Дуввум:
Умар бин Хаттоб(р).
Ӯ Умар бин Хаттоб
бин Нуфайл бин Абдуъуззо бин Рибоҳ бин Абдуллоҳ бин Қурт бин Ризоҳ бин Адий бин
Каъб бин Луйи бин Ғолиб, ва дар ҷаддаш, Каъб
бин Луйи ба Расули Худо(с) мепайвандад.
Эшон ҷиҳил сол қабл
аз ҳиҷрат дар Маккаи Мукаррама дида ба ҷаҳон гушуданд.
Аҳодиси бисёре дар
фазилати ӯ ворид шудааст, аз ҷумла:
1. Имом Бухорӣ ва
Муслим аз Абӯҳурайра(р) ривоят мекунанд, ки гуфт:
"بينا نحن عند
رسول الله(ص) إذ قال: بينا أنا نائم رأيتني في الجنة، فإذا امرأة تتوضأ إلى
جانب قصر، فقلت: لمن هذا القصر؟ قالوا:
لعمر، فذكرت غيرته فوليت مدبراً، فبكى عمر، وقال: أعليك أغار يا رسول الله".
"Мо назди Расули Худо(с) будем, он ҳазрат фармуданд: Дар ҳоле,
ки ман хоб будам худро дар биҳишт дидам,
дар ин асно занеро дидам, ки дар канори қасре вузӯ мекунад, гуфтам: ин кох ба чӣ
касе таъаллуқ дорад? Гуфтанд: Аз они Умар аст, пас ғайрат ва шаҳомати ӯро ба ёд
овардам ва пушт карда рафтам, пас Умар(р) ба гиря даромад ва гуфт: Дар баробари
тӯ эй Расули Худо шаҳомат мекунам?.
2. Саъд бин Абиваққос(р)
ривоят мекунад, ки Расули Худо(с) фармуд:
"يا ابن الخطاب! والذي نفسي بيده، ما لقيت
شيطاناً فجاً قط إلا سلك فجاً آخر".
"Эй фарзанди Хаттоб! Савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти ӯст,
шайтон тӯро дар ҳеҷ роҳе надида, магар ин ки он роҳро тарк карда ва роҳи
дигареро дар пеш мегирад".
3. Дигар фазоили Умар бин Хаттоб ин аст, ки
Расули Худо(с) шаҳид шуданашро хабар дода ва хабари Паёмбар(с) таҳқиқ ёфт ва
Умар ба дасти Абӯлулуйи маҷӯсии палид ва золим ба шаҳодат расид.
Анас бин Молик(р)
ривоят мекунад, ки:
"صعد
النبي(ص) أحداً ومعه أبوبكر وعمر وعثمان، فرجف بهم فضربه برجله وقال: أثبت أحد،
فما عليك إلا نبي أو صديق أو شهيدان".
"Рӯзе Расули Худо(с) ва Абӯбакр ва Умар ва Усмон бар куҳи
Уҳуд боло мешуданд, дар ин асно куҳ ба ларза даромад. Паёмбар(с) бо
пойи муборакаш ба он кӯбид ва фармӯд: Эй Уҳуд! Ором бош, чаро ки бар болои тӯ ғайр
аз як Набӣ, як Сиддиқ ва дӯ Шаҳид каси дигаре вуҷуд надорад".
4. Дигар фазоили
Умар(р) ризоият ва хушнудии тамоми Асҳоб аз ӯ ва ситоишҳоест, ки бузургони Саҳоба
дар мавриди ӯ баён доштанд, аз ҷӯмла он чӣ имом Бухорӣ аз Мисвар бин Махрама
ривоят карда, ки гуфт:
"لما
طعن عمر جعل يألم، فقال له ابن عباس وكأنه
يجزعه: يا أمير المؤمنين ولئن كان ذلك لقد صحبت رسول الله(ص) فأحسنت صحبته، ثم
فارقته وهو عنك راض، ثم صحبت أبا بكر،
فإحسنت صحبته، ثم فارقته وهو عنك راض، ثم صحبت صحبته، ولئن فارقتهم لتفارقهم وهم
عنك راضون".
"Вақте, ки Умар(р) зарбат хурд ва аз шиддати дард менолид,
Ибни Аббос мехост бо ӯ хамдардӣ кунад, лизо ба ӯ гуфт: Эй Амири муминон! Дурӯст
аст, ки бо тӯ чунин коре шуда, аммо тӯ беҳтарин рафиқ ва ёвари Паёмбар будӣ ва
эшон реҳлат карданд дар ҳоле, ки аз тӯ розӣ буданд, сипас бо Абӯбакр рафоқат ва
дӯстӣ намудӣ ва дӯстият бо ӯ хуб буд, ӯ ҳам аз дӯнё рафт дар ҳоле, ки аз тӯ розӣ ва хушнуд буд, сипас бо дӯстон ва ёрони онҳо ҳамдам
ва рафиқ шудӣ, ҳоло ҳам агар ту аз дӯнё биравӣ, ҳама Асҳоб аз тӯ розӣ ҳастанд".
Ибни Аббос(с) мегӯяд:
"وضع عمر بن
الخطاب على سريره فتكنفه الناس يدعون ويثنون ويصلون عليه قبل أن يرفع وأنا فيهم،
فلم يرعني إلا برجل قد أخذ بمنكبي من ورائي، فالتفت إليه فإذا هو علي، فترحم على
عمر وقال: ما خلفت أحداً إلي أن ألقى الله بمثل عمله منك، وأيم الله إن كنت لأظن
أن يجعلك الله مع صاحبه، ذاك أني كنت أكثر ما أسمع رسول الله(ص) يقول:
جئت أنا وأبوبكر وعمر، ودخلت أنا
وأبوبكر وعمر، وخرجت أنا وأبوبكر وعمر"، فإن كنت لأرجو-أو لأظن- بأن يجعلك
الله معهما".
"Дар ҳоле, ки ҷанозаи Умар бар тахташ гузошта шуда буд ва мардум
ӯро иҳота карда буданд ва дӯову намозаш мехонданд ва мадҳу санояш мекарданд, қабл
аз ин ки ба қабристон бибаранд ва ман дар миёни онҳо будам ва чизе
маро натарсонд чӯз ин ки марде ногаҳон аз пушти сар шонаамро гирифт, руй
гардонам дидам ки Алӣ аст, бар Умар раҳмат фиристод ва гуфт: Баъд аз тӯ (Умар) касе вуҷуд надошт, ки бо амали ӯ рашк
дошта бошам, орзӯ мекардам, ки Худо тӯро дар канори ду дӯстат қарор диҳад, зеро
бисёр мешунидам, ки Расули Худо(с) мефармуд: "Ману Абӯбакру Умар омадем,
ману Абӯбакр ва Умар ворид шудем, ману Абӯабакр ва Умар рафтем". Лизо орзӯ
мекунам –ё бар ин боварам- ки Худованд туро дар канори онҳо қарор дихад".