Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 488



Теги

Дӯстон






Маънои тоғут ва анвоъи аслии он




Маънои тоғут ва анвоъи аслии он.


Ай бародар бидон, ки аввалин чизе, ки Худованд бар бани Одам фарз намуд, куфр ба тоғут ва имон ба Худои Якто аст.


Худованд мефармояд:


«وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَّسُولاً أَنِ اعْبُدُواْ اللّهَ وَاجْتَنِبُواْ الطَّاغُوتَ 36» [النحل: 36].


«Ба яқин дар (миёни) ҳар уммате расулеро барангехтем, (бо ин даъват) ки: Худовандро бандагӣ кунед ва аз тоғут бипарҳезед» (Сураи Наҳл: ояти 36).



Аммо сифат ва кайфияти куфр ба тоғут:

Ботил донистани ибодати ғайр аз Худо ва тарки он ибодат, ва нафрат доштан аз он ва кофир донистани касе, ки чунин кореро анҷом медиҳад, ва душманӣ кардан бо ӯ -ин маънои куфр ба тоғут аст-.


Ва имон ба Худо: мӯътақид будан ба Худои Яктое, ки ҳеҷ шарике надорад, ва тамоми ибодатҳоро хосан барои ризои Ӯ анҷом додан, ва ғайр аз Ӯ ҳеҷ маъбуди дигареро напарастидан, ва яктопарастонро дӯст доштан ва аз онон пуштибонӣ кардан, ва аз мушрикон нафрат доштан ва бо онон душманӣ кардан, ва ин ҳамон дини Иброҳим (алайҳи салом) аст ва касе, ки аз дини Иброҳим (алайҳи салом) рӯй гардонад нодон ва девона ва аҳмақ аст. Ва пайрави аз дини Иброҳим (алайҳи салом) ҳамон усва ва қудваи ҳасана ва нек аст.


Худованд мефармояд:


«قَدْ كَانَتْ لَكُمْ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ فِي إِبْرَاهِيمَ وَالَّذِينَ مَعَهُ إِذْ قَالُوا لِقَوْمِهِمْ إِنَّا بُرَاء مِنكُمْ وَمِمَّا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّهِ كَفَرْنَا بِكُمْ وَبَدَا بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةُ وَالْبَغْضَاء أَبَدًا حَتَّى تُؤْمِنُوا بِاللَّهِ وَحْدَهُ 4» [الممتحنة: 4].

«Ба ростӣ, ки бароятон дар Иброҳим ва онон, ки бо ӯ ҳамроҳ буданд, сармашқи накӯст – чун ба қавми худ гуфтанд: мо аз шумо ва аз он чӣ шумо ба ҷои Худо мепарастед безорем. Ба шумо нобовар шудаем, ва байни мо ва шумо барои ҳамеша душманӣ ва кийна падид омада аст. То ин ки танҳо ба Худованд имон оваред» (Сураи Мумтаҳина: ояти 4).


Ва тоғут исми ом аст, ки ҳар он чиро, ки ғайр аз Худованд ибодат шуд, ва ӯ ба ин ибодат розӣ бошад, ва дар ҷиҳати итоати Худо ва Расули Худо (салаллоҳу алайҳи ва саллам) набошад, шомил мешавад.



Воҷиботе, ки бар ҳар мусалмони мард ва зан, донистани он зарурӣ аст

Ҷамъоварии Шайх Абдуллоҳ бин Иброҳим Қаръовӣ

Тарҷумаи форсии Исҳоқ бин Абдуллоҳ бин Муҳаммади Дабирӣ

:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 1013
-0 ---
: 18:04
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024