Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Никох ва Оила [45]
Тарбияи фарзанд [18]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 485



Теги

Дӯстон






Издивоҷ бо зани муртад ҳаром аст





- Ман борҳо шунидаам, ки издивоҷ бо зани муртад, ҷоиз нест. Муртад кист ва чаро бо зани муртад издивоҷ ҳаром аст?


- Муртад он касеро меноманд, ки баъд аз имон овардан, кофир шудааст, яъне дар дини Ислом буд ва пас аз он дини дигареро қабул намудааст, ё инки аз дини Ислом баромада, ба ҳеҷ дини дигар ворид нашавад ва ҳама чизро инкор кунад. Хоҳ он дини қабул кардааш китобӣ бошад ё ғайри китобӣ, ё дини масеҳӣ бошад ё дини яҳудӣ ё бутпарастӣ ва ғайри онҳо, ё аз динҳои фалсафии дигар, балки озод ва бидуни дини дигар ва мазҳаби дигар.
Ислом маҷбурӣ ҳеҷ касеро водор ба мусулмон шудан намекунад. Қонуни шариат имони иҷбориро мӯътабар намедонад ва онро нахоҳад пазируфт. Аммо ҳар касе озодона ва ба иродаи худ дохили он дин шуд, дигар набояд аз он хориҷ шавад.
Муртаддан дорои аҳкоме ҳастанд, ки баъзе марбут ба қиёмат ва баъзе марбут ба умури дунявӣ мебошанд.
Дар иртибот ба қиёмат: ҳар касе дар ҳолати иртидод бимирад, тамоми аъмоли солеҳаш ва накӯяш аз байн мераванд ва дар оташи дӯзах абадӣ хоҳад монд. Худованди мутаъоло мефармояд: «Ва касоне аз шумо аз дини худ баргарданд ва дар ҳоли куфр бимиранд, онҳо кордорҳояшон дар дунё ва охират табоҳ мешавад ва эшон аҳли оташанд ва дар он абадӣ хоҳанд монд». (Сураи «Бақара», ояти 217).
Дар иртибот бо аҳкоми дунявӣ эътиборе аз тарафи ҷомеъаи исломӣ нахоҳад дошт ва зиндагии заношӯӣ миёни як марди мусулмон ва зани муртад ва ҳамчунин миёни марди муртад бо як зани мусулмон чӣ дар оғоз ва чӣ дар давоми умр қатъиян ҷоиз нест. Бинобар ин ҳар марди мусулмоне бо зани муртад издивоҷ намояд, он издивоҷ ботил мебошад. Агар зан пас аз издивоҷ муртад шуда бошад, ҳатман бе ҳеҷ таъхир миёни он зан ва мард ҷудоӣ афканда шавад. Ин ҳукм мавриди иттифоқи ҳамаи фуқаҳои Ислом аст.
Мо бидуни далели қатъӣ мусулмонеро аз ин асл хориҷ насозем, бояд бидонем, ки ба яқин аз ин дин хориҷ шудааст.

:
: Никох ва Оила
... tojikislom
: 867
-0 ---
: 20:22
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2019