Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оё медони, ки дарозтарин ояти Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 320



Теги

Дӯстон






Чаҳорум: Алӣ бин Абӯтолиб(р)




Чаҳорум: Алӣ бин Абӯтолиб(р)­­­­­­:

 

Ӯ Алӣ бин Абӯтолиб бин Абдулмутталиб бин Амуи Паёмбар ва шавҳари духтараш Фотима(р) аст. Эшон даҳ сол қабл аз беъсат дида ба дӯнё гушуд ва ӯ нахустин ҷавоне аст, ки мусалмон шудааст.

Куннияаш Абӯтуроб мебошад. Модараш Фотима духтари Асад бин Ҳошим бин Абдулманоф бин Қусай аст. Мегӯянд ӯ нахустин зани Ҳошимӣ аст, ки фарзанди Ҳошимиро ба дӯнё овардааст ва мусалмон шуда ва ҳиҷрат ҳам намудааст.

Аҳодиси зиёде дар фазилати эшон ворид шуда, ба унвони мисол:

1. Имоми Бухорӣ ва Муслим аз Саҳл бин Саъд аз Расули Худо(с) ривоят мекунанд, ки фармуданд: "Фардо парчамро ба марде хоҳам дод, ки Худованд фатҳ ва пирӯзиро ба дасти ӯ хоҳад намуд, Худо ва Расулашро дӯст дорад ва Худо ва Расулаш низ ӯро дӯст доранд, сипас он парчамро ба Алӣ(р) дод".

Шайх Сулаймон бин Абдуллоҳ бин Муҳаммад бин Абдулваҳоб мегӯяд: "Ҷумлаи: "يحب الله ورسوله ويحبه الله ورسوله" фазилати Алиро баён мекунад, зеро ки Паёмбар(с) бо он огоҳӣ додааст".

1.          Саъд бин Абиваққос(р) ривоят мекунад, ки Расули Худо(с) ба Алӣ фармуд:

 "أنت مني بمنزلة هارون من موسى إلا أنه لا نبي بعدي".

"Ту барои ман ба манзалаи Ҳорун барои Мусо ҳастӣ, магар ин ки баъд аз ман Паёмбаре нахоҳад омад"[1].

3. Алӣ(р) ривоят мекунад, ки

"والذي خلق الحبة وبرأ النسمة إنه لعهد النبي الأمي(ص) إليَّ أن لا يحبني إلا مؤمن، ولا يبغضني إلا منافق"

"Савганд ба Худое,  ки донаро офарида ва бодро халқ ва ба вазиш даровард, ин аҳд ва паймон Паёмбари Уммӣ аст, ки ҷӯз мумин касе маро дӯст намедорад ва ҷӯз мунофиқ касе аз ман нафрат ва хашм намедорад"[2].

4. Барро бин Озиб(р) нақл мекунад, ки Расули Худо(с) ба Алӣ чунин фармуд: "أنت مني وأنا منك". "Тӯ аз ман ва ман аз тӯ ҳастам"[3].

4. Абдуллоҳ бин Аббос(р) ривоят мекунад, ки Умар(р) гуфт:

"أقرأنا  أبي وأقضانا علي".

"Беҳтарин қории мо Убай бин Каъб ва беҳтарин қозӣ дар байни мо Алӣ бин Абӯтолиб аст"[4].

 




[1] : Ривояти имомон Бухорӣ ва Муслим

[2] : Ривояти имом Муслим

[3] : Ривояти имом Бухорӣ

[4] : Ривояти Бухорӣ



Тарҷумаи китоб (Хайрукум қарнӣ)

Таҳиякунанда: Шууни авқоф ва шууни исломӣ-Кувайт  

Тарҷума: Исҳоқ бин Абӯллоҳ ал-Авазӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 413
-0 ---
: 14:23
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024