Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оё медони, ки дарозтарин ояти Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 320



Теги

Дӯстон






9) Сифоти мунофиқин. (Тазод дар ақидаҳ)




Сифоти мунофиқин.

Бархе аз донишмандони мазҳаби Шиъа, тамоми оёти фасли пешро бо як оят рад мекунанд ва ба истилоҳ, оби поке рӯйи дасти мо мерезанд. Онҳо мегӯянд: "Мо қабул надорем, ки дар ҳаққи Умару Абӯбакр ва дигарон бошад, зеро Худованд(ҷ) ҳамчунин фармудааст:

 ﴿وَمِمَّنْ حَوْلَكُمْ مِنَ الْأَعْرَابِ مُنَافِقُونَ وَمِنْ أَهْلِ الْمَدِينَهِ[1].

"Ва аз (миёни) Аъроби бодиянишин, ки атрофи шумо ҳастанд, ҷамъе мунофиқанд ва аз аҳли Мадина (низ), гурӯҳе сахт ба нифоқ побанданд".

Аммо ҷавоби ин шубҳа ба кӯмак ва мадади Худованд(ҷ):

Ба Қуръон муроҷаъа кунед мебинед, ки аввалан: ояти қабл аз ин, ихтисоси ба мадҳи Муҳоҷирин ва Ансор ва Тобиъин аст. Дувум: Худованд(ҷ) фармуда:

 ﴿ومن اهل المدينة مردوا على النفاق

 Яъне, баъзе аз аҳли Мадина хӯйи нифоқ доранд ва  нафармуда, ки:

أهل المدينة كلهم منافقون، إلا علي و أبو ذر و سلمان و مقداد""  

Яъне: ҳамаи аҳли Мадина мунофиқанд, ғайр аз Алӣ  ва Абӯ Зар ва Салмон ва Микдод".

Вале шумо ҳамаро мунофиқ кардед. Аз ҳазрати Ойша, ҳамсари Паёмбар, то омитарин шаҳрванди Мадина аз назри шумо мунофиқ буданд.

Мо ҳақ надорем бидуни далел, ангушти иттиҳом ба сӯйи Саҳобаи киром дароз кунем. Сухан бидуни далелу мантик намешавад. Шумо барои он, ки Саҳобаро шомили ояте бидонед, бояд далел пеш кунед ва бароҳини муҳкам баёваред, вагарна фардо каси дигаре баланд мешавад ва ба хуҷҷати ҳамин оят, ки (في المدينة منافقون), яъне: дар Мадина мунофиқин ҳастанд, мегӯяд: чун Алӣ(р) дар Мадина буд, пас (астағфируллоҳ) мунофиқ аст.

Оё шумо ин истидлолро қабул мекунед? Пас чора инаст қабл азоне, ки Зайд ва Амрро ба нифоқ муттаҳам кунем биёем ва баррасӣ кунем, ки аслан мунофиқин чӣ сифоте доштанд ва баъд бубинем, ки оё ин сифот бар Саҳоба мутобиқ аст ё на?

Роҳи ҳалли дурӯст ва мантиқӣ ҳамин аст, вагарна агар бозори туҳмат ва туҳматбозӣ гарм шавад, ҳеҷ кас дар амон намемонад. Пас ҳоло биёем сифоти мунофиқинро на аз диди мо, балки аз назари Қуръон баррасӣ кунем.

1. Мунофиқин ба ҷиҳод намераванд.

﴿وَإِذَا أُنْزِلَتْ سورةٌ أَنْ آمِنُوا بِاللَّهِ وَجَاهِدُوا مَعَ رَسُولِهِ اسْتَأْذَنَكَ أُولُوا الطَّوْلِ مِنْهُمْ وَقَالُوا ذَرْنَا نَكُنْ مَعَ الْقَاعِدِينَ رَضُوا بِأَنْ يَكُونُوا مَعَ الْخَوَالِفِ وَطُبِعَ عَلَى قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لا يَفْقَهُونَ[2].

"Ва ҳангоме, ки сурае нозил шавад (ва ба онон дастӯр диҳад), ки: ба Худо имон оваред ва ҳамроҳи Паёмбараш ҷиход кунед! афроде аз онҳо (гурӯҳи мунофиқин), ки тавоноӣ доранд, аз тӯ иҷозат мехоҳанд ва мегӯянд: бигзор мо бо қоъидин (онҳое, ки аз ҷиҳод муъофанд) бошем! оре онҳо розӣ шуданд, ки бо мутахалифон бошанд, ва бар дилҳои онҳо мӯҳр ниҳода шуда, азин рӯ (чизе) намефаҳманд!".

Ва мо ҳама медонем, ки Саҳобаи Киром аз ҷанги Бадр то ҷанги Рум бо Ҳазрат буданд ва ададашон аз 314 нафар дар ҷанги Бадр ва 30000 дар охирин соли ҳаёти Паёмбар(с) афзоиш ёфт ва боз ҳам медонем, ки Асҳоби Кибор, ҳамчун Абӯбакру Умар ва Усмону Алӣ ва Зубайру Талҳа, дар ағлаби ҷангҳо дар рикоби он Ҳазрат буданд ва агар ҳам дар ҷанге ба таври истисноӣ, яке аз Саҳоба ҳузӯр надошт, далелаш на нофармонӣ ва сарпечӣ, балки ин буд, ки ҳазрати Муҳаммад(с) ба он Саҳоба маъмурияти дигаре дода буд, пас ин сифати мунофиқин аслан ба ёрони Паёмбар мутобақат намекунад.

2. Харобкорӣ мекунанд.

Худованд мефармояд: Агар ба фарз,  мунофиқин ба ҷанг хориҷ шаванд ва Паёмбарро ҳамроҳӣ кунанд, дар васати роҳ даст бо харобкорӣ мезананд. Ба ин оят таваҷҷуҳ кунед!

﴿لَوْ خَرَجُوا فِيكُمْ مَا زَادُوكُمْ إِلَّا خَبَالاً وَلَأَوْضَعُوا خِلالَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَهَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ لَقَدِ ابْتَغَوُا الْفِتْنَهَ مِنْ قَبْلُ وَقَلَّبُوا لَكَ الْأُمُورُ حَتَّى جَاءَ الْحَقُّ وَظَهَرَ أَمْرُ اللَّهِ وَهُمْ كَارِهُونَ[3].

"Агар  онҳо ҳамроҳи шумо (ба сӯйи майдони ҷиҳод) хориҷ шаванд, ҷӯз изтироб ва тардид, чизе бар шумо намеафзуданд ва ба суръат дар байни шумо ба фитнаангезӣ (ба эҷоди тафриқа ва нифоқ) мепардохтанд, ва дар миёри шумо афроде (сӯст ва заъиф) ҳастанд, ки ба суханони онҳо, комилан гӯш фаро медиҳанд ва Худованд, золимонро мешиносад. Онҳо пеш аз ин (низ) дар пайи фитнаангезӣ буданд ва корҳоро бар ту дигаргӯн сохтанд (ва ба ҳам рехтанд), то он ки ҳақ фаро расад ва фармони Худо ошкор гашт (ва пирӯз шудед) дар ҳоле, ки онҳо кароҳат доштанд". Мисли он коре, ки мунофиқи бузӯрг, Абдулло бини Убай дар ҷанги Уҳӯд кард ва ёрони мунофиқи худро аз ними роҳ баргардонд ва ҳозир ба ҷанг нашуд.

Ва агар касе бигӯяд, ки Саҳоба мунофиқ буданд, дар асоси ин оят  онҳо бояд дар ҷангҳо, даст ба харобкорӣ мезаданд ва бо ин васф Паёмбар(с) намебоист дар як набард ҳам пирӯз шаванд.

Саҳоба дар ҳар як ҷанг ба навбати худ қаҳрамонӣ ва рашодат аз худ нишон доданд. Аҳли ташаюъ фақат корҳои Алӣ(р)ро зикр мекунад ва дуруғ ҳам мегӯяд. Мо ҳам қабул дорем ва ба он ифтихор мекунем, вале дар ҷангҳо ҳамаи Асҳоб нақши асоси доштанд. Масалан: ҷанги Хайбарро ба ёд биёварем. Шакке нест, ки қаҳрамони бузӯрги ин ҷанг ҳазрати Алӣ(р) буд. Аммо дигарон ҳам саҳм доштанд. Масалан дар ибтидои ҷанг, яъне шаби ҳафтум вақте ҳазрати Умар(р) як яҳудиро асир гирифт, кори мусалмонон осон шуд, зеро он яҳудӣ аз тарси ҷон, ҳама розҳои Хайбарро барои мусалмонон гуфт. Пас оё ин кори Умар(р) харобкорӣ буд ё созандагӣ ва кӯмак ба мусалмонҳо?

Пас ин оят, ки мунофиқонро харобкор дар маъракаҳо ва ҷосӯс меномад, бо амалкарди Асҳоб сад дар сад мухолиф ва дар самти акси корҳои Саҳоба аст.

3. Эрод ба Расули Худо(с).

﴿وَمِنْهُمْ مَنْ يَلْمِزُكَ فِي الصَّدَقَاتِ فَإِنْ أُعْطُوا مِنْهَا رَضُوا وَإِنْ لَمْ يُعْطَوْا مِنْهَا إِذَا هُمْ يَسْخَطُونَ[4].

"Ва дар миёни онҳо касоне ҳастанд, ки дар (тақсими ғаноим), бар тӯ эрод мегиранд, агар аз он (ғаноим саҳме) ба онҳо дода шавад, розӣ мешаванд ва агар дода нашавад, хашм мегиранд (хоҳ ҳаққи онҳо бошад, ё на)".

Ин сифоти мунофиқин буда ва ҳаст ва нашунидам, ки аҳли ташаюъ ҳам бигӯянд, ки ҳазрати Абӯбакру Умар ва Усмон(р) ба Паёмбар(с) дар тақсими ғаноим, эрод мегирифтанд, балки ба гувоҳи Қуръон ва тарих, онҳо худ дар роҳи Худо инфоқ мекарданд, хусусан ҳазрати Усмон(р) дар ин кор гули сабад ва сармади дигарон буданд.

Пас ин сифоти мунофиқин, низ бо ахлоқи Саҳоба мутобақат надорад, балки фарқ байни замин то осмон аст.

4. Залил ҳастанд.

﴿يَقُولُونَ لَئِنْ رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَهِ لَيُخْرِجَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ وَلِلَّهِ الْعِزَّهُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لا يَعْلَمُونَ[5].

"Онҳо мегӯянд: Агар ба Мадина боз гардем, азизон залилонро берӯн мекунанд! Дар ҳоле, ки иззат махсуси Худо ва Расулаш ва мӯминон аст, вале мунофиқин намедонанд".

Кист, ки надонад дар Мадина азизтарин мардум, Асҳоб буданд. Дар он шаҳр подшоҳӣ карданд ва ҳукм ва қазоват ба дасташон буд ва залилтарини мардум, мунофиқон ва ёрони Абдуллоҳ бини Убай буданд, ҳатто писараш бо ӯ мухолиф буд. Пас ин сифат ҳам бо ахлоқи Саҳоба ҳамхонӣ надорад, зеро онҳо дар асри худ, азиз буданд ва ба назарам то имрӯз низ чун онҳо, азизон ва қудратманде пайдо нашуд.


5. Ба ҷанги Румиҳо нарафтанд.

﴿فَرِحَ الْمُخَلَّفُونَ بِمَقْعَدِهِمْ خِلافَ رَسُولِ اللَّهِ وَكَرِهُوا أَنْ يُجَاهِدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَقَالُوا لا تَنْفِرُوا فِي الْحَرِّ قُلْ نَارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرّاً لَوْ كَانُوا يَفْقَهُونَ فَلْيَضْحَكُوا قَلِيلاً وَلْيَبْكُوا كَثِيراً جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ[6].

"Тахаллуфчуён (аз ҷанги Табӯк) аз мухолифат бо Расули Худо хушҳол шуданд ва кароҳат доштанд, ки бо амвол ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод кунанд ва (ба якдигар ва ба мӯминон) гуфтанд: дар ин гармӣ, (ба сӯйи майдон) ҳаракат накунед! (ба онон) бигӯ: оташи дузах азин ҳам гармтар аст, агар медонистанд, азин рӯ бояд онҳо камтар биханданд ва бисёр бигирянд! (чаро, ки оташи чаҳаннам, дар интизорашон аст), ин ҷазои аъмолест, ки анҷом медоданд".

Ин оят дар бораи ҷанги Рӯм аст. Мунофиқин ба ҷанги Табӯк нарафтанд, дар ҳоле ки дар он 30 ҳазор шамшерзани мусалмон ва аз ҷумла Асҳоби Кибори мабғузи баъзеҳо ширкат доштанд, пас набояд онҳоро мунофиқ бидонем, зеро Худо мунофиқонро васф карда ва мӯминонро низ ин тавр васф мекунад:

﴿لَكِنِ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ جَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ وَأُولَئِكَ لَهُمُ الْخَيْرَاتُ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُون أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ[7].

"Ва Паёмбар ва касоне, ки ба ӯ имон оварданд, бо мол ва ҷонҳояшон ҷиҳод карданд ва ҳама некиҳо барои онҳост ва онҳо ҳамоно растагоронанд! Худованд барои онҳо боғҳое аз биҳишт фароҳам сохта, ки дарёҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ҷовидон дар он хоҳанд буд ва инаст растагорӣ (ва пирузии) бузӯрг".

Дар хона агар кас аст, як ҳарф басаст. Далели возеҳ омад, ки рафтори мунофиқон бо он чӣ аз кирдори Саҳоба шунидаем, мунофот дорад. Ва ҳатто дар як маврид низ, нафақат татобуқ надорад, балки бар акс аст. Ин бор дар ин гуфтор мо фақат аз Қуръон далел овардем ва сухани Аллоҳро гувоҳ гирифтем. Аммо касоне, ки ҳавои нафсонии худро пайравӣ мекунанд, метавонад ҳамчунон дар ақидаи худ пофишорӣ кунад, ки манзур аз мунофиқини Мадина ҳомона Саҳоба буданд. Мо бо ӯ наметавонем баҳс кунем, вале дар ниҳоят инро умуман ба хонандагони худ мегӯем, ки агар инсон бидуни мантиқ, бихоҳад аз Қуръон чӣзеро исбот кунад, мутассифона ба роҳати метавонад он чиро, ки мехоҳад истинбот намояд. Ин ки фалон мегӯяд чӯн дар Қуръон омада ( وفي المدينة منافقون), пас Саҳоба мунофиқанд, монанди он ду нафаре аст, ки иддаъои паёмбарӣ карданд, яке номаш Насруллоҳ ва дигаре Фатҳуллоҳ буд. Мардум пурсиданд: далели нубувати шумо чӣст? Гуфтанд: Қуръон! Пурсиданд: чӣ тавр? Ҷавоб доданд: дар Қуръон омада: إذا جاء نصر الله والفتح))  

Ва мо, ки Насруллоҳ ва Фатҳуллоҳ бошем омадаем, пас паёмбарем).

Туҳмат ва ифирои нифоқ бар Саҳоба низ, ҳамсони истидлоли Фатҳуллоҳ ва Насруллоҳ аст.

 



[1] : Сураи Тавба 101

[2] : Сураи Тавба 86-87

[3]: Сураи Тавба 48

[4] :  Сураи Тавба 58

[5] : Сураи Мунофиқин 8

[6] ӣ Сураи Тавба 81-82

[7] : Сураи Тавба 88-89


Тазод дар ақидаҳ
Нависанда: Муҳаммад Боқир Саҷҷӯдӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 548
-0 ---
: 14:55
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024