Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 394



Теги

Дӯстон






Аввал: Абӯбакри Сиддиқ(р).





Аввал: Абӯбакри Сиддиқ(р).

 

Эшон, Абдуллоҳ бин Усмон бин Омир бин Каъб, ки насабаш бо насаби Паёмбар(с) дар Мурраҳ бин Каъб васл мешавад, аст. Ду солу шаш моҳ баъд аз воқеъаи соли Фил ба дӯнё амада ва нахӯстин марди Ислом ба шумор меравад.

Дар фазилати ӯ оёт ва аҳодиси зиёде ворид шудааст, аз ҷумла:

1.                Худованд мефармояд:

 " وَالَّذِي جَاءَ بِالصِّدْقِ وَصَدَّقَ بِهِ أُوْلَئِكَ هُمْ الْمُتَّقُونَ"[1].

"Ва аммо касе, ки сухани рост биёварад ва касе, ки онро тасдиқ кунад, онон парҳезгоронанд".

Ибни Ҷарир ба нақл аз  Алӣ бин Абитолиб(р) ривоят мекунад, ки мурод аз оят: " وَالَّذِي جَاءَ بِالصِّدْقِ", Муҳаммад(с) мебошад ва мурод аз " صَدَّقَ بِهِ", Абӯбакр мебошад.

2. Худованд мефармояд:

 "إِنْ تَتُوبَا إِلَى اللَّهِ فَقَدْ صَغَتْ قُلُوبُكُمَا وَإِنْ تَظَاهَرَا عَلَيْهِ فَإِنَّ اللَّهَ هُوَ مَوْلَاهُ وَجِبْرِيلُ وَصَالِحُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمَلَائِكَةُ بَعْدَ ذَلِكَ ظَهِيرٌ"[2]

"Агар шумо ду зан тавба кунед, беҳтар аст, зеро дилҳоятон аз ҳақ бозгаштааст. Ва агар барои озораш ҳамдаст шавед, Худо ёвари ӯст ва низ Ҷабраил ва мӯъминони солеҳ ва фаришгагон пас аз он ёвари ӯ хоҳанд буд".

Бисёре аз муфассирин, аз ҷумла Абдуллоҳ бин Аббос ва Абдуллоҳ бин Масъуд ва Абдуллоҳ бин Умар(р) ба ин боваранд, ки мақсуд аз: " َصَالِحُ الْمُؤْمِنِينَ", Абӯбакр ва Умар мебошад.

1.                Абӯсаъиди Хузрӣ(р) аз Расули Худо(с) ривоят мекунад, ки фармӯд:

 "إن من أمن الناس عليًّ في صحبته وماله أبوبكر، ولو كنت متخذا خليلا غير ربي، لاتخذت أبابكر، ولكن الإسلام ومودته، لا يبقين في المسجد باب إلا باب أبي بكر"[3].

"Касе, ки аз ҳама бештар дар рафоқат ва дӯстӣ ва бо мол ва дороии худ бар ман миннат дорад, ҳамоно Абӯбакр мебошад ва агар чунон чӣ ғайр аз Худо касеро ба унвони дӯст бар мегӯзидам, Абӯбакрро бар мегӯзидам, аммо дӯстӣ ва ухувати Исломӣ кофист. Тамоми дарҳое, ки ба масҷид боз шудаанд бибандед, ҷӯз дарвозаи хонаи Абӯбакр(р)ро".

Имои Қуртубӣ(р) мегӯяд: Маънои ин ҳадис чунин аст: Абӯбакр ҳақҳое дорад, ки агар ба ҷойи ӯ каси дигаре мебуд, бар ман миннат мегузошт, зеро ӯ нубувати Паёмбарро тасдиқ намуд дар холе, ки мардум ӯро такзиб мекарданд ва дороиҳои зиёдеро дар роҳи Худо харҷ намуд дар ҳоле, ки мардум бухл меварзиданд. Эшон ба Паёмбар(с) наздикӣ ва ҳамроҳӣ мекард, дар ҳоле, ки аз ӯ дӯрӣ мекарданд. Ӯ бо вуҷуди ин бо сина боз ва аз таҳи дил ва бо огоҳии комил медонист, ки фазл ва бартарӣ ва эҳсон ва некӣ азони Худо ва Расули Худо(с) мебошад ва миннат барои онҳост ва Паёмбар(с) низ бо ахлоқи каримона ва муъошарати хуб ва зебой худ ба фазилате, ки аз касе содир мешуд, эътироф менамуд ва касеро ки аъмоли неке аз ӯ содир мешавад сипос мекард, он ҳам ба поси шукр ва сипоси Худо, то мардум аз ӯ пайравӣ кунанд ва аз ӯ биёмузанд.

4. Аз Амр бин Ос(р) ривоят аст, ки мугӯяд: Аз Расули Худо(с) суол кардам:

"أي الناس أحب إليك؟ قال: عائشة، قلت: من الرجال؟ قال: أبوها، قلت: ثم من؟ قال: عمر بن الخطاب، فعد رجالاً"[4].

"Чи касе аз мардумро бештар дӯст медорӣ? Фармӯд: Ойша, гуфтам: Аз миёни мардҳо? Фармӯд: Падараш, гуфтам: сипас чи касе? Фармӯд: Умар бин Хаттоб, ва баъд аз ӯ чанд марди дигарро шумор кард".

Ин ҳадис сароҳатан ба фазилати Абӯбакр ва Умар ва Ойша(р) ишора дорад ва низ далели возеҳ ва ошкор бар фазилати Абӯбакр(р), сипас Умар ва бар тамоми Саҳоба ва ёрони Паёмбар(с ) аст.

5. Муҳаммад бин Ханафия мефармояд: Аз падарам (Али бин Абитолиб(р)) пурсидам:

 "أي الناس خير بعد رسول الله(ص)؟ قال: أبوبكر، قلت: ثم من؟ قال: عمر"

Алӣ бин Абӯтолиб(р) ба таври возеҳ ва сареҳ мефармояд, ки баъд аз Расули Худо(с) Абӯбакр(р) беҳтарини мардум мебошад ва баъд аз ӯ Умар беҳтарини мардум аст ва ин шаҳодат ва гувоҳист аз ҷониби Алӣ бин Абитолиб, ва чӣ гувоҳӣ ва шаҳодати нек ва ба ҷое


[1] : Сураи Зумар 33

[2] : сураи Тахрим 4

[3] : ривояти Бухори

[4] : Имом Бухори ва Муслим



Тарҷумаи китоб (Хайрукум қарнӣ)

Таҳиякунанда: Шууни авқоф ва шууни исломӣ-Кувайт  

Тарҷума: Исҳоқ бин Абӯллоҳ ал-Авазӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 418
-0 ---
: 14:21
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 2
Меҳмонҳо: 2
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024