Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 572



Теги

Дӯстон






Куфр бар ду навъ тақсим мешавад




Куфр бар ду навъ тақсим мешавад:


Аввалан, куфре, ки инсонро аз дин ва доираи Ислом хориҷ мекунад, ва он панҷ навъ аст:


  1. Куфри такзиби Худо ва Расули Ӯ.


Худованд муфармояд:


«وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَى عَلَى اللَّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِالْحَقِّ لَمَّا جَاءهُ أَلَيْسَ فِي جَهَنَّمَ مَثْوًى لِّلْكَافِرِينَ 68» [العنكبوت: 68].


«Ва кист ситамкортар аз касе, ки бар Худованд дурӯғ бандад, ё ҳақро чун ба сӯи ӯ ояд дурӯғ ангорад, оё ҷойшоҳи кофирон дар Ҷаҳаннам нест?» (Сураи Ъанкабут: ояти 68).


  1. Куфри адами (напазируфтани) қабули ҳақ ва такаббур ва ғурур кардан, бо донистан ва маърифати он.



Худованд мефармояд:


«وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلاَئِكَةِ اسْجُدُواْ لآدَمَ فَسَجَدُواْ إِلاَّ إِبْلِيسَ أَبَى وَاسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ 34» [البقرة: 34].

«Ва чун ба фариштагон гуфтем: барои Одам саҷда кунед, пас (ҳама) саҷда карданд магар Иблис, ки напазируфт ва кибр варзид ва аз кофирон шуд» (Сураи Бақара: ояти 34)


  1. Куфри шакк ва тардид ва гумон.


Худованд мефармояд:


«وَدَخَلَ جَنَّتَهُ وَهُوَ ظَالِمٌ لِّنَفْسِهِ قَالَ مَا أَظُنُّ أَن تَبِيدَ هَذِهِ أَبَدًا 35 وَمَا أَظُنُّ السَّاعَةَ قَائِمَةً وَلَئِن رُّدِدتُّ إِلَى رَبِّي لأَجِدَنَّ خَيْرًا مِّنْهَا مُنقَلَبًا 36 قَالَ لَهُ صَاحِبُهُ وَهُوَ يُحَاوِرُهُ أَكَفَرْتَ بِالَّذِي خَلَقَكَ مِن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ سَوَّاكَ رَجُلاً 37 لَّكِنَّا هُوَ اللَّهُ رَبِّي وَلاَ أُشْرِكُ بِرَبِّي أَحَدًا 38» [الكهف: 35 38].


«Ва дар ҳоле, ки ба хештан ситамкор буд ба боғаш даромад. Гуфт: гумон намекунам, ки ин (боғ) ҳеҷгоҳ нобуд шавад. Ва гумон намекунам, ки Қиёмат барпо шавад, ва агар (ҳам) ба сӯи Парвардигорам бозгардонида шавам, ба гумон бозгашти беҳтар аз онҳо хоҳам ёфт. Ҳамнишинаш дар ҳоле, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, ба ӯ гуфт: Оё ба Касе куфр меварзӣ, ки туро аз хок, онгоҳ аз нутфа офарид, сипас туро инсоне (комил) сохт. Вале ман (бовар дорам) ки Ӯ Худованд, Парвардигори ман аст ва касеро бо Парвардигорам шарик намесозам» (Сураи Каҳф: оёти 35 то 38)


  1. Куфри рӯйгардонӣ (ибо) аз дин.


Худованд мефармояд:


«وَالَّذِينَ كَفَرُوا عَمَّا أُنذِرُوا مُعْرِضُونَ 3» [الأحقاف: 3].


«Ва кофирон аз ончӣ ҳушдор ёфтанд, рӯй гардониданд» (Сураи Аҳқоф: ояти 3).




  1. Куфри нифоқ.


Худованд мефармояд:


«ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ آمَنُوا ثُمَّ كَفَرُوا فَطُبِعَ عَلَى قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لاَ يَفْقَهُونَ 3» [المنافقون: 3].


«Ин аз он аст, ки онон имон оварданд, сипас куфр варзиданд, ва бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуд, пас онон дар намеёбанд» (Сураи Мунофиқун: ояти 3)


Яъне имон ба забон оварданд ва бо дили худ кофир шуданд.


Сониян: Куфре, ки инсонро аз дини Ислом хориҷ намекунад ва онҳам куфри неъмат аст.

Худованд мефармояд:


«وَضَرَبَ اللّهُ مَثَلاً قَرْيَةً كَانَتْ آمِنَةً مُّطْمَئِنَّةً يَأْتِيهَا رِزْقُهَا رَغَدًا مِّن كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتْ بِأَنْعُمِ اللّهِ فَأَذَاقَهَا اللّهُ لِبَاسَ الْجُوعِ وَالْخَوْفِ بِمَا كَانُواْ يَصْنَعُونَ 112» [النحل: 112].


«Ва Худованд (дар бораи) шаҳре мисоле баён намуд, ки эмин ва осуда буд, рӯзиаш ба фарохӣ аз ҳар ҷо мерасид он гоҳ (аҳлаш) ба неъматҳои Худованд носипосӣ карданд, пас Худованд ба (сазои) кор ва кидорашон балои фарогири гуруснагӣ ва тарсро ба (аҳли) он чашонид» (Сурфи Наҳл: ояти 112).



Воҷиботе, ки бар ҳар мусалмони мард ва зан, донистани он зарурӣ аст

Ҷамъоварии Шайх Абдуллоҳ бин Иброҳим Қаръовӣ

Тарҷумаи форсии Исҳоқ бин Абдуллоҳ бин Муҳаммади Дабирӣ

:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 827
-0 ---
: 18:02
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024