Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






8) Қуръон ва Саҳоба(р). (Тазод дар ақидаҳ)




Қуръон ва Саҳоба(р).

Инак Қуръон! Китобе ки мо ба он имон дорем, инак ин китоби осмонӣ, ин муъҷизаи Паёмбар аст, ки аз Саҳоба сухан мегӯяд.

Дар сафаҳоти гузашта, ба муносибатҳои мухталиф, назари Қуръони маҷидро дар бораи Асҳоби Расули Худо(с) баён кардем ва дар ин гуфтор мустиқилан дар ин бора сухан мегӯем, то агар Аллоҳ(ҷ)  дар дили касе шубҳае боқӣ монда бошад, рафъ гардад.

Қуръон ба теъдод, сифоти некеро ба Саҳоба мансӯб мекунад, ки бархеро мешуморем:

1. Ростгӯён.

﴿لِلْفُقَرَاءِ الْمُهَاجِرِينَ الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَأَمْوَالِهِمْ يَبْتَغُونَ فَضْلاً مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَاناً وَيَنْصُرُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ أُولَئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ﴾[1].

"Ғанимати бе заҳмати ҷанг ба даст омада, моли  Муҳоҷирони фақирест, ки аз хона ва кошона ва амволи худ берун ронда шуданд, дар ҳоле, ки ҷӯёи фазл ва хушнӯдии Худованд ҳастанд ва ёрӣ медиҳанд Худо ва Расулашро ва онҳо ростгӯёнанд"

Мефармояд: Онҳое, ки аз Макка ва мол ва шаҳри худ, фақат ба хотири ризои Худо ихроҷ шуданд, мардумони содиқанд ва баъд яке аз мо мегӯяд: на хайр, инҳо козибанд!

2. Марҳамати бахшоиши Худо барои онҳост.


﴿لَقَدْ تَابَ اللَّهُ عَلَى النَّبِيِّ وَالْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ الَّذِينَ اتَّبَعُوهُ فِي سَاعَهِ الْعُسْرَهِ مِنْ بَعْدِ مَا كَادَ يَزِيغُ قُلُوبُ فَرِيقٍ مِنْهُمْ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ إِنَّهُ بِهِمْ رَؤُوفٌ رَحِيمٌ﴾[2].

"Мусаламан, Худованд раҳмати худро шомили ҳоли Паёмбар ва Муҳоҷирон ва Ансор, ки дар замони шиддат ва сахти (дар ҷанги Табӯк), аз ӯ пайравӣ карданд намуда, баъд азон ки наздик буд, дилҳои гурӯҳе аз ҳақ мунҳариф шавад (ва аз майдони ҷанг боз гарданд), сипас Худованд тавбаи онҳоро пазируфт, дар ҳақиқат ӯ нисбат бо онон меҳрубон ва раҳим аст".

Ҷолиб инҷост, ки олимони мазҳаби Шиъа низ мепазиранд, ки матлаб ин оят ёрони Паёмбаранд, аммо боз ба равиши худ тафсир мекунанд. Онҳо аз қавли имоми Содиқ ва имоми Ризо нақл мекунанд, ки аз ҷумла:

﴿لقَدْ تَابَ اللَّهُ عَلَى النَّبِيِّ وَالْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ﴾.

Тафсираш инаст, ки: 

( لقد تاب الله بالنبى على المهاجرين والأنصار).

 Онҳо дар тавзеҳи амали худ мегӯянд: Расули Худо гуноҳе накарда буд, то машмули афв шавад. Албатта ин худ ҷой ҳарф дорад, ки онҳо ба чӣ ҷуръат мегӯянд, оятро бояд ин тавр хонд, аммо ба фарзи маҳол бошад, қабул аст. Расули Худоро дар ин шомил намекунем, Саҳобаро ки ба раъи шумо гуноҳ карда буданд, дигар маҷбуред машмули оят бидонед. Пас аз ин оят ва ба эътирофи худи шумо ва ба эътирофи имоми шумо ва ба эътирофи муфассири шумо собит мешавад, ки Худованд(ҷ) Муҳоҷирин ва Ансореро, ки қалбашон наздик буд дар ҷушу хуруши ҷанг аз ҷо канда шавад, бахшид, чӯн ки Худо ба онҳо рауфу раҳим аст?.

Агар ҳазрати Муҳаммад(с)ро бо он истидлол, шомили ин оят надонед, ҳатман Алӣ(р)ро ҳам намедонед, зеро ба истидлоли шумо, ҳазрати Алӣ(р) ҳам ки маъсум аст, гуноҳе накарда буд, пас шомили ин оят бақияи Саҳоба ҳастанд.

Донистем, Худо ба мӯминон раъуфу раҳим аст ва донистем, ки Муҳоҷирин ва Ансор мӯмин буданд ва ҳоло хуб аст бидонем, ки ин оят дар бораи ҷанг бо Рӯмиён ва ҷанги Табӯк аст ва тақрибан як сол қабл аз реҳлати Паёмбар(с) нозил шуд ва тарихнависон ҳамроҳони Паёмбарро низ 4 то 10 нафар надониста, балки онҳо 30 ҳазор нафар буданд. Ҳоло агар касе исрор дорад, ки Ҳазрат бо 10 нафар ба ҷанги Румиён рафтаанд, дигар мухтор аст.  

3. Беҳтарини Умматҳо.

﴿كُنْتُمْ خَيْرَ أُمَّهٍ أُخْرِجَتْ لِلنَّاسِ تَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَتَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَتُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ﴾[3].

"Шумо беҳтарин Уммат будед, ки ба суди инсонҳо афарида шудаед, (чаро ки), амр ба маъруф ва манъ аз мункар мекунед ва ба Худо имон меоред".

Дар ин оят Худованд(ҷ) киро хитоб мекунад, сухан  дар бораи чӣ касе аст? Маълум аст, мӯминони замони Паёмбар(с)ро мавриди хитоб қарор додааст ва мефармояд: шумо беҳтарин уммат ҳастед, чунки имон ба Худо доред ва амри ба маъруф мекунед ва наҳй аз мункар мекунед.

Худованд(ҷ) шаҳодат медиҳад, ки онҳо беҳтарини Уммат ҳастанд, гурӯҳе аз мусалмонон шаҳодат медиҳанд, ки онҳо бадтарини Уммат ҳастанд. Хуб ҳоло ҳарфи кадомеро бовар кунем, ҳарфи Худоро ё ҳарфи инҳоро?

4. Рӯшдёфтагон.

﴿وَاعْلَمُوا أَنَّ فِيكُمْ رَسُولَ اللَّهِ لَوْ يُطِيعُكُمْ فِي كَثِيرٍ مِنَ الْأَمْرِ لَعَنِتُّمْ وَلَكِنَّ اللَّهَ حَبَّبَ إِلَيْكُمُ الْأِيمَانَ وَزَيَّنَهُ فِي قُلُوبِكُمْ وَكَرَّهَ إِلَيْكُمُ الْكُفْرَ وَالْفُسُوقَ وَالْعِصْيَانَ أُولَئِكَ هُمُ الرَّاشِدُونَ﴾[4].

"Ва бидонед! Дар миёни шумо Расули Худост, ҳар гоҳ дар бисёре аз умур аз шумо итоъат кунад, ба машақат хоҳед афтод, вале Худованд имонро маҳбуби шумо қарор дода ва онро дар дилҳоятон зинат бахшида ва (бар акс) куфру фисқ ва гуноҳро манфуратон қарор додааст, касоне, ки дорои ин сифотанд, ҳидоят ёфтагонанд".

Дар ин оят Худованд(ҷ) ба сурати бисёр равшану возеҳ фармуда, ки дар қалби мӯминоне, ки Паёмбар дар байнашон буд, имонро зиннат дода ва онро чизи дӯстдоштанӣ қарор дода ва куфр ва фисқ ва саркаширо, чизи баддида дар назарашон ҷилва додааст ва чӯн ба ин дӯ сифат оростаанд, лизо доимо ба пеш мераванд (рошидин) ва ҳақ ҳам ҳаст, ки пеш раванд, чунки одаме ки аз бадӣ бадаш омад, ҳар гиз бадӣ намекунад ва агар аз хубӣ хушаш ояд ва онро мутобиқ бо ҳавои нафсонии худ дид, дигар чӣ чизе монеъаш мешавад, ки аз хубӣ дурӣ кунад? Шайтон бадиро барои инсон хӯб ҷилва медиҳад ва одамиро васваса мекунад, аммо бо таваҷҷуҳ ба ояти фавқ ин кор дар мавриди бештари Саҳоба мамкин набуда, зеро Худованд дилҳои онҳоро ба имон ороиш дода буд, пас онҳо рошид буданд ва доимо ба пеш мерафтанд.

Хуб! ҳоло ҳарфи киро бовар кунем? Ҳарфи Худоро, ки гувоҳӣ медиҳад ин мардум имон доранд, имонро дӯст медоранд ва пеш мераванд, ё ҳарфи он  касеро, ки мегӯяд: ин мардум нифоқ ва куфрро дӯст доранд ва доимо ба пушт сар мераванд

Ҳарфи киро бовар кунем, эй соҳибони чашму гушу дил? Ҳарфи чӣ касеро бовар кунем?

Яке шояд инҷо бигӯяд: амак! Оромтар! чаро ин қадар тунд меравӣ? Аз куҷо маълӯм аст, ки ин оят дар ҳаққи Саҳоба бошад?

Дар ҷавоб мегӯем: Аз ин ҷумла оят:

﴿وَاعْلَمُوا أَنَّ فِيكُمْ رَسُولَ اللَّهِ ﴾

 "Ва бидонед, ки  дар байни шумо Расули Худо аст".

Аз ин оят мефаҳмем, ки мақсуд ёрони Паёмбар(с) буданд. Расули Худо(с) дар байни ки буд? Дар байни мо буд, ё дар байни куффори Макка, ё дар Рӯм ё Ирон? Дар ҳеҷ кадоме азин ҷоҳо набуд. Расули Худо(с) дар Мадина ва дар байни мӯминон буд ва мӯминони Мадина Ансор буданд, ки ӯро ба шаҳри худ ва дар миёни худ, роҳ доданд ва Муҳоҷирин буданд, ки эшонро то он ҷо ҳамроҳӣ карданд. Пас ҳамин гурӯҳ буданд ва ҷойи шак ва баҳс ҳам нест!

5. Ёридиҳандагони Муҳаммад(с).

﴿وَإِنْ يُرِيدُوا أَنْ يَخْدَعُوكَ فَإِنَّ حَسْبَكَ اللَّهُ هُوَ الَّذِي أَيَّدَكَ بِنَصْرِهِ وَبِالْمُؤْمِنِينَ﴾[5].

"Эй Муҳаммад! Ва агар бихоҳанд туро фиреб диҳанд, Худо барои ту кофист, Ӯ Худоест, ки туро бо ёрии мӯминон тақвият кард".

Касоне, ки Муҳаммад(с)ро ёрӣ доданд ва сабаби пирӯзии Ӯ бар куффори Макка шуданд, як лашкари комил буданд, на 4 ё 5 нафар ва Худованд гувоҳӣ медод, ки дар муқобили хидъаи (фиреб) куффор, Худо ӯро бо ёрии худ ва ёрии мӯминон, таъйид мекунад.

6. Фариштагон ба кӯмаки Саҳоба омаданд.

﴿إِذْ تَقُولُ لِلْمُؤْمِنِينَ أَلَنْ يَكْفِيَكُمْ أَنْ يُمِدَّكُمْ رَبُّكُمْ بِثَلاثَهِ آلافٍ مِنَ الْمَلائِكَهِ مُنْزَلِينَ)(بَلَى إِنْ تَصْبِرُوا وَتَتَّقُوا وَيَأْتُوكُمْ مِنْ فَوْرِهِمْ هَذَا يُمْدِدْكُمْ رَبُّكُمْ بِخَمْسَهِ آلافٍ مِنَ الْمَلائِكَهُ مُسَوِّمِينَ﴾[6].

"Дар он ҳангоме, ки тӯ ба мӯминон мегуфтӣ: оё кофӣ нест, ки Парвардигоратон шуморо ба се ҳазор нафар аз фариштагон, ки аз осмон фурӯд меоянд ёрӣ кунад?!, (имрӯз ҳам), агар истиқомат ва тақво пеша кунед ва душман ба ҳамин зудӣ ба суроғи шумо биёяд, Худованд шуморо ба панҷ ҳазор нафар аз фариштагон, ки нишонаҳое бо худ доранд, мадад хоҳад дод".

﴿إِذْ يُغَشِّيكُمُ النُّعَاسَ أَمَنَهً مِنْهُ وَيُنَزِّلُ عَلَيْكُمْ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً لِيُطَهِّرَكُمْ بِهِ وَيُذْهِبَ عَنْكُمْ رِجْزَ الشَّيْطَانِ وَلِيَرْبِطَ عَلَى قُلُوبِكُمْ وَيُثَبِّتَ بِهِ الْأَقْدَامَ إِذْ يُوحِي رَبُّكَ إِلَى الْمَلائِكَهِ أَنِّي مَعَكُمْ فَثَبِّتُوا الَّذِينَ آمَنُوا سَأُلْقِي فِي قُلُوبِ الَّذِينَ كَفَرُوا الرُّعْبَ فَاضْرِبُوا فَوْقَ الْأَعْنَاقِ وَاضْرِبُوا مِنْهُمْ كُلَّ بَنَانٍ﴾[7].

"Ба ёд оваред! Он ҳангоме, ки  хоби сАбӯке, ки мояи оромиш аз сӯйи Худо буд, шуморо фаро гирифт ва обе аз осмон бароятон фиристод, то шуморо бо он пок кунад ва палидии шайтонро аз шумо дӯр созад ва дилҳоятонро мустаҳкам ва гомҳоро бо он устувор дорад! Ва (ба ёд ор) мавқеъеро, ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард: "Ман бо шумо ҳастам, касонеро, ки имон оварданд, собитқадам доред! Ба зӯдӣ дар дилҳои кофирон, тарс ва   ваҳшат меафканам, зарбаҳоро бар болотар аз гардан (сарҳои душманон) фурӯд оред! ва ҳама ангуштонашонро катъ кунед".

﴿فَلَمْ تَقْتُلُوهُمْ وَلَكِنَّ اللَّهَ قَتَلَهُمْ وَمَا رَمَيْتَ إِذْ رَمَيْتَ وَلَكِنَّ اللَّهَ رَمَى وَلِيُبْلِيَ الْمُؤْمِنِينَ مِنْهُ بَلاءً حَسَناً إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾[8].

"Ин шумо набудед, ки онҳоро куштед, балки Худованд онҳоро кӯшт! Ва ин ту набудӣ (эй Паймбар, ки хок ва санг ба сурати онҳо) андохтӣ, балки Худо андохт! Ва Худованд мехост ба ин васила, мӯминонро имтиҳони хӯбе кунад, Худованд шунаво ва доност".

﴿قَدْ كَانَ لَكُمْ آيَهٌ فِي فِئَتَيْنِ الْتَقَتَا فِئَهٌ تُقَاتِلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَأُخْرَى كَافِرَهٌ يَرَوْنَهُمْ مِثْلَيْهِمْ رَأْيَ الْعَيْنِ وَاللَّهُ يُؤَيِّدُ بِنَصْرِهِ مَنْ يَشَاءُ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَعِبْرَهً لِأُولِي الْأَبْصَارِ﴾[9].

"Дар дӯ гурӯҳе, ки (дар майдони ҷанги Бадр) ба ҳам рӯ ба рӯ шуданд, нишонае (дарси ибрате) барои шумо буд: Як гурӯҳ дар роҳи Худо набард мекард ва гурӯҳи дигаре, ки кофир буд (дар роҳи шайтон ва бут). Дар ҳоле, ки (гурӯҳи мӯминон)ро бо чашми худ ду баробари он чӣ буданд, медиданд, (ва ин худ омили ваҳшат ва шикасти онҳо шуд) ва Худованд ҳар касеро, ки бихоҳад (ва шоиста бидонад), бо ёрии худ таъйид мекунад, дар ин ибратест барои биноён".

 Тамоми ин оёт дар бараи Асҳоби Паёмбар(с) ва марбут ба рӯзи Бадр аст ва аксарияти ин бузӯргони Бадрӣ пас аз вафоти Паёмбар(с) низ зинда буданд, яъне ҳамаи ин оётро Худо дар бараи касоне гуфта, ки медониста кофир шаванд!!

7. Бадӣ ба онҳо намерасад.

Ва ин оят дар мавриди касоне аст, ки пас аз шикаст дар ҷанги Уҳӯд, сустӣ накарданд ва ба дунболи кофирон рафтанд ва ба таъқиби онон пардохтанд, то куффор пароканда ва фирорӣ шаванд.


﴿الَّذِينَ اسْتَجَابُوا لِلَّهِ وَالرَّسُولِ مِنْ بَعْدِ مَا أَصَابَهُمُ الْقَرْحُ لِلَّذِينَ أَحْسَنُوا مِنْهُمْ وَاتَّقَوْا أَجْرٌ عَظِيمٌ الَّذِينَ قَالَ لَهُمُ النَّاسُ إِنَّ النَّاسَ قَدْ جَمَعُوا لَكُمْ فَاخْشَوْهُمْ فَزَادَهُمْ إِيمَاناً وَقَالُوا حَسْبُنَا اللَّهُ وَنِعْمَ الْوَكِيلُ فَانْقَلَبُوا بِنِعْمَهٍ مِنَ اللَّهِ وَفَضْلٍ لَمْ يَمْسَسْهُمْ سُوءٌ وَاتَّبَعُوا رِضْوَانَ اللَّهِ وَاللَّهُ ذُو فَضْلٍ عَظِيمٍ﴾[10].

"Онҳое, ки даъвати Худо ва Паёмбарашро, пас аз он ҳама ҷароҳоте, ки ба эшон расид, иҷобат карданд (ва ҳанӯз захмҳои майдони Уҳӯд шифо наёфта буд, ба сӯйи майдони ҷанг ҳаракат намуданд), барои касоне, ки аз онҳо некӣ карданд, ва тақво пеш гирифтанд, подоши бузӯрге аст. Инҳо касоне буданд, ки (баъзе аз) мардум, ба онон гуфтанд: мардум (лашкари душман) барои (ҳамлаи) шумо ҷамъ шуданд, аз онҳо битарсед!, аммо ин сухан имонашонро афзӯд ва гуфтанд: Худо моро кофист, ва Ӯ беҳтарин ҳомии мост, ба ҳамин ҷихат онҳо (аз ин майдон), бо неъмат ва фазли Парвардигорашон боз гаштанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ нороҳатӣ ба онон нарасид ва аз ризои Худо пайравӣ карданд ва Худованд дорои фазл ва бахшиши бузӯрг аст".

Худованд мефармояд: (...لَمْ يَمْسَسْهُمْ سُوءٌ... ), "бадӣ онҳоро ламс накард".

Бисёре азин афрод дар интихоби Халифа, пас аз вафоти Расули Худо(с) ширкат доштанд, чӣ тавр Шиъа баъд азон, ки Худованд(ҷ) замонат додааст, ки (لَمْ يَمْسَسْهُمْ سُوءٌ), гувоҳӣ медиҳад, ки ин мардум ба бузӯргтарин бадие, ки метавон тасаввур кард, яъне нофармонӣ ва пинҳон кардани дастӯри Худо, чанг овехтанд.

8. Ҳаққан ки мӯмин ҳастанд.

﴿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالَّذِينَ آوَوْا وَنَصَرُوا أُولَئِكَ هُمُ الْمُؤْمِنُونَ حَقّاً لَهُمْ مَغْفِرَهٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ﴾[11].

"Ва онҳое, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод намуданд ва касоне, ки онҳоро паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, онҳо ҳаққан, ки мӯминанд ва барои онҳо омӯрзиш (раҳмати Худо) ва рӯзии нек аст".

Ва баъзеҳо мегӯянд: Ҳаққан ки кофиранд. Ҳарфи киро бовар кунем, ҳарфи Қуръонро? ё ҳарфи касе, ки мегӯяд: Имон ба Қуръон дорад, вале бар хилофи Қуръон ҳарф мезанад?

9. Растагорон.

﴿الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ أَعْظَمُ دَرَجَهً عِنْدَ اللَّهِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ﴾[12].

"Ва ононе, ки имон оварданд ва ҳиҷрат намуданд ва бо молҳо ва ҷонҳояшон дар роҳи Худо ҷиҳод карданд, дорои дараҷа ва мартабаи баландтаре дар назди Худо ҳастанд ва онҳо растагоранд".


10. Башорат ёфтагон.

Ин оят давоми ояти зикршуда дар болост:

 ﴿يُبَشِّرُهُمْ رَبُّهُمْ بِرَحْمَهٍ مِنْهُ وَرِضْوَانٍ وَجَنَّاتٍ لَهُمْ فِيهَا نَعِيمٌ مُقِيمٌ﴾[13].

"Башорат медиҳад Худои эшон онҳоро ба раҳмате аз ҷониби худ ба хушнӯдиву ризвону боғҳо ва онҳо дар он неъматҳо ҷовидонон хоҳанд буд".

Худованд онҳоро башорат медиҳад ба биҳишт. Гурӯҳе аз мусалмонон ба онон муждаи ҷаҳаннам медиҳанд. Чаҳаннам дар дасти шумост ё дар дасти Худо, биҳишт дар ихтиёри шумост ё дар ихтиёри Аллоҳ?


11. Муттақӣ ҳастанд.


﴿إِذْ جَعَلَ الَّذِينَ كَفَرُوا فِي قُلُوبِهِمُ الْحَمِيَّة حَمِيَّة الْجَاهِلِيَّة فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَى رَسُولِهِ وَعَلَى الْمُؤْمِنِينَ وَأَلْزَمَهُمْ كَلِمَة التَّقْوَى وَكَانُوا أَحَقَّ بِهَا وَأَهْلَهَا وَكَانَ اللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيماً﴾[14].

"(Ба ёд оваред!) Ҳангоме, ки кофирон дар дилҳои худ хашм ва таъасуби ҷоҳилият доштанд ва (дар муқобил), Худованд оромиш ва сакинаи худро бар Паёмбари хеш ва мӯминон нозил фармуд ва онҳоро ба ҳақиқати тақво мулзим сохт, ва онон аз ҳар кас шоистатар ва аҳли он буданд ва Худованд ба ҳама чиз доност".

Мо дар ин бора шарҳе наменависем. Агар касе ҳанӯз  дар бораи лашкари Муҳаммад(с) назари хубе надорад, пас як бори дигар оятро бихонад.

12. Худованд аз онҳо розӣ аст.

Пештар навиштем, ки Аллоҳ(ҷ) аз ононе, ки дар байъати ризвон бо Расули Худо(с) байъат карданд, хушнӯд шуд. Онҳо касоне буданд, ки қабл аз фатҳи Макка имон оварда буданд ва аз Маккау Мадина ҳиҷрат карданд, ё дар Мадина Муҳоҷиринро паноҳ доданд. Худо аз онҳо ба номи Муҳоҷирин ва Ансори аввалия ном мебарад ва дар бораи онҳо мефармояд:

﴿وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَداً ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾[15].

"Пешгомони нахустин аз Муҳоҷирин ва Ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онҳо пайравӣ карданд, Худованд аз онҳо хушнӯд гашт, ва онҳо (низ) аз ӯ хушнӯд шуданд, ва боғҳое аз биҳишт барои онон фароҳам сохта, ки дарёҳо аз зери дарахтонаш ҷорист, ҳамеша дар он хоҳанд монд ва инаст пирузии бузӯрг".

Ин оят муҳри ботил ба ҳар гӯна аботил мезанад. Худованд эълон фармуда, ки аз Муҳоҷирин ва Ансори авввлия хушнӯд аст ва онҳоро дар биҳишт абадулобод, дохил мекунад, агар чӣ нодон дар дӯнё гиребон бидарад ва онҳоро кофир ва мунофиқ бидонад. Касе, ки имон ба Қуръон дошта бошад, бо хондани ин оят оё дигар ҳаққи беадабӣ дар ҳаққи Саҳобаро дорад?.

13. Саҳоба беҳтар аз мо ҳастанд.

﴿لا يَسْتَوِي الْقَاعِدُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ غَيْرُ أُولِي الضَّرَرِ وَالْمُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فَضَّلَ اللَّهُ الْمُجَاهِدِينَ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ عَلَى الْقَاعِدِينَ دَرَجَهً وَكُلّاً وَعَدَ اللَّهُ الْحُسْنَى وَفَضَّلَ اللَّهُ الْمُجَاهِدِينَ عَلَى الْقَاعِدِينَ أَجْراً عَظِيماً﴾[16].

"Ҳар гиз, афроди бо имоне, ки бидуни беморӣ ва норохатӣ, аз ҷиҳод боз нанишастанд, бо Муҷоҳидоне, ки дар роҳи Худо бо мол ва ҷони худ ҷиҳод карданд, яксону баробар нестанд! Худованд Муҷоҳидонеро, ки бо мол ва ҷони худ ҷиҳод намудаанд, бар қоъидин (тарк кунандагони ҷиҳод) бартарии муҳиме бахшида ва ба ҳар яке аз ин дӯ гурӯҳ (ба хотири аъмоли некашон), Худованд ваъдаи подоши нек дода ва Муҷоҳидонро бар қоъидон, бо подоши бузӯрге, бартарӣ додааст".

Ҳама медонем, ки Алӣ ва Умару Абӯбакр ва Усмон ва Абӯ Убайда ва Ойша ва Зубайр ва Талҳа ва Саъд бини Аби Ваққос ва Саъд бини Убодаҳ ва дигарон (Худованд аз онҳо розӣ бод), пеш аз фатҳ  мусалмон шуданд ва ҳазор то мусалмон, ки пас аз Фатҳ  инфоқ карданд ё ҷиҳод карданд, ва лав ҳар касе бошад, бо яке аз Асҳоби аввалиябаробар нестанд. Касе, ки Худо ӯро беҳтар аз мо медонад, ба мо чӣ мерасад, ки дар бораи онҳо забондарозӣ кунем?

Ҳоло агар баъд аз ин ҳама оёте, ки зикр шуд, яке биёяд ва бигӯяд: Имон ба Қуръон дорам, оёташро қабул дорам, аммо намепазирам, ки Саҳоба инсонҳои шарифе буданд", ба назари шумо оё таноқузгӯйи намекунад?



[1] : Сураи Ҳашр 8

[2] : Сураи Тавба 117

[3] : Сураи Оли Имрон 110

[4] : Сураи Ҳуҷурот 7

[5] : Сураи Анфол 62

[6] : Сураи Оли Имрон 125

[7] : Сураи Анфол 11-12

[8] : Сураи Анфол 17

[9] : Сураи Оли Имрон 13

[10] : Сураи Оли Имрон 172-174

[11] : Сураи Анфол 74

[12] :Сураи Тавба 20

[13] : Сураи Тавба 21

[14] : Сураи Фатҳ 26

[15] : Сураи Тавба 100

[16] : Сураи Нисо 95




Тазод дар ақидаҳ
Нависанда: Муҳаммад Боқир Саҷҷӯдӣ

:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 664
-0 ---
: 13:59
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024