Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






Ҳадисҳои сохтагӣ ва заиф дар робита бо Алӣ ибни Абӯтолиб , разияллоҳу анҳу



Дар ин мақолаи таҳқиқотиам,ки дар мавриди баъзе аз аҳодисе,ки  аз расули акрам (с) дар мавриди Алӣ ибни Абутолиб (р) омадааст ва дар онҳо халале вуҷуд дорад  ё мавзуъанд ё заиф онҳоро равшани меандозем.Ин таҳқиқот аз кутуби ҳадис истифода шудаанд ва санадҳои онҳоро низ мавриди пешкаши шумо азизон мегардонам то аз санадҳои онҳо бо хабар бошед.

1- «Худо дар шаби меъроҷ дар робита бо Алӣ , разияллоҳу анҳу, се чизро ба ман ваҳй кард: Ин, ки ӯ сарвари мӯъминон аст; ва имоми муттақиён аст; ва фармондеҳ ва сардори беназир ва ягон аст».

(Ин ҳадис Мавзӯъ аст, Силсила аҳодиси заиф, Албонӣ шумораи 353. Муроҷеа шавад)

2- «Се кас    тақаддум ҷустаанд: Юшаъ ибни Нун ба сӯи Мусо (а) тақаддум ҷуста; Соҳиби Ёсин ба Исо (а) тақаддум ҷуста; ва Алӣ ибни Абӯтолиб ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам тақаддум ҷуста».

( Ин ҳадис ҷиддан(хело) заиф аст. Силсила аҳодиси заиф шумораи 358 ва заифул- ҷомиъ шумораи 3334 муроҷеа шавад)

3-  «Алӣ имоми некукорон аст ва қотили фоҷирон аст. Касе, ки ӯро ёрӣ диҳад ёрӣ хоҳад шуд ва касе, ки ӯро хор кунад хору дармонда хоҳад шуд».

Ин ҳадис Мавзӯъ аст. Силсила аҳодиси заиф, Албонӣ, шумораи 357 ва Заифул- ҷомеъ 37799 муроҷеа шавад)

4- «Муборизаи Алӣ ибни Абӯтолиб бо Амр ибни Абдивад дар рӯзи Хандақ то рӯзи қиёмат аз ҳамаи умматам афзалтар аст».

Ин ҳадис дуруғ аст.  Силсила аҳодиси заифа, шумораи 400 муроҷеа шавад)

5- «Худоё!   бандаи Алӣ ба хотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам худашро ҳабс карда, пас нур ва дурахшиши онро ба ӯ боз гардон!» (ва дар ривояте): «Худоё! ӯ дар тоати  Ту  ва тоати Паёмбарат саллаллоҳу алайҳи ва саллам буда, пас офтобро барои ӯ биёвар», Асмо гуфт: «Дидам, ки ғуруб кард, сипас дидам, ки баъд аз он ғуруб дубора тулуъ кард».

(Ин ҳадис мавзӯъ аст  Силсила аҳодиси заиф, шумораи 971, Албонӣ муроҷеа шавад)

6- «Худованди мутаъол ба ман дастур дода, ки чаҳор нафарро дӯст дошта бошам ва ба ман хабар дода, ки онҳоро дӯст медорад» гуфта шуд: «Эй Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам! Онҳо чӣ касоне ҳастанд?  (ва дар ривояте: «Онҳоро барои мо номбар кун!)» фармуд: «Алӣ аз онҳо аст, инро се бор мегӯяд, низ Абӯзар , разияллоҳу анҳу,, Салмон , разияллоҳу анҳу, ва Миқдод , разияллоҳу анҳу, ба ман дастур дод,  ки онҳоро дӯст бедорам ва ба ман хабар дода, ки онҳоро дӯст медорад».

(Ин ҳадис Заиф аст, Силсила аҳодиси заиф, Албонӣ шумораҳои 1549 ва 3128 ва Заифул- ҷомеъ, 1566 ва Заифу сунани Тирмизӣ, 771, ва Заифу сунани Ибни Моҷа, 28, Алмишкот 6249 муроҷеа шавад)

7-  «Ман шаҳри илм ҳастам ва Алӣ дарвозаи он аст, пас касе, ки хоҳони илм аст бояд аз дари он дарояд».

Ин ҳадис Мавзӯъ аст. Силсила  аҳодиси заиф, шумораи 2955 муроҷеа шавад)

8- «Ман бандаи Худо ва бародари Расули Худо ва сиддиқи акбар ҳастам, баъд аз ман касе инро намегӯяд магар ин, ки каззоб аст, ҳафт сол пеш аз мардум намоз гузоридам».

( Ин ҳадис ботил аст. Заифу сунани Ибни Моҷа, шумораи 23 муроҷеа шавад)

9- «Худо ба Алӣ раҳм кунад, Худоё! ба ҳар ҷо, ки рафт ҳақро бо ӯ бичархон!».

Ин ҳадис Ҷиддин(хело) заиф аст. Силсила  аҳодиси заиф, 2094, Заифул -ҷомеъ 3095, Заифу сунани Тармизӣ 767, Алмишикот 6125 муроҷеа шавад)

10- «Алӣ бо Қуръон аст ва Қуръон бо Алӣ аст, он ду аз  ҳам ҷудо намешаванд то ин, ки бар ҳавзи Кавсар медароянд».

(Ин ҳадис Заиф аст. Заифул - ҷомеъ, шумораи 3802 муроҷеа шавад)

11- «Алӣ сардасти мӯъминон аст ва молу сарват сардастаи мунофиқон аст».

( Ин ҳадис Заиф аст Заифул - ҷомиъ 3805 муроҷеа шавад)

12= « Дар шаби меъроҷ дар бораи Алӣ се чиз ба ман ваҳй шуд: ӯ сайид ва сарвари  мусалмонон аст, валии  муттақин (парҳезкорон) ва  раҳбари бе назир аст».

Мавзӯъ аст.  Силсила  аҳодиси заиф, Олбонӣ 4889.

13= «Эй Анас! Сайиди арабро барои ман фаро бихон- мақсудаш Алӣ аст- », он гоҳ Оиша , разияллоҳу анҳо, гуфт: Оё ту сайиди араб нестӣ?

Гуфт: «Ман сарвар ва сардори фарзанди одам ҳастам ва Алӣ сайиди араб аст. Эй ҷамоати ансор! Оё  шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар ба он чанг занед, ҳаргиз баъд аз он гумроҳ намешавед?! гуфтанд:

«Бале эй Расули Худо! фармуд: «Ин Алӣ аст, ӯро эҳтиром бигузоред, зеро Ҷабраил (а) аз тарафи Худои азза ва ҷалла ончиро, ки ба шумо гуфтам ба ман амр фармуд»:

( Ин ҳадис Мавзӯъ аст. Сил-сила  аҳодиси заиф, шумораи 4890 муроҷеа шавад)

14- «Ту ончиро, ки уммати ман баъд аз ман дар он дучори ихтилоф мешаванд, барои онҳо равшан ва баён менамоӣ».

( Ин ҳадис Мавзӯъ аст. Сил-сила аҳодиси заиф, шумораи 4891 муроҷеа шавад)

15- «Ман инзоркунанда ҳастам ва Алӣ ҳидоятдиҳанда. Эй Алӣ! Ба василаи ту ҳидоятёфтагон – баъд аз ман - ҳидоят меёбанд».

Ин ҳадис Мавзӯъ аст. Сил-сила аҳодиси заиф, шумораи 4899 муроҷеа шавад)

16-  «Вақте, ки ба меъроҷ рафтам дидам, ки дар токи арш навишта шуда буд: Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур- Расулуллоҳ, баргузидаам аз халқам, ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро бо Алӣ таъйид бахшидам ва ёрӣ кардам».

( Ин ҳадис Мавзӯъ аст. Силсила аҳодиси заиф, шумораи 4902 муроҷеа шавад)

17- «Ҳар кас, ки мехоҳад амали Одам (а) ва фаҳми Нуҳ (а) ва бурдбории Иброҳим (а), зуҳди Яҳё (а) ва шуҷоати Мусо (а)- ро мушоҳида кунад, пас бояд ба Алӣ разияллоҳу анҳу, нигоҳ кунад!».

Ин ҳадис  дар Силсилаи заифа, мавзӯъ, шумораи 4903 муроҷеа шавад)

18- «Ноқисин, қоситин ва мориқин (гумроҳон) дар кучаҳо ва наҳрҳо ва қуллаҳо бо ҳам ҷанг мекунанд».

Ин ҳадис Мавзӯъ аст. Силсила аҳодиси заиф, шумораи 4922 муроҷеа шавад)

19- Ин оят: «Ё айюҳаррасулу баллиғ мо унзила илайка мин раббика» дар рӯзи  Ғадири Хум дар робита бо Алӣ , разияллоҳу анҳу, нозил шуд».

(Ин ҳадис Мавзӯъ аст Силсилаи аҳодиси заиф, шумораи 4922 муроҷеа шавад)

20- «Вақте, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар Ғадири Хум, Алӣ , разияллоҳу анҳуро таъйин кард ва вилояти ӯро эълон кард, Ҷабраил (а) фуруд омад ва ин оятро овард: «Ал-явма акмалту лакум динакум ва атмамту алайкум ниъмати».

Ин ҳадис Мавзӯъ аст. Сил-сила  аҳодиси заиф, шумораи 4923 муроҷеа шавад)

21- «Ин бародар, васӣ ва халифаи ман дар миёни шумо аст, пас ӯро гӯш кунед ва аз ӯ итоат кунед!» (мақсудаш Алӣ , разияллоҳу анҳу, аст).

Ин ҳадис Мувӯзъ аст. Сил-сила аҳодиси заиф, шумораи 4932 муроҷеа шавад)

22= «Шуморо ба Худо савганд медиҳам, ки оё дар миёни шумо ҳаст касе, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҳангоме, ки миёни мусалмонон пайванди бародарӣ ва уҳувват барқарор намуд- ба ғайр аз ман-  миёни худ ва ӯ пайванди бародарӣ барқарор карда бошад?» гуфтанд: «Не ба Худо!».

(Ин ҳадис Мавзӯъ аст. Сил-сила  аҳодиси заиф, шумораи 4949 муроҷеа шавад)

23- «Шамшере нест ҷуз «Зулфиқор» ва ҷавонмарде  нест ҷуз Алӣ , разияллоҳу анҳу».

Ин ҳадис дуруғ  аст бар Алӣ , разияллоҳу анҳу,. Минҳоҷус- суннат 5\ 70 муроҷеа шавад)

24- «Дӯстӣ ва алоқа ба Алӣ , разияллоҳу анҳу, ҳасана ва некие аст, ки ҳеҷ гуноҳе бо он зиёне надорад ва мабғуз (нафрат) доштани вай як гуноҳе аст, ки ҳеҷ ҳасана ва хубие ҳамроҳ бо он фоидае надоранд».

(Ин сухан ба дуруғ ба Алӣ , разияллоҳу анҳу, нисбат дода шудааст. Минҳоҷус -суннат 5\73 муроҷеа шавад)

25- «Сақалайн: Яке китоби Худо аст, ки як тарафи он ба дасти Худованди мутаъол ва тарафи дигари он ба дасти шумо аст, пас ба он чанг занед ва гумроҳ нашавед ва дигарӣ «итрат» ва хонаводаи ман аст. Худои латиф ва огоҳ ба ман хабар дода, ки қуръон ва аҳли байти ман аз  ҳам ҷудо намешавад то ин, ки (бо ҳам) бар ҳавзи Кавсар ворид мешаванд. Инро барои он ду аз Парвардигори худ дархост кардам, пас аз онҳо пеш наафтед, ки ҳалок мешавед ва аз онҳо кӯтоҳӣ наварзед, ки ҳалок мешавед ва ба онҳо (аҳли байтам) ёд надиҳед, ки аз шумо донотар ҳастанд».

Ин ҳадис Заиф аст.  Сил-сила аҳодиси заиф, шумораи 4914 муроҷеа шавад)

26- «Шинохти Оли байт наҷот ёфтан аз оташ аст  ва муҳаббат ба аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам гузоштан аз «сирот» аст ва вилояти Оли муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, амният ёфтан аз азоб аст».

Ин ҳадис Мавзӯъ аст. Сил-сила аҳодиси заиф шумораи 4917 муроҷеа шавад)

27-«Ин бародари ман, васӣ ва халифаи баъд аз ман аст, ба ӯ гӯш диҳед ва аз ӯ итоат кунед».

(Ин ҳадис аз назари матн ва санад ботил аст аз назари санад ба ин далел, ки дар он Абдулғаффор ибни Қосим вуҷуд дорад, ки  Заҳабӣ дар бораи ӯ гуфтааст: «Абу Марями ансорӣ рофизӣ аст, мавсуқ ва муътабар нест». Алӣ ибни Мадинӣ гуфтааст: «Ҳадис вазъ мекард». Мизонул- иътидол 2\ 640 муроҷеа шавад)

28- «Васӣ ва ҷойгоҳи асрор ва розҳои ман ҳамон Алӣ ибни Абӯтолиб аст ва беҳтарин касе ки баъд аз худам боқӣ гузоштам, ки ваъдаамро анҷом медиҳад ва қарзамро мепардозад, Алӣ ибни Абӯтолиб , разияллоҳу анҳу, аст».

Ҳайсамӣ ин ҳадисро дар Маҷмаъуз-завоид ривоят кардааст 9\ 141 ва онро ба Табаронӣ нисбат додааст ва гуфтааст: «Дар он Носиҳ ибни Абдуллоҳ вуҷуд дорад, ки матрукул  - ҳадис аст муроҷеа шавад)

29- «Ман сарзамини ҳикмат ҳастам ва Алӣ дарвозаи он аст».

(Тирмизӣ онро ривоят карда ва Абу Наъим дар мавриди ин сухани Тирмизӣ, ки мегӯяд:

«Ин ҳадис ғариб ва мункар аст», сукут ихтиёр кардааст.

Ин ҳадисро мо аз яке аз мавсуқҳои шарҳкунандагони ҳадис нашинохтаем, шумораи 3723 ва Ибни Ҷавзӣ гуфтааст: «Ин ҳадис мавзӯъ аст, Мишкотул- масобиҳ 3\1777 ва Ибни Ҷавзӣ ҳукм карда, ки ин ҳадис макзуб аст. Алмавзӯъот 1\349» муроҷеа шавад)

30- «Ту эй Алӣ!  Ва шиъаат « Улойка ҳум хайрул бария» яъне онҳо  беҳтарин инсонҳо ҳастанд».

Дар ин ҳадис Абулҷоруд Зиёд ибни Мунзар Ал-Куфӣ вуҷуд дорад, ки Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар бораи ӯ гуфтааст: «Рофизӣ аст». Яҳё ибни Муъин  ӯро дуруғгу донистааст. Аттақриб 201 муроҷеа шавад)

31- «Худованди мутаъол дар бораи Алӣ , разияллоҳу анҳу, се чизро ба ман ваҳй кард: ӯ сарвари мӯъминон; имоми муттақиён; ва фармондеҳӣ ғурри муҳаҷҷалин аст».

(Ҳофиз гуфтааст: «Ҳоким дар маноқиб гуфта санади ин ҳадис саҳеҳ аст вале «мегӯям, ки  ҷиддан(хело) заиф аст ва низ мунқатиъ аст». Итуҳофул-муҳра 1\ 344. Ин чунин рад карда аст Имом Заҳаби ин ҳадисро чуноне,ки омадааст дар таълиқаш дар мавриди ин ҳадис  дар Мустадрак 3\139,ки чунин  гуфта, ки Умар ибни Ҳусайни Ақилӣ ва устодаш Яҳё ибни Алои Розӣ ҳар ду мартрӯкул- ҳадис ҳастанд, балки баён карда, ки ин ҳадис мавзӯъ аст муроҷеа шавад ба ин масодири зикр гардида)

32- «Ваҳ! Ваҳ! Барои ту эй Алӣ! ба мавлои мо ва мавлои  ҳар имондори мард ва зане табдил шудӣ».

(Дар ин ривоят Алӣ ибни Зайд ибни Ҷадъон вуҷуд дорад, ки Ҷузҷонӣ дар бораи ӯ гуфтааст, ки воҳиюл - ҳадис (суст, заиф) ва заиф аст. «Ашшаҷара фи аҳволир – риҷол с. 194.

Ибни Ҷавзӣ дар «Илалул- мутаноҳия фил-аҳодисил- воҳияти» 1\ 226 гуфтааст: «Ин ҳадис ҷоиз нест, ки мавриди истидлол қарор бигирад ва аз болои ӯ то Абуҳурайра , разияллоҳу анҳу, ҳамагӣ заиф ҳастанд» ва Баззор  гуфтааст: «ҷамоате аз аҳли илм дар бораи он сухан гуфтаанд, Кашфул - истор 490- ва Дорқутнӣ гуфтааст: «Қавӣ нест». Сунани Дорқутнӣ 1\103 муроҷеа шавад)

33- «Худо ба Алӣ , разияллоҳу анҳу, раҳм кунад, Худоё! ба ҳар ҷо, ки рафт ҳақро бо ӯ бичархон!».

Ҳоким онро ривоят карда ва гуфтааст шарти Шайхайн саҳеҳ аст. Алмустадрак 3\125. Дар он Мухтор ибни Нофиъи Тамимӣ вуҷуд дорад, ки Заҳабӣ дар шарҳи (сухани) Ҳоким мегӯяд: «Мухтор соқит ва Ҳофиз гуфтааст».  «Мухтор заиф аст» Аттақриб 6522 муроҷеа шавад)

34- «Алӣ бародари ман дар дунё ва охиратаст».

Заиф аст. (Ба заъифу ҷомиъи Албони нигоҳ кунед 3801).

35- «Алӣ дари «ҳитта (кам кардани гуноҳ) аст, ҳар кас вориди он шавад амният мешавад».

Мавзӯъ аст. Дар он  Ҳусайни Ашқар  вуҷуд дорад. Бухорӣ гуфтааст: «Дар он назар вуҷуд дорад». Атторихул- кабир 2\ 2862 ва гуфта: «Корҳои мункаре аз ӯ сар зада». Атторихуссағир 2\ 319. Сил-силаи аҳодиси заиф, Албонӣ 3913 муроҷеа шавад)

36- «Алӣ беҳтарин инсон аст, ҳар кас саркашӣ кунад, куфр варзидааст».

(Мавзӯъ аст. Ҳофиз ибни Ҳаҷар гуфтааст: Ибни Адӣ ин ривоятро аз тариқҳое истихроҷ карда, ки ҳамагӣ заиф ҳастанд». Тасдидулқавс 3\89. Заҳабӣ гуфтааст: «Ин ҳадис мункар аст» ва  Заҳабӣ ин ҳадисро ба ин васф карда, ки ботили ошкор аст. Мазонул - иътидол 1\ 521.

Ва Ибни Ҷавзӣ дар мавзӯъот 1\ 348 ба ин мароҷеъ муроҷеа шавад)

37- «Ту донистӣ, ки Алӣ ду ё се бор аз падарам барои ту маҳбубтар аст».

(Албонӣ ин ҳадисро заиф донистааст. Заъифи Абудовуд с. 491.)

38- «Масали аҳли байтам масали киштии  Нуҳ (а) аст. Ҳар кас савори он шавад наҷот меёбад ва ҳар кас  аз он ақиб бимонад ғарқ  мешавад».

(Табарони ин ҳадисро дар Алкабир 3\37 ва Ҳайсамӣ 9\168 ривоят кардаанд. Дар санади он Абдуллоҳ ибни Доҳир ва Ҳасан ибни  Аби Ҷаъфар вуҷуд дорад, ки ҳар ду - тибқи гуфтаи Ҳайсамӣ – матрӯкул – ҳадис  ҳастанд муроҷеа шавад)

39-  «Ҳар кас дӯст дорад, ки мисли ман зиндагӣ кунад ва мисли ман бимирад ва дар биҳишти абадие, ки Парвардигорам  ба ман ваъда додааст ҷой бигирад ва бо дасти худ ниҳолҳои онро бишнонад, пас Алӣ ибни Абӯтолибро дӯст бидорад ва вилояти ӯро қабул кунад».

(Ҳоким онро саҳеҳ дониста 3\128.  Заҳабӣ дар мавриди он тавзеҳ дода, ки дар он Қасим вуҷуд дорад, ки матрук аст, шайхи ӯ ҳам заиф аст ӯ Яҳё ибни Алии Асламӣ аст.

Ҳофиз дар Тақриб 7677 гуфтааст: «ӯ шиъии заиф» аст», аммо ӯ дар зикри номи Асламӣ хато кардааст ва ӯро «Маҳорибӣ» ном ниҳода ва Абудулҳусайн дар Муроҷиъот аз ин хато ба ишддат истифода кардааст.)

40- «Ҳарчиро, ки Худо ба ман илҳом карда ба Алӣ , разияллоҳу анҳу, ҳам илҳом кардааст».

(Ҳадиси мавзӯъ аст. Алмавзӯъот 1\131. Асналматолиб 1262 муроҷеа шавад)

41-«Дӯстдори ту дӯстдори ман аст ва дӯстдори ман дӯстдори Худо  аст ва душмандори ту душмандори ман аст ва  душмандори ман душмандори  Худо аст».

(Ҳофиз гуфтааст: «Ибни Арабӣ онро ривоят карда, ки ӯ ботил ва бепоя аст». Лисонулмизон 2\109 муроҷеа шавад)

42-«Эй Алӣ!  мужда бидеҳ, ки  ту ва ёронат дар биҳиштед. Эй Алӣ!

Оё намози асрро хондаӣ?» гуфт: «не» гуфт: «Худоё! ту медонӣ, ки ӯ саргарми ҳоҷати ту ва ҳоҷати Расули ту аст, пас офтобро дубора барои ӯ берун биёвар!». Гуфт: «Онро барои ӯ дубора берун овард ва  Алӣ , разияллоҳу анҳу, намози асрро хонд ва офтоб ғоиб шуд».

Дар охир бояд зикр намоям,ки мақсад аз навиштани ин мақола ва таҳқиқ дар ин маврид Худое нахоста костан аз обурӯйи Ҳазрати Али карамаллоҳу ваҷҳу нест балке ҳимоя ащ ӯ ва дӯр кардани ифтироот ба ин ҳазрат аст.Агар кассе аз шумо дар мавриди илми ҳадис огоҳи дошта бошед медонед,ки он чиқадар илми дақиқест барои мушахас намудани санади он зеро бидуни санад ҳадис гирифта намешавад.Мо ҳатто дар мавриди Имом Абуҳанифа(раҳ),ки имоми мазҳаби мост ба бархе аз аҳодисе рубарӯ мешавем,ки сохтаги ва ҷаълианд масалан: «Абуҳанифа чароғи уммати манаст» гуё Расули акрам (с) гуфтааст вале мо онро намепазирем оё аз обурӯйи имом Абуҳанифа чизеро костем ? Ҳаргиз на. Обурӯйи имом ҳамеша дар офоқ ва вирди забонҳост ва пайравонаш як бахши азими ҷомеаи ҷаҳониро дарбар мегиранд.Аз ин ҷиҳат мо бояд ҳамеша ҳангоме,ки сухан мегуем истидлол меорем ҳамеша бо ҳадисе сухан гуем,ки он саҳеҳ бошад зеро дини ислом дини комил аст ва он ниёз ба аҳодиси сохтаги ва ҷаъли надорад.Дар мавриди Ҳазрати Али (р) дар кутуби ҳадис ба аҳодиси саҳеҳи зиёде рубарӯ мешавем,ки ҳам аз нигоҳи санад ва ҳам аз нигоҳи фазилат  бо як дигар муъориз нестанд ва онҳоро мехонем ва мепазирем.Вале ифрот ва калиди ҷаннат ва дузахро дар дасти ҳеҷ кас ҷуз Худо намедонем ва Шафоатро дар рӯзи қиёмат аз Расули акрам (с)  таманно дорем албатта бояд дар зиндагиамон тибқи китоби Худо ва  суннати он ҳазрат амал намоем то дар он рӯз шафоатро шарафёб шавем вагарна онро бо сухан ва дили соф дорем гуфтанҳоямон соҳиб нахоҳем шуд.

Дӯст дори шумо

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН


http://wasatiyat.tj/


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 674
-0 ---
: 22:36
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024