Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






Мадҳ ва ситоиши Саҳоба дар Қуръон ва Суннат ва Ақволи Салафи Солеҳ




 

Мадҳ ва ситоиши Саҳоба дар Қуръон ва Суннат ва Ақволи Салафи Солеҳ

 

Дар Қуръон ва Суннати Паёмбар(с) ва гуфтори салафи солеҳ, бисёр дар мавриди Асҳоб(р) ва сифоти хуб ва ахлоқи писандида ва сирати пок ва мунҳасир ба фарди онҳо мадҳ ва ситоиш шудааст.

Дар воқеъ онҳо дар ҳама кирдор ва гуфтор ва сирати пок ва ахлоқи зебо ва писандида ба авҷи худ расидидаанд. Ба хамин далел аст, ки Худованд онҳоро барои ҳамнишинӣ ба Паёмбари худ баргӯзида аст.

 

Авалан: Мадҳи онҳо дар Қуръони Карим:

 

Худованд мефармояд:

﴿وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنْ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ.

"Пешгомони нахустин аз Муҳоҷирин ва Ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онҳо ёд карданд, Худованд аз онҳо хушнӯд гашт ва онҳо (низ) аз ӯ хушнӯд шуданд ва боғҳое аз биҳишт барои онон фароҳам сохта, ки дарёҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд ва инаст пирӯзии бузург".

Ин оят шомил бар ниҳояти дараҷаи мадҳ ва ситоиши Парвардигор аз собиқин ва гузаштагони нахустин аз Муҳоҷирин ва Ансор ва Тобиъини неки онҳо мебошад, зеро Худованд эълон медорад, ки аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз ӯ низ хушнӯд ҳастанд ва онҳоро аз рӯйи карам ва лутфи худ ба биҳишти пурнозу неъмат ва рӯзии бепоёни худ, ки ҳеҷ вақт аз байн намеравад ваъда фармудааст.

1.               Худованд мефармояд:

﴿لَقَدْ تَابَ اللَّهُ عَلَى النَّبِيِّ وَالْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنصَارِ الَّذِينَ اتَّبَعُوهُ فِي سَاعَةِ الْعُسْرَةِ مِنْ بَعْدِ مَا كَادَ يَزِيغُ قُلُوبُ فَرِيقٍ مِنْهُمْ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ إِنَّهُ بِهِمْ رَءُوفٌ رَحِيمٌ.

"Мусалламан Худованд раҳмати худро шомили ҳоли Паёмбар ва Муҳоҷирон ва Ансоре, ки дар замони сахтӣ ва шиддат (дар ҷанги Табук) аз ӯ пайравӣ  карданд намуд, баъд аз он ки қариб буд дилҳои гуруҳе аз онҳо аз ҳақ мунҳариф шавад (ва аз майдони ҷанг боз гарданд), сипас Худо тавбаи онҳоро пазируфт, ки ӯ нисбат ба онон меҳрубон ва раҳим аст".

Дар оят ситоиш ва сано барои Саҳобаи Паёмбар(с) ки дар ҷанги Табук аз Муҳоҷирин ва Ансор ширкат карданд, омада ва хабар аз виҷдони поки онҳо чун Худованд хабар намедихад, ки ононро мавриди омурзиш ва мағфират қарор дода, магар ин ки аз онҳо ва аъмолу кирдорашон розӣ аст.

Абдуллоҳ бин Аббос(р) мегӯяд: "Ҳар касе, ки Худованд тавбаи ӯро қабул кунад, ҳаргиз азобаш намедиҳад".

2.               Худованд мефармояд:

﴿قُلْ الْحَمْدُ لِلَّهِ وَسَلَامٌ عَلَى عِبَادِهِ الَّذِينَ اصْطَفَى[1].

"Бигӯ: Ҳамд махсуси Худост ва салом бар бандагони баргузидааш".

Муфассири машҳур, Ибни Ҷарири Табарӣ(р) мегӯяд: "Баргузидагони Худо касоне ҳастанд, ки Худованд онҳоро барои Паёмбараш Муҳаммад(с) баргузид ва онҳоро ёр ва вазири ӯ ва пуштибони дин қарор дод, ки бар эшон фиристода буд, на онон ки ба ӯ ширк варзиданд ва нубувати Паёмбарашро инкор намуданд".

3.               Худованд мефармояд:

﴿مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاءُ بَيْنَهُمْ تَرَاهُمْ رُكَّعًا سُجَّدًا يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنْ اللَّهِ وَرِضْوَانًا سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِمْ مِنْ أَثَرِ السُّجُودِ ذَلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنْجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمْ الْكُفَّارَ وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْهُمْ مَغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا[2].

"Муҳаммад фиристодаи Худост ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд дар баробари куффор сарсахт ва шадид ва дар миёни худ меҳрубонанд, пайваста онҳоро дар ҳоли рукуъ ва суҷуд мебинӣ, дар ҳоле ки ҳамвора фазли Худо ва ризои ӯро металабанд (то ононро ба биҳишт дохил намояд), нишонаи (итоъати) онҳо (аз Худованд) дар сураташон аз асари саҷдаҳ (ва ибодат) намоён аст, мурод ин аст, ки асари ибодат ва салоҳ ва ихлос барои Худованди Мутаъол бар чеҳраи мумин ошкор мешавад, ин васфи онон дар Таврот ва Инҷил аст, ҳамонанди зироъате, ки гиёҳои худро хориҷ сохта, сипас ба тақвияти он пардохта, то мустаҳкам шуда ва бар пойи худ истодааст ва ба қадре нумӯ ва рушд карда, ки деҳқононро ба шигифте во медорад. Ин барои онаст, ки кофиронро ба хашм оварад, (яъне: Худованд мусалмононро нерӯманд мегардонад, то мояи хашм ва ғазаби кофирон гардад, вале) касоне аз онҳо имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, Худованд ваъдаи омурзиш ва аҷри бузурге, (ки биҳишт аст) додааст. (албатта ин масал, шомили Саҳобаи Расули Худо ва ҳама касоне аз афвоҷи имон ва лашкариёни Ислом дар гузари асрҳо ва наслҳо мешавад, ки нақши қадамашонро дунбол ва ба роҳ ва равиши эшон раҳрав бошанд)".

Иби Касир(р) мегӯяд: "Асҳоб(р) ният ва қасди худро холис ва пок намуданд ва аъмол ва кирдори худро оростанд ба гӯнае, ки ҳар кас ба роҳ ва равиш ва ҳидояти ва роҳёфагии онҳо бингарад, шигифтзада ва мутаъаҷҷиб хоҳад шуд.

Имом Молик(р) мегӯяд: "Ба ман хабар расида вакте, ки Насоро Асҳоберо медиданд, ки Шомро фатҳ намуда буданд, мегуфтанд: Ба Худо савганд инҳо аз Ҳаввориин (асҳоби Мусо), ки хабари онҳо ба мо расидааст, беҳтар ва бартаранд.

Дар воқеъ сухани онҳо дар мавриди Асҳоб дуруст аст, зеро дар китобҳои осмонии гузашта ин Уммат мавриди таъзим ва бузургдошт буданд ва мусаллам аст, ки бузургтарин ва фақеҳтарини онҳо низ ёрони Паёмбари Худо(с) мебошанд.

4.               Худованд мефармояд:

﴿وَاعْلَمُوا أَنَّ فِيكُمْ رَسُولَ اللَّهِ لَوْ يُطِيعُكُمْ فِي كَثِيرٍ مِنْ الْأَمْرِ لَعَنِتُّمْ وَلَكِنَّ اللَّهَ حَبَّبَ إِلَيْكُمْ الْإِيمَانَ وَزَيَّنَهُ فِي قُلُوبِكُمْ وَكَرَّهَ إِلَيْكُمْ الْكُفْرَ وَالْفُسُوقَ وَالْعِصْيَانَ أُوْلَئِكَ هُمْ الرَّاشِدُونَ.

"Ва бидонед Расули Худо дар миёни шумост (пас эҳтироми ӯро ба ҷо оваред), ҳар гоҳ агар дар бисёре аз корҳо аз шумо итоъат  кунад, дар машақат хоҳед афтод, вале  Худованд имонро маҳбуби шумо қарор дода ва онро дар дилҳоятон зиннат бахшида ва (бар акс) куфр ва фиск ва гуноҳро манфуратон қарор додааст. Касоне, ки дорои ин сифотанд, ҳидоят ёфтагонанд".

Худованд дар ин оят баён мекунад, ки имонро дар қалби Асҳоби Паёмбар(с) маҳбӯб ва музайян намуда, куфру фисқ ва маъсиятро дар дили онҳо зишт ва нописанд ҷилва додаст ва онҳоро ҳидоятёфта ва хирадманд қарор дода, то ин ки лаёқати ҳамнишинӣ бо Паёмбар(с)ро дошта бошанд, пас Худованд ба онҳо чунин тавоноӣ ва истеъдоде бахшид, ки ба василаи он мустаҳиқ ва лаёқати пирӯзӣ ва роҳёфтагӣ пайдо кунанд.

 

Дуввум: Ситоиш ва мадҳи онҳо дар Аҳодис ва Суннати Паёмбар(с).

 

 

1.    Абӯдардо(р) аз падараш ривоят мекунад, ки Паёмбар(с) фармуд:

"النجوم أمنة للسماء؟ فإذا ذهبت النجوم أتى السماء ما توعد؟ وأنا أمنة لأصحابي؟ فإذا ذهبت أتى أصحابي ما يوعدون؟ وأصحابي أمنة لأمتي فإذا ذهب أصحابي أتى أمتي ما يوعدون".

"Ситорагон нигаҳбони осмонҳо ҳастанд, ва ҳар гоҳ ситорагон рафтанд, он чӣ бар осмонҳо ваъда шуда буд, хоҳад омад ва ман ҳофиз ва нигаҳбони ёронам ҳастам ва ҳар гоҳ ман рафтам, он чӣ бар ёронам ваъда шудаст меояд, ва Асоҳоби ман нигаҳдори Уммат ҳастанд, пас ҳар гоҳ Асҳоби ман рафтанд, Уммтам ба он чӣ ваъда дода шуданд, дучор хоҳад шуд...

Имом Ибни Ҳиббони Бастӣ(р) мегӯяд: Маънои ин хабар чунин аст, ки Худованд ситорагонро аломат ва нишонае бар мондани осмон ва бим ва муҳофизе дар баробари нобудии он қарор додааст, пас агар онҳо аз байн рафтанд, осмон низ ба фаноие, ки Худованд барояш муқаррар намуда, дучор мешавад ва Худованд Паёмбарро  ҳофиз ва нигаҳбони ёронаш дар баробари фитна ва ошуб қарор дода ва ҳар гоҳ ӯро ба сӯйи биҳишти худ боз гардонад фитнае, ки Асҳоб ва ёронаш бадон ваъда дода шудаанд, воқеъ хоҳад шуд ва дар фитна ва ошӯб хоҳанд афтод ва Худованд Саҳоба ва Ёрони Паёмбарро амин ва нигаҳбони Уммати худ қарор дода аст, то аз ҷавру зулм ва ситам бар ҳазар бошанд, пас вақте рафтанд,  он чӣ ба онҳо ваъда дода шуда буд аз зулму ситам ва хурофот, ворид хоҳад шуд".

2.    Аз Имрон бин Ҳусайн(р) ривоятаст, ки гуфт: Аз Расули Худо(с) шунидам, ки мефармуд:

"إن خيركم قرني، ثم الذين يلونهم قال عمران: لا أدري قال رسول الله(ص) بعد قرنه مرتين أو ثلاية "

"Беҳтарин шумо касоне ҳастанд, ки дар ин қари ман зиндагӣ мекунанд, сипас ононе, ки ба дунболи онҳо меоянд". Имрон мегӯяд: намедонам Расули Худо(с) ҷумлаи " ثم الذين يلونهم" ро ду бор такрор кард ё се бор.

Имоми Нававӣ(р) мегӯяд: "Уламо муттафиқ бар инанд, ки беҳтарини қарнҳо қарни Расулулуллоҳ мебошад ва мақсуди Паёмбар(с) аз " خيركم قرني", ёронаш мабошад".

3.    Абӯсаъиди Хузрӣ аз Расули Худо(с) ривоят мекунад, ки фармуданд:

 "يأتي على الناس زمان يغزو فئام من الناس، فيقال لهم: فيكم من رأى رسول الله(ص)؟ فيقولون: نعم، فيفتح لهم، ثم يغزو فئام من الناس، فيقال لهم: هل فيكم من رأى صحب رسول الله(ص)؟ فيقولون: نعم، فيفتح لهم، ثم يغزو فئام من الناس، فيقال لهم: هل فيكم من رأى من صحب صحب رسول الله(ص)؟ فيقولون: نعم، فيفتح لهم". متفق عليه.

"Рӯзгоре бар мардум меояд, ки гуруҳе аз мардум ба ҷиҳод мераванд, пас бо онҳо гуфта мешавад: оё касе дар миёни шумо ҳаст, ки Расули Худоро дида бошад?  Мегӯянд: Бале. Пас онҳо пирӯз мешаванд ва фатҳ насибашон мегардад, сипас гуруҳи дигаре ба ҷанг бо куффор мераванд ва ба онҳо гуфта мешавад: Оё дар миёни шумо касе ҳаст, ки Саҳоба ва ёрони Расули Худоро дида бошанд? Мегӯянд: бале, пас фатҳ ва пирӯзӣ насиби онҳо мешавад, сипас гуруҳи дигаре ба ҷанг ва    ҷиҳод мераванд, пас ба онҳо гуфта мешавад: оё касе дар миёни шумо ҳаст, ки Тобиъиро (касе ки Ёрони Паёмбаро дида бошад, тобиъи гуфта мешавад) дида бошад? Мегӯянд: бале, пас пирӯз мешаванд ва фатҳ насибашон мешавад".

Имоми Нававӣ(р) дар бораи ин ҳадис мегӯяд: "Ин ҳадис аз муъҷизоти Паёмбар(с) мебошад ва бар фазилати Саҳоба ва Тобиъин ва Тобеъи тобеъин далолат мекунад".

 

Мадҳ ва ситоиши Асҳоб аз забони Салафи Солеҳ.

 

1.    Алӣ бин Абӯтолиб(р) мефармояд: "

لقد رأيت أثرا من أصحاب رسول الله، فما أرى أحدا يشبههم، والله إن كانوا ليصبحون شعثا غبرا صفرا، بين أعينهم مثل ركب المغزي، قد باتوا يتلون كتاب الله يراوحون بين أقدامهم و جباههم، إذا ذكر الله مادوا كما تميد الشجرة في يوم ريح، فأنهملت أعينهم حتى تبل والله ثيابهم، والله لكأن القوم باتوا غافلين".

"Ман асар ва нишонаҳое аз Асҳоби Паёмбарро дидам, ки ҳеҷ касеро намебинам, ки ба онҳо шабоҳат дошта бошад. Ба Худо савганд онҳо бо мӯйҳои парешону ғуборолӯд ва моил ба зард, шабро ба субҳ мерасонданд ва байни дӯ чашмонашон нишонае ҳамчун нишонаи пешонист, вуҷӯд дошт. Онҳо шабро бо тиловати Қуръон сипарӣ мекарданд ва гоҳе истода рӯйи пойҳояшон ва гоҳе саҷдакунон рӯйи пешониҳояшон ва ҳар гоҳ ёди Худо мешавад онҳо меларзиданд ҳамчун дарахте, ки дар рӯзи туфоне меҷунбад ва ҳаракат мекунад. Ба Худо савганд, чунон аз чашмонашон ашк сарозер буд, ки либосҳояшон тар мешуд. Ба Худо савганд, гуё ин қавм дар ғафлат аз дӯнё хобидаанд".

Ва боз мефармояд:

 "  أولئك مصابيح الهدى، يكشف الله بهم كل فتنة مظلمة، سيدخلهم الله في رحمة منه"

"Онҳо чароғи ҳидоят ҳастанд, ки Худованд ба василаи онҳо ҳар ошӯб ва фитнаро ошкор месозад. Худованд онҳоро дохили раҳмати худ хоҳад даровард".

2.    Абдуллоҳ бин Умар(р) мефармояд:

"من كان مستنا فليستن بمن قد مات، أولئك أصحاب محمد(ص)، كانوا خير هذه الأمة وأبرها قلوباً، وأعمقها علماً، وأقلها تكلفاً، قوم اختارهم الله لصحبة نبيه(ص) ونقل دينه، فتشبحوا بأخلاقهم وطرائقهم، فهم أصحاب محمد(ص) وكانوا على الهدي المستقيم"

"Касе, ки мехоҳад аз дигарон пайравӣ кунад, касонеро интихоб кунад, ки аз дӯнё рафтанд. Онҳо ёрони Муҳаммад(с) ва беҳтарини ин Уммат буданд. Онҳо бо қалбҳои пок ва огоҳии амиқу фаровон ва камтарин такаллуф ва дар айни содагӣ буданд. Худованд онҳоро барои ҳамнишини бо Паёмбараш(с) ва расонидани дин ва паёми худ интихоб кардааст, пас ба ахлоқ ва равиши онҳо таъассӣ (иқтидо) кунед. Онҳо ёрони Паёмбар(с) буданд ва дар роҳи рост ва мустақим буданд".

3. Қатода бин Диъома Саддусӣ мегӯянд: "Барҳақтарин касе, ки шоистаи тасдиқ аст, ёрони Расули Худо(с) мебошанд, ки Худованд онҳоро барои ёрии Паёмабар(с) ва барпои дини худ баргузидааст. (имом Аҳмад).



[1]: Сураи Намл 59

[2] : Сураи Фатҳ 29


Тарҷумаи китоб (Хайрукум қарнӣ)

Таҳиякунанда: Шууни авқоф ва шууни исломӣ-Кувайт  

Тарҷума: Исҳоқ бин Абӯллоҳ ал-Авазӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 469
-0 ---
: 14:13
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024