Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Иқтисод [4]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оё медони, ки дарозтарин ояти Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 320



Теги

Дӯстон






ХАРИДУ ФУРӮШИ НОҶОИЗ




Бародарам як сол боз дар Русия кор мекунад. Ӯ шахси тақводор буда, соле се моҳ рӯзаи нафл мегирад. Чанде пеш ба ман як миқдор пул фиристода, таъкид намуд, ки ба тиҷорати ҳалол машғул шавам. Дар хариду фурӯш аз чӣ гуна муомилот парҳез кардан лозим аст?
МУҲИДДИН, сокини пойтахт


Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чанд навъи муомилотро, ки сабаби зиёну ба миён омадани мушкилоти молӣ, сӯистифода аз молу сармояи дигарон ва хиёнат ба мардум бошад,
манъ намудаанд. Зеро қаллобию хиёнаткорӣ боиси пайдоиши кина ва душманӣ миёни мардум мешавад. Додугирифти ноҷоиз инҳоянд:
1. Фурӯши моле, ки ҳанӯз дар даст нест
Фурӯхтани моле, ки тоҷир пас аз харидан ҳанӯз онро дар даст надорад ва дарҳол онро ба харидор дода наметавонад, ҷоиз нест. Масалан, тоҷир ба ягон ширкати Русия пул интиқол дода, гандум ё тахтаю шифер харидааст. Ҳанӯз он мол ба дасташ нарасида, онро ҳақ надорад ба дигаре (ғоибона) бифурӯшад. Зеро мумкин аст, бо ягон сабаб (садама, офат…) он мол пурра (беосеб) ба дасташ нарасад. Расули Акрам (с) фармудаанд: «Ҳар гоҳ чизеро харидед, пеш аз ба дастатон расидан онро ба фурӯш нарасонед».
2. Муомила ба болои муомилаи дигарон
Агар касе молеро бо нархи сад сомонӣ ба нафаре бифурӯшад, дигаре ба ӯ гӯяд, ки «исто, ман ба ту саду даҳ сомонӣ медиҳам», ин савдо ҳаром ва номашрӯъ аст: Яъне, вайрон кардани савдои дигарон ҷоиз нест. Чунки ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Ба болои муомилае, ки анҷом гирифтааст, муомила накунед».
Бе нияти харид нархро бардоштан
3.Барои фиреб миёни савдои ду кас даромада, нархи молеро баланд бардоштану онро нахаридан ҳаром аст. Ин ҷо фарқ надорад, ки ӯ ба соҳиби мол забон як карда бошад ё набошад. Чунин рафтор як навъ қаллобӣ ва бадниятӣ ба ҳисоб меравад.
4. Хариду фурӯши чизҳои ҳаром
Хариду фурӯши чизҳое, ки Худованд онҳоро ҳаром эълон кардааст, монанди арақ, хук, гӯшти мурдор, бут (ҳайкалчаҳое, ки бутпарастон онҳоро ибодат мекунанд) ангур ба касе, ки аз он шароб мепазад, ҷоиз нест.
5.Муомилаи ашёи номаълум
Хариду фурӯши ашёе, ки чигунагии миқдори онҳо маълум нест, монанди фурӯхтани моҳӣ дар дунё, навзоди ҳанӯз ба дунё наомадаи ҳайвон (гӯсола, барра, бузғола…), шири дӯшидашуда, ғаллаю сабзавоти ҳанӯз норасида номашрӯъ аст.
6. Муомилаи ғайриқатъӣ ва номушаххас
Масалан фурӯшанда мегӯяд: «ин қолинро сад сомонӣ ба сурати нақд ва 120 сомонӣ қарз мефурӯшам». Харидор ба сурати нақд ё қарз хариданашро аниқ накарда, розӣ мешавад. Ё ин ки фурӯшанда мегӯяд: «Ман хонаамро ба фалон нарх мефурӯшам, ба шарте, ки ту ҳам мошинатро ба фалон нарх ба ман фурӯшӣ».
7. Муомилаи «мусаррот»
Фурӯшанда барои фиреби харидор чанд рӯз аз дӯшидани шири ҳайвони ширдеҳ худдорӣ менамояд, то пистонҳояш сершир намояд. Ё ин ки молро оби зиёд медиҳад, ки ба назар фарбеҳ тобад. Фарз кардем, нафаре мошини кӯҳнаро бо рангу равған чунон ҷило медиҳад, ки харидор онро нав мепиндораду фиреб мехӯрад. Пинҳон доштани айби мол хиёнат ҳисоб ёфта, норавост.
8. Зиёни деҳқон
Амволи деҳқонону чорводоронро пеш аз ворид шуданашон ба бозор харидорӣ кардан фиребкорию хиёнаткорӣ ба шумор меравад. Чанд сол боз ҷаллобон пеш аз ба бозор расидани деҳқонону боғдорон бо фиреб ва нархи кам маҳсулоти ононро харида, худашон бо нархи қимат мефурӯшанд.
Риоя накардани чунин қоидаҳо боиси рафтани файзу баракат ва қиматшавии нарху наво мегардад.


:
: Иқтисод
... tojikislom
: 1050
-0 ---
: 18:09
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024