Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Иқтисод [4]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






ИСЛОМ ВА ТИҶОРАТ



ИСЛОМ ВА ТИҶОРАТ

Мо ҳар рӯз шоҳиди он астем, ки мардумӣ ба тиҷорат машғул астанд, боиси фоидаи худ ҳар роҳи фиребро пеша мекунанд. Оё тиҷорат аз нигоҳи дин нописанд аст? Оё дар ин маврид ҳукме аст? Ҳукми тиҷорат дар шариати ислом чист?

Дини ислом на фақат тиҷоратро нописанд, намешуморад, балки онро ба унвон ва василае аз васоили касб шуморидааст.
-«Дар пайи рӯзӣ ва фазилати Худованд ҳастанд» Худованд сураи «Музалик» оят 20. талаби рӯзиро аз роҳи тиҷорат ба ҷустани фазли Худованд ном бурдааст ва боз мефармояд:
-«Бар шумо гуноҳ нест (ки дар сафари ҳаҷ) фазли парвардигоратонро бихоҳед». Сураи «Бақара» ояти 198.
-«Ва чун намоз гузорида шуд, дар рӯйи замин пароканда гардед ва фазли Худоро ҷӯён шавед ва Худоро бисёр ёд кунед». Сураи «Ҷумъа» ояти 10.
-«Ва иддаи дигаре дар замин сафар кунанд ва дар паи рӯзӣ аз фазили Худо ҳастанд ва гурӯҳи дигаре дар роҳи Худо пайкор менамоянд».
Бинобар ин тиҷорат аз нуқтаи назари дин на манъ аст ва на макрӯҳ, балки беҳтарин касб ва сарчашмаи ризқ аст. Дар миёни асҳоби паёмбар (с) тоҷирони маъруф буданд, ки дар ин роҳ ҳеҷ гоҳ мардумро фиреб намедоданд, бо роҳи ҳалол ризқи худро пайдо мекарданд. Мутаассифона, дар замони мо бисёр тоҷирон бо фиребу найранг молу сарват ҷамъ мекунанд, ки ин ба дини мубини ислом ҳеҷ алоқае надорад, чунки молу сарват имони онҳоро заиф гардонидааст.
-«Тоҷирон дар рӯзи қиёмат ҳамчун фоҷирон ва табоҳкорон зинда мешаванд ба ҷуз онҳое, ки аз Худо битарсанд, дурусткоранд ва росткоранд».
Ҳадиси Шариф.
-«Се даста ҳастанд, ки Худованд дар рӯзи қиёмат ба онон таваҷҷӯҳ намекунад….
Яке аз ин се гурӯҳ касоне ҳастанд, ки ба дурӯғ савганд ёд кардаанд, ки моли худро бештар аз қимати воқеъӣ хариданд».
Ҳадиси шариф.


:
: Иқтисод
... tojikislom
: 585
-0 ---
: 14:54
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024