Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






Манҳаҷи исломӣ дар рубучин кардани ихтилофҳо




Намунаҳои татбиқӣ:

Намунаҳои беҳамтое дар зиндагии Паёмбари Худо (с), вуҷуд дорад, ки ёронаш чӣ гуна аз ҳамдигар гузаштҳо кардаанд. Аз ҷумла:

1- Ихтилоф миёни Билол (р) ва Абӯзар (р):

Абӯзар (р) модари Билол (р)-ро сарзаниш кард. Билол (р) ба назди Паёмбари Худо (с) рафт ва аз ӯ шикоят кард.Абӯзар (р), ки акнун суханаш аз даҳонаш берун баромадаву пушаймон шуда буд, чорае наёфт, магар инки рухсорашро ба замин гузошт ва ба Билол гуфт: Савганд ба Худо, то рухсорамро бо қадамат зер накунӣ онро аз замин барнамедорам! Ҳамин буд, ки онҳо якдигарро бахшида ва ҳамдигарро ба оғуш гирифтанд.

2- Ихтилоф миёни муҳоҷирон ва ансор:

Муҳоҷирон ва ансор шамшерҳоро аз ғилоф берун оварданд ва наздик буд, ки шуълаи ҷанг миёни онон дар гирад. Паёмбари Худо (с) аз он огаҳ гардида ба назди онон омад ва гуфт: «Чаро мафкура ва равиши аҳли ҷоҳилиятро пеш гирифтаед?» Пас аз он гуфт: «Ин корро тарк кунед, ки хабис аст»[1] саҳобагон ҳама ба гиря омаданд ва шамшерҳо аз дасташон ба замин афтод ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Ин аст ресмони муҳаббати худовандӣ, ки Худо бо он бар бандагони мӯъминаш миннат мегузорад. Ин аст ҳамон неъмате, ки Худованд барои бандагони дӯстдоштааш онро муҳаё кардааст. Танҳо дини мубини Ислом буд, ки он дилҳои аз ҳам ҷудо ва парокандаро бо ҳам наздик кард. Ин ҳамон ресмони худовандӣ буд, ки ҳама бар он чанг заданд ва ба неъмати худовандӣ бо ҳам бародар шуданд. Бародарии динӣ аст, ки кинаву буғзҳои гузаштаро дар назари пайравонаш хурду назарногир кардааст.

Фармудаи Худост:

{وَاعْتَصِمُواْ بِحَبْلِ اللّهِ جَمِيعاً وَلاَ تَفَرَّقُواْ وَاذْكُرُواْ نِعْمَتَ اللّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنتُمْ أَعْدَاء فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُم بِنِعْمَتِهِإِخْوَاناً وَكُنتُمْ عَلَىَ شَفَا حُفْرَةٍ مِّنَ النَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنْهَا

«Ва ҳамагон чанг ба ресмони худовандӣ бизанед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигр будед ва ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид…»

Таърихнигорон бо санади саҳеҳ овардаанд, ки вақте саҳобагон ба ғазваи Бани Мусталақ баромаданд, мавлои Умар (р), ки онро Ҷаҳҷоҳ мегуфтанд дар миёни онҳо ҳозир буд. Ҷаҳҷоҳ бо марде аз ансор, ки номаш Синон ибни Вабра буд вориди гуфтугӯ ва ҷанҷол шуд. Синон дар ғазаб омад ва ҳар дуро овозашон баланд шуд. Ҷаҳҷоҳ тарафдорони муҳоҷири худро ба кӯмак талабид ва Синон қавми ансорро. Чун ин хабар ба сарвари мунофиқон Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул расид гуфт: ин масал, ки мегӯянд: «сагатро гурӯсна нигоҳ дор пайрават хоҳад буд ва агар онро фарбеҳ кардӣ худатро мехӯрад» рост будааст. Агар мо онҳоро аз диёрамон берун мекардем, ҳаргиз чунин кореро намекарданд, вақте аз инҷо ба Мадина баргардем гурӯҳи азиз ва мӯҳтарам (яъне ансориҳо) гурӯҳи залил ва хор (яъне муҳоҷиронро) аз Мадина берун хоҳанд кард. Зайд ибни Арқам аз ин хабар Паёмбари Худоро огаҳ намуд. Паёмбари Худо (с) ба назди саҳобагон омад ва дастур дод то аз ҷои худ бархоста ба роҳ бароянд то нифоқангезонро дигар фурсати эҷоди фитнаву ангеза намонад, зеро ҳастанд мардумоне, ки корашон танҳо дар миёни мардум фитна ва нифоқандозӣ аст ва ҳамеша фурсатҷӯӣ мекунанд то оташи нифоқро дар миёни мардум шуълавар созанд ва чуноне, ки саг обро мелақад ҳамон гуна дар номуси мардум забон дароз мекунанд.

Бубин, ки чӣ тасаруфоти ҳакимонае Паёмбари Худо (с) эҷод мекунад. Ӯ (с) ёронашро дастур медиҳад то ҳарчи зудтар ба роҳ бароянд то оташи фитнаро дигар ҳезуме барои шуълавар шуданаш намонад.

Беҳтарин роҳи пешгирӣ аз фитна ва даргирии оташи нифоқ дар миёни мардум, машғул сохатани онон ба масъалаҳои илмӣ ва муҳими ҷомеа аст, зеро ҳастанд масъалаҳои муҳиме, ки роҳҳои ҷустани ҳалли онҳо муҳимтар аз эҷоди нифоқ ва фитна аст.

Паёмбари Худо (с) ба назди Саъд ибни Убода омад ва ӯро аз ин моҷаро хабар кард. Саъд гуфт: эй Паёмбари Худо (с) агар бихоҳед ӯро қатл хоҳем кард ё аз даромадани ба Мадина ӯро боз медорем, Шумо эй Паёмбари Худо боиззаттарин ва ӯ залилтарини мардумон аст. Умар гуфт: эй Паёмбари Худо (с) иҷозат фармо то ӯро бикушам. Паёмбари Худо (с) гуфт: «Эй Умар, мардум нагӯянд, ки Муҳаммад ёрони худро мекушад»[2]

Ин аст манҳаҷи дуруст ва саҳеҳ дар таомул ва кашмокашиҳо дар марҳалаҳои даъват. Паёмбари Худо бо шеваҳои даъватии худ танҳо онеро мехост, ки маслиҳати даъват дар он буд. ӯ (с) аз касе молу ҷоҳ намехост, танҳо ончиро мехост, ки мардумро суд бахшад ва онон пандпазир ва аз ҷумлаи ҳидоятёфтагон шаванд. Аммо ин, ки барои интиқом гирифтан ҳадафи шахсӣ бошад ё инки як инсоне бар худ роҳи ғазабро мекушояд, чунин равише аз сифатҳои Паёмбари Худо (с) набуд.

Паёмбари Худо (с) Умар (р)-ро аз куштани Абдуллоҳ ибни Убай боздошт. Писари ӯ Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул ба назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: эй Паёмбари Худо! Шунидам, ки мехоҳӣ падарам кушта шавад. Эй Паёмбари Худо агар мардеро мефиристӣ то падарамро бикушад, савганд ба Худо, ҳаргиз ором намешинам, ки қотили падарам дар замин зинда роҳ равад, аммо эй Паёмбари Худо барои худам иҷозат фармо то пас аз чанд лаҳзае сари падарамро ба наздатон биёрам! Савганд ба Худо, эй Паёмбари Худо агар мехоҳед, ман худам ӯро мекушам, чунки Шумо боиззаттарин ва ӯ залилтарини мардумон аст!!

Вақте Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул даргузашт фарзандаш Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ба назди Паёмбари Худо (с) омад ва аз ӯ хост пероҳанашро ба ӯ бидиҳад то онро кафани падараш кунад. Паёмбари Худо (с) дархости фарзанди Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салулро иҷро кард. Боз ӯ аз Паёмбари Худо хост то бар падараш намоз гузорад. Чун Паёмбари Худо (с) хост ба ӯ намоз гузорад Умар (р) аз ҷомаи Паёмбар (с) гирифт ва гуфт: эй Паёмбари Худо! Оё ба ин касе, ки Худоят аз намоз гузоштан бар ӯ бозат доштааст намоз мегузорӣ?! Паёмбари Худо гуфт: Худо маро мухаяр гузошта ва фармудааст:

استغفر لهم أو لا تستغفر لهم إن تستغفر لهم سبعين مرّة فلن يغفرالله لهم

«Мехоҳӣ барояшон омурзиш бихоҳ, мехоҳӣ омурзиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор, ҳам барояшон омурзиш бихоҳӣ, Худо нахоҳадашон омурзид…»  ва ман аз ҳафтод бор ҳам зиёд омурзиш мехоҳам»

Умар (р) гуфт: ӯ мунофиқ аст. Бо вуҷуди ин ҳама Паёмбари Худо (с) ба ӯ намоз гузорид ва мусалмонон низ ҳама намоз гузориданд. Пас ин сухани Худо нозил шуд:

ولا تصلِّ على أحد منهم مات أبدا ولا تقم على قبره

«Чун бимиранд бар ҳеҷ яке аз онон намоз нагузор ва бар сари қабрашон маист…»[3]

(Сураи Тавба: 84)

Мунофиқоне, ки аз фармонҳои Паёмбари Худо (с) саркашӣ карда буданд бо баҳонаҳои гуногун ба назди ӯ (с) меомаданд ва яке мегуфт: эй Паёмбари Худо ман беморам, Паёмбари Худо дар посухаш мегуфт: дуруст гуфтӣ, дар ҳоле, ки ӯ бемор набуд ва нишонаҳои беморӣ ҳам дар вуҷудаш дида намешуд, аммо ӯ беморӣ дар қалбаш дошт. Дигаре меомад ва мегуфт: эй Паёмбари Худо занам бемор буд ва натавонистам бо шумо ба ҷанг биравам, Паёмбари Худо (с) мегуфт: дуруст гуфтӣ. Дигаре меомад ва мегуфт: эй Паёмбари Худо ман марди нодорам, ки наметавонам шутуре бихарам барои баромадан бо шумо, Паёмбари Худо мегуфт: рост гуфтӣ. Худои бузургу тавоно дар мавриди ин гуна  муомилаи Паёмбар (с) фармуд:

عفا الله عنك لم أذنت لهم حتّى يتبيّن لك الذين صدقوا وتعلم الكذبين

«Худо авфат кунад, чаро ба онон рухсати мондан додӣ? Мебоист онҳо, ки рост мегуфтанд, ошкор шаванд ва ту дурӯғгӯёнро ҳам бишносӣ»

(Сураи Тавба: 43)

Саранҷоми чунин равишҳои ӯ (с) чӣ буд? Якдилсозӣ ва муҳаббатандозӣ дар дилҳо. Яке аз онҳо ба назди Паёмбари Худо (с) меомад ва мегуфт: савганд ба Худое, ки ғайр аз ӯ худои дигар нест ту аз ҷонам ҳам азизтари.

Дигаре мегуфт: савганд ба Худо агар маро гӯед, ки ӯ (с)-ро сифат кунам, аз муҳаббат ва иззатнамуданаш наметавонам ӯро сифат кунам.

Ҳамагон (Худо аз онҳор розӣ бод) омода буданд то хунҳояшон рехта шавад ва гарданҳояшон бурида шавад, аммо хоре ба пои ӯ (с) нарасад… ин аст муҳаббат!

3- Ихтилоф миёни Муовия ва Ибни Зубайр:

Дар Мадинаи мунаввара киштзоре аз Муовия буд, ки дар паҳлӯяш киштзори дигареро Ибни Зубайр барои худ кишт мекард. Муовия, ки он замон сарзаминҳои бисёреро ҳукмронӣ мекард Ибни Зубайр коре ғайр аз кишт ва чорвочаронӣ надошт. Рӯзе коркунони киштзори Муовия дар киштзори Ибни Зубайр даромаданд, чун дар гузашта аз ҳам захмҳое дар дил доштанд Ибни Зубайр, ки ғазабнок буд варақеро дар даст гирифт ва ба Муовия навишт:

«Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон, аз Абдуллоҳ ибни Зубайр ибни ҳавории Паёмбар ва фарзанди Зоти Натоқайн ба Муовия ибни Ҳинди хӯрандаи ҷигарҳо[4]! Аммо баъд: коргарони ту ба киштзори ман даромаданд, савганд ба Оне, ки ғайр аз ӯ худои дигар нест ё коргаронатро аз кардаашон бозмедорӣ ва ё ман ба ту чорае меандешам!!

Муовия (р), ки марди порсо буд номаро хонд ва писараш Язидро, ки марди тезу тунд буд ба наздаш хонд ва номаро ба ӯ нишон дод ва гуфт бо ӯ чӣ хоҳем кард?

Язид гуфт: лашкареро, ки аввалаш дар Мадина ва охираш дар Димишқ бошад бифирст то сарашро аз танаш ҷудо карда ба наздат биёранд.

Муовия (р) гуфт: Не. Сипас кори беҳтар ва наздиктар ба бахшишу шафқатро пеш гирифт ва варақеро гирифта ба ӯ навишт: Ба номи Худои бахшанда ва меҳрубон. Аз Муовия ибни Абӯсуфён ба Абдуллоҳ ибни Зубайр ибни Ҳавории Паёмбар ва фарзанди Зоти Натоқайн. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ ва баъд: Агар дунё танҳо дар миёни ман ва ту бошад ва онро аз ман бихоҳӣ, онро ба ту хоҳам дод. Агар ин номаам ба дастат расид киштзорамро ба киштзорат ва коргаронамро ба коргарони худат изофа намо, онҳоро ба ту гузоштам, вассалом!!

Вақте нома ба Ибни Зубайр расид онро кушода хонд ва оби ашконаш болои нома сарозер шуд. Ба сӯи Димишқ раҳсипор шуд ва ба назди Муовия (р) даромад ва аз рӯи эҳтиром сарашро бӯсид ва гуфт: Худое, ки туро аз Қурайш ба инҷо овардааст аз ақл бебаҳраат нагардонад.

Тарҷумаи

Абдулҳаннони Абдурраҳмон


[1] Бухорӣ 6\65, 66) 3518.

[2] Бухорӣ (6\66, 67).

[3] Саҳеҳи Бухорӣ 95\206-207). Саҳеҳи Муслим (4\2141) шумораи 2774.

[4] Хӯрандаи ҷигарҳо мақсадаш модари Муовия (р) Ҳинд ҳамсари Абӯсуфён аст, ки қабл аз мусалмон шуданаш ҷигари Ҳамза (р)-ро пора карда хӯрда буд.


http://wasatiyat.tj/


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 557
-0 ---
: 22:32
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024