Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ҲАДИС ВА ШАРХ [9]
ЧИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ [37]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






ҲАДИСИ СИЮ ШАШУМ - ДАР БАЁНИ ФАЗИЛАТИ ҚАЗОИ ҲОҶАТҲОИ МУСУЛМОНОН ВА ТИЛОВАТИ ҚУРЪОН




ҲАДИСИ СИЮ ШАШУМ

ДАР БАЁНИ ФАЗИЛАТИ ҚАЗОИ ҲОҶАТҲОИ  МУСУЛМОНОН ВА ТИЛОВАТИ ҚУРЪОН

 

Аз Абўҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ривоят аст, ки пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: «Ҳар ки мусулмонеро аз андўҳе аз андўҳҳои дунё раҳо кунад, Худои Таъоло ўро аз андўҳе аз андўҳҳои қиёмат раҳо кунад; ва ҳар ки (кори) дармондаеро осон кунад, Худои Таъоло бар вай дар дунёву охират осонӣ расонад; ва ҳар ки (айби) мусулмонеро бипў-шонад, Худо (гуноҳи) ўро дар дунёву охират пўшида дорад. Ва Худо, дар ёрии банда аст, модоме ки банда дар (фикри) ёрӣ намудани бародар (-и мусулмон)-аш бошад. Ҳар ки дар ҷусту-ҷўи илмомўзӣ бошад, Худо ба (баракати) он илм ро-ҳеро ба сўйи ҷаннат бар вай осон созад. Ҳар гоҳ ки мардуме дар масҷиде аз ма-соҷид ҷамъ омада, Қуръон тиловат кунанд ва аз он дарс омўзанд, пас бар дил-ҳои онҳо сакинаву оромӣ нозил шавад ва раҳмати Худо онҳоро фаро гирад ва малоикаҳо онҳоро иҳота кунанд ва Худо онҳоро дар байни касоне, ки назди Ўст, ёд кунад; ва ҳар ки дар амал сустӣ кунад, ҳеҷ гоҳ насабаш ўро ба ҷое нарасо-над».  

Ин (ҳадис)-ро Муслим бо ин лафз ривоят карда-аст.




 

الحَدِيثُ السَّادِسُ وَالثَّلاثُونَ

فَضْلُ قَضَاءِ حَوَائِجِ الْمُسْلِمِينَ وَ تِلاوَةِ الْقُرْآنِ

 

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ،  رَضِيَ اللهُ عَنْهُ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهَِ وَسَلَّمَ قَالَ: «مَنْ نَفَّسَ عَنْ مُؤْمِنٍ كُرْبَةً مِنْ كُرَبِ الدُّنْيَا، نَفَّسَ اللهُ عَنْهُ كُرْبَةً مِنْ كُرَبِ يَوْمِ الْقِيَامَةِ. وَمَنْ يَسَّرَ عَلَىٰ مُعْسِرٍ، يَسَّرَ اللّهُ عَلَيْهِ فِي الدُّنْيَا وَالآخِرَةِ. وَمَنْ سَتَرَ مُسْلِماً، سَتَرَهُ اللهُ فِي الدُّنْيَا وَالآخِرَةِ. وَاللهُ فِي عَوْنِ الْعَبْدِ مَا كَانَ الْعَبْدُ فِي عَوْنِ أَخِيهِ. وَمَنْ سَلَكَ طَرِيقاً يَلْتَمِسُ فِيهِ عِلْماً، سَهَّلَ اللهُ لَهُ بِهِ طَرِيقاً إِلَىٰ الْجَنَّةِ. وَمَا اجْتَمَعَ قَوْمٌ فِي بَيْتٍ مِنْ بُيُوتِ اللهِ، يَتْلُونَ كِتَابَ اللهِ، وَيَتَدَارَسُونَهُ بَيْنَهُمْ، إِلاَّ نَزَلَتْ عَلَيْهِمُ السَّكِينَةُ، وَغَشِيَتْهُمُ الرَّحْمَةُ وَحَفَّتْهُمُ الْمَلاَئِكَةُ، وَذَكَرَهُمُ اللهُ فِيمَنْ عِنْدَهُ. وَمَنْ بَطَّأَ بِهِ عَمَلُهُ، لَمْ يُسْـرِعْ بِهِ نَسَبُهُ».

رَوَاهُ مُسْلِمٌ بِهٰذَا اللَّفْظِ.

 







Яҳё ибни Шарафуддин ан-Нававӣ
ЧИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ

:
: ЧИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ
... tojikislom
: 696
-0 ---
: 15:41
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024