Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 488



Теги

Дӯстон






Бидуни эътиқод ба Саҳоба имон комил намешавад.





Бидуни эътиқод ба Саҳоба имон комил намешавад.

Ин унвон шояд шуморо ба таъаҷҷуб во дорад, вале ин як ҳақикат аст, ки агар Саҳоба(р)ро аз Ислом ҳазф кунем, асли дин мавриди пурсиш қарор мегирад. Ҳар касе бояд бидонад, ки дини Ислом аз ду пояи асоси ташаккул ёфтааст, аввал Қуръон, дуввум Суннат.

Қуръон тавассути Саҳоба ҷамъоварӣ шуд. Агар мо дар садоқати Саҳоба шак кунем, чӣ гуна метавонем ба матни Қуръон имон ва яқин дошта бошем? Суннат низ, тавассути Саҳоба ба мо расидааст. Агар Саҳобаро мардуми ҳавасбоз ва нодурӯст бидонем, чӣ гуна суханонеро, ки аз Паёмбар(с) нақл кардаанд аз онон бипазирем ва бовар кунем? Шиъа ҷавоби ин ишколро пайдо кардааст. Онҳо як канали 12 наслӣ аз Паёмбар(с) дурӯст карда ва онро ба умматҳои баъдӣ, пайваст намудааст. Ин канали иртиботӣ, аз Алӣ(р) шурӯъ мешавад ва ба Маҳдӣ хатм мегардад. Аммо аз лиҳози ақлӣ ва илмӣ, канали хабаррасонии онҳо, ноқис аст.

Аввалан: Чун нафари чаҳорум дар ин канал, вақте ки падараш шаҳид шуд, ҳанӯз ба синни булӯғ нарасида буд ва аммо даҳум вақте, ки падараш реҳлат кард, писарбачаи ҳаштсола буд, аммо дувоздаҳум вақте, ки ӯҳдадори амри Уммат шуд, фақат панҷ сол дошт. Ҳоло суол инҷост, ки ин ҳама аҳодис чӣ гуна дар ҳифз ва ёди кудакони 5 ва 8 сола, боқӣ мондааст?

Дуввум: Фарзан агар ин канаали 12 наслиро қабул кунем, ин ишкол боқӣ мемонад, ки Алӣ(р), ки сарчашмаи ин канал аст, чун ҳамеша бо Паёмбар набуд, наметавонист, ҳамаи суханони Паёмбар ва ҳама аъмоли эшон, ки (маҷмуъан "суннат"ро ташкил медиҳанд), шоҳид буда бошад ва ба насли баъдӣ  мунтақил кунад. Ба таври мисол шакке нест, ки пас аз намози хуфтан дигар Алӣ(р) ба хонаи худ мерафт ва Паёмбар(с) ба хонаи худ ва намози шабу умури хонавода ва ғайраро Алӣ(р), шоҳид набуд, пас ин каналро агар қабул кунем наметавонем бигӯем, ки комил аст. Суннат вақте комил мешавад, ки ҳамаи ҳамроҳону ҳамсуҳбатон ва Асҳоби Паёмбар(с), он чӣ аз ӯ дидаанд, нақл кунанд ва вақте мо ҳама Асҳобро қабул накунем, яъне ҳама суннатро қабул надорем.

Олимони Шиъа ҷавоби ин ишколро ба ин сурат медиҳанд. Онҳо муддаъи ҳастанд, ки имомон мавҷудоти мофавқалбашар буданд ва илми ладдунӣ доштанд ва онҳо барои ёдгирии улум ба асбоб ва васоил ниёз надоштанд ва син дар дараҷаи сиҳати аҳодисе, ки аз онҳо дорем, ҳеҷ гуна таъсире надорад. Ин гуна эътиқоди онҳо, Аҳодис ва Қуръон аст ва бадиҳист, ки бар пояҳои илмӣ ва ақлӣ устувор нест, пас ҳар чиро, ки муфтариён хостаанд, ба Паёмбар ва Имомон нисбат додаанд ва чорае ғайр аз фикр кардан ва амал кардан ба ин наҳв низ надоранд, зеро онҳо Саҳобаро бадном намуданд ва худ роҳи хешро ба Паёмбар масдуд карданд, лиҳозо ночоранд, каналҳои хаёлӣ дурӯст кунанд, то иртиботашон бо Паёмбарро ба наҳве, собит созанд.

Аммо мо қадрдонони Саҳоба мегӯем, ки ҳазрати Муҳаммад(с), аҳвол ва ҳаракот ва аҳодисашон тавассути мардон ва занони Саҳоба ба таври дақиқ ба мо расидааст, ба таври мисол:

Ҳазрати Муҳаммад(с), вақте ки бо Ойша(р) издивоҷ кард, Ойша тоза ба синни булӯғ расида буд ва сипас беҳтарин солҳои ҷавонии худро дар хонаи ҳазрати Муҳаммад(с) сипарӣ кард ва шабу рӯз бо он Ҳазрат буд ва хотироти фаровоне аз он Ҳазрат дар ёди ӯ мондааст. Худованд(ҷ) ба он Ҳазрат фарзанде низ надод, то тамоми таваҷҷуҳаш ба Паёмбар бошад ва боз ба ин далел пас аз реҳлати Расули Худо низ, иҷозаи шавҳар кардан ба ӯ надод, ва шояд барои он ки аҳодиси Паёмбар паҳн шавад. Ба ҳазрати Ойша(р) умри тулони дод ба тавре, ки беш аз ним қарн пас аз вафоти Расули Худо(с) низ дар қайди ҳаёт буд ва мардум меомаданд ва хотироти вай аз он Ҳазратро ба сурати Аҳодис мешуниданд ва фаромӯш накунем, ки занони Паёмбар аз зинати дӯнё ҳам манъ шуда буданд ва ҳам худ баъдҳо аз он руйгардон буданд, то ҳама таваҷҷуҳашон равонаи амри бузӯрг, паҳн кардани Суннат бошад.

Ҳамин тавр, боқии Саҳоба ҳар кодом дар навбати худ чун ойинае, қисмате аз завоёи зиндагии Паёмбарро мунъакис карда ва ба наслҳои баъдӣ мунтақил намуданд ва инаст, ки имрӯз мо ҳатто хабар дорем он Ҳазрат ҳангоми вуруд ба масҷид, кадом пойро аввал мегӯзоштанд ва кадомро дуввум? ва далели мо ҳам возеҳ аст. Имрӯз аксари масоили марбут ба занонро тавассути ҳазрати Ойша(р) аз Паёмбар(с) фаҳмидаем. Аммо олимони Шиъа чӣ метавонанд бигӯянд. Онҳо танҳо ҳазрати Фотимаро қабул доранд. Фотима(р) вақте худро шинохт, ба хонаи Алӣ(р) рафт ва камтар Расули Худоро медид. Аммо Ойша(р) шабу рӯз бо ӯ буд. Ҳазрати Фотима пас аз реҳлати Расули Худо фақат 6 моҳ зинда буд, он ҳам ба гуфтаи уламои Шиъа, дар ин 6 моҳ кораш гирифтани дасти Ҳасан ва Ҳусайн ва рафтан ба гушае буд, барои гиря кардан ё гирифтани ҳаққи худаш аз Абӯбакр, на омухтан ва омузиши занони дигар. Аммо ҳазрати Ойша ним қарн баъд аз резлати Паёмбар(с), зинда буд ва мардум меомаданд ва аз ӯ умури динро мепурсиданд.

Пас, бар асоси илму мантиқ ва ақл, инкори Саҳоба, инъикосдиҳандагони аъмоли Муҳаммадӣ, инкори нубуват ва инкори Қуръон аст ва боварҳои хаёлӣ ва ақоиди хурофотӣ, низ наметавонад аз таъсири зарбае, ки бар асари инкори Саҳоба(р) ба Суннат ворид мешавад, чизе бикоҳад!!

 Ва дуруду саломи Худованд бар Муҳаммад ва тамоми Ол ва Асҳобаш бод!



Тазод дар ақидаҳ
Нависанда: Муҳаммад Боқир Саҷҷӯдӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 824
-0 ---
: 15:02
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024