моро, ки дар имон аз мо пешӣ гирифтанд, биёмӯрз ва дар дили мо нисбати ба он мӯминон кинае қарор мадеҳ, ба дурӯстие, ки тӯ бисёр меҳрубон ва раҳим ҳастӣ.

Диққат кунед, ки чӣ касоне ҷӯзъи ин оят ҳастанд ва чӣ касоне шомили он намешаванд. Он касе, ки дар дил ғил ва кина ба Муҳоҷирин ва Ансор дорад, ҷӯзъи тавсифшудагони оят нест. Шумо таваҷҷуҳ кунед, ки оят чӣ мегӯяд, аз ки мегӯяд ва барои ки мегӯяд.

Оят мефармояд: Моли ғанимат, ки дар дасти Расули Худо(с) аст, мутаъаллиқ ба чанд гурӯҳ аст: Яке наздиконашон, дуввум: ятимон, саввум: фақирон, чаҳорум: дар роҳ мондагон ва баъд бештар тавзеҳ медиҳад ва мегӯяд: ҳаққи онҳоест, ки аз шаҳру диёр ва молу маноли хеш ронда шудаанд, яъне манзур ҳамаи Асҳоб ҳастанд, ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд ва манзури тамоми Ансор ҳастанд, ки дар Мадина бо рӯйи боз ба онҳо ҷой доданд ва дар марҳалаи баъдӣ ҳамаи мӯминоне ҳастанд, ки баъд аз ин дӯ гурӯҳ омаданд ки мо ва шумо ҳам шомилаш ҳастем, ба шарте ки ин дӯоро бихонем ва ба он амал кунем:

﴿رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْأِيمَانِ وَلا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلّاً لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَحِيمٌ﴾[8].

 "Бори худоё! Моро ва бародарони моро, ки дар имон аз мо пешӣ гирифтанд, биёмӯрз ва дар қалбҳои мо нисбати онҳо кинае қарор мадеҳ, бори Худоё! Дар ҳақиқат тӯ меҳрубон ва  раҳимӣ!".



[1] : Сураи Фатҳ 29

[2] : Сураи Тавба

[3] : Сураи Тавба 88-89

[4] : Сураи Ҳашр 9

[5] : Моли фай ғаниматест, ки бе заҳмати ҷанг ба даст омадаст.

[6] : Сураи Анфол 62

[7] : Сураи Ҳашр 8

[8] : Сураи Ҳашр 10




Тазод дар ақидаҳ
Нависанда: Муҳаммад Боқир Саҷҷӯдӣ

:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 591
-0 ---
: 13:39
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024