ҲАДИСИ СИЮ ПАНҶУМ
БАРОДАРӢ ДАР ИСЛОМ
Аз
Абўҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ривоят аст, ки гуфт: пайғамбари Худо,
салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам,
гуфт: «Ба якдигар ҳасад набаред; ва ба як-дигар зиён нарасонед; ва ба якдигар
кина нагиред; ва ба якдигар душманӣ на-кунед; ва баъзе аз шумо бар савдои
баъзеи дигаре савдо накунад; ва бандаҳои Худоро бародарон бошед; мусулмон
бародари мусул-мон аст, бар ў зулм наку-над, ўро хиёнат накунад, ўро таҳқир
накунад. Тақво ана ин ҷост». – Ва ба синаи худ се бор ишорат кард. –«Аз бадӣ
ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи)
ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ў ва моли ў ва шарафу
обрўи ў».
Ин
(ҳадис)-ро Муслим ривоят кардааст.
الحَدِيثُ
الْخَامِسُ وَالثَّلاثُونَ
أُخُوَّةُ الإِسْلامِ
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ ، رَضِيَ اللهُ عَنْهُ, قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهَِ
وَسَلَّمَ: «لاَ تَحَاسَدُوا، وَلاَ تَنَاجَشُوا، وَلاَ تَبَاغَضُوا، وَلاَ
تَدَابَرُوا، وَلاَ يَبِـعْ بَعْضُكُمْ عَلَىٰ بَيْعِ بَعْضٍ. وَكُونُوا، عِبَادَ
اللّهِ إِخْوَاناً. الْمُسْلِمُ أَخُو الْمُسْلِمِ. لاَ يَظْلِمُهُ، وَلاَ يَخْذُلُهُ،
وَلاَ يَحْقِرُهُ. التَّقْوَىٰ هٰهُنَا –وَيُشِـيرُ
إِلَىٰ صَدْرِهِ ثَلاَثَ مَرَّاتٍ- بِحَسْبِ امْرِىءٍ مِنَ الشَّرِّ أَنْ يَحْقِرَ
أَخَاهُ الْمُسْلِمَ. كُلُّ الْمُسْلِمِ عَلَىٰ الْمُسْلِمِ حَرَامٌ. دَمُهُ
وَمَالُهُ وَعِرْضُهُ».
رَوَاهُ مُسْلِمٌ
Яҳё ибни Шарафуддин ан-Нававӣ
ЧИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ