Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Никох ва Оила [45]
Тарбияи фарзанд [18]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






МУТЪА



МУТЪА

Мутъа ё сиға никоҳи муваққатро мегӯянд, ки қабл аз ислом ҷоиз буд ва дар замони ҳаёташ Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам чанд бор онро иҷозат ва манъ кардаанд. Мутобиқи аслу қоидаи шариат дар умуре, ки иҷозату манъ буданаш такрор ёфта бошад охирон ҳолати онро эътибор карда мешавад. Аҳкоми амалии шариати ислом дар давоми 23 сол комилу пурра шудаанд, аз ин рӯ баъзе умур дафъатан, яъне якеякбора ва баъзе дигараш тадриҷан, яъне зина ба зина манъ шудаанд. Масалан дар мавзӯъи шароб аввалан Аллоҳ таоло эълон доштанд, ки зарараш аз манфиаташ бештар мебошад, дар қадами дуввум онро ҳангоми намоз ҳаром кард ва дар қадами саввум ба таври кулли ҳаромаш эълон кардаанд. Дар мавзӯъи мутъаи занон охирон амри Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар фатҳи Макка ва ҳаҷҷатул- вадоъ манъ карданаш ривоят шудааст ва дар манъ будани он иҷмоъи аксари саҳобагон собит шудааст.

Дар ин мавзӯъ дар ривояти Имом Муслим яке аз саҳобагон чунин гуфтаанд: «Ҳангоми фатҳи Макка Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам моро иҷозати мутъа доданд ва ҳанӯз аз Макка набаромада бедем, ки дубора онро манъ кардаанд Дар дигар ривояти Имом Муслим Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам- ро дидаанд, ки дар байни рукни ямонӣ ва дари хонаи Худо истода мардумро чунин хитоб мекарданд: «Ай мардум ман қаблан ба шумо мутъа карданро иҷозат дода будам. Аммо акнун бидонед, ки Аллоҳ таоло мутъаро то рӯзи қиёмат ҳаром кардаанд

Дар ривояти Абудовуд омадааст, ки дар ҳаҷи вадоъ низ Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳаром буданашро эълон кардаанд.

Дар ин мавзӯъ Имом Нававӣ мегӯяд: «Қавли дуруст дар ин масъала ин аст, ки мутъа ду маротиб мубоҳ ва дубори дигар ҳаром эълон шудааст. Қабл аз ҷанги Хайбар раво буда дар он манъ карда шудааст ва дар соли фатҳи Макка ё чуноне ба соли Автос ёд мешавад дубора иҷозат дода шуд ва баъди чанд рӯзе ба таври абадӣ ҳаром эълон гардидааст. Тамоми ҷуҳури уламои салафу халафи уммат ҳаром буданашро фатво додаанд. Аммо дар ибтидо як ҷамоате аз саҳобагон, амсоли ибни Аббос онро ҷоиз медонистанд, вале баъдан аз ин қавли худ руҷуъ кардаанд ва онро ҳаром гуфтаанд

Аммо дар мавриди ҳаром гуфтани ҳазрати Умар мутъаро дар ривояти Ибни Моҷа ба санаде, ки Албонӣ онро ҳасан гуфтаанд, ҳазрати Умар дар хутбааш мардумро чунин хитоб кардаанд: «Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам се рӯз моро мутъа кардан иҷозат доданд ва сипас онро манъ кардаанд. Аз ин рӯ кадом муҳсанеро, яъне мард ё зани оиладореро бидонам, ки мутъа мекунад вайро сангсор мекунам. Магар вақте сангсораш намекунам, ки агар шоҳид оварда битавонад, ки баъди ончи моро Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам манъ карда буд, дубора иҷозат додаанд

 

ҲАЛОЛГӮЯНДАГОНИ МУТЪА

1- Дар китоби никоҳи Мустадракул- Васоили Табарсӣ, саҳифаи 452. чопи Бейрут соли 1408 ҳиҷрӣ, яъне 21 сол қабл чоп шудааст, чунин омадааст: Аз имом Боқир пурсиданд: « Оё шахси мутъакунанда савоб мегирад? Гуфт: Агар аз барои ризои Худо ва мухолафати фалонӣ (шояд чун одаташон ҳазрати Умарро дар назар дошта бошанд) , ҳар сухане бо он зан мегӯяд барояш савоб дорад, ҳар боре ба вай наздик шавад гуноҳе аз гуноҳонаш бахшида мешаванд ва ҳар боре ғусл кунад ба адади мӯйҳояш гуноҳонаш бахшида мешаванд.

 

2- Дар китоби мазкур дар нафси бобу саҳифа аз Имом Ҷаъфари Содиқ ривоят кардаанд, ки гуфт: Аллоҳ таоло бар шиаёни мо тамоми анвоъи шароби масткунандаро ҳаром гардонида дар иввази он барояшон мутъаро ҳалол кардааст.

 

3- Дар нафси китоб ва нафси саҳифа аз Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят кардаанд, ки гӯё дар шаби миъроҷ ҳазрати Ҷиброил ба вай гуфтаанд: Ай Муҳаммад, Аллоҳ азза ва ҷалла мегӯяд. ки ман занони мутъакунандаро мағфират кардаам.

 

4- Дар китоби Таҳзибул- Аҳкоми Муҳаммади Тӯсӣ ҷилди 7 саҳифаи 256 омада, ки Абуабдуллоҳ гуфтаанд: Мутъа кардан бо зани маҷӯсӣ боке надорад.

 

5- Дар Таҳзибул- Аҳкоми мазкур дар саҳифаи 460 аз Абуабдуллоҳ ривоят шудааст, ки гуфт: Агар мард дар пушти зан дар ҳоле бирасад, ки он зан рӯзадор бошад рӯзаи он зан намешиканад ва бар он зан ғусл воҷиб намешавад.

 

6- Дар китоби Манҳаҷус- Содиқини Фатҳуллоҳи Кошонӣ саҳ 256 аз Ҷаъфари Содиқ ривоят шуда, ки фарзанди аз никоҳи мутъа ба дунё оянда аз фарзанди никоҳи доимӣ беҳтар мебошад ва касе, ки мутъаро инкор мекунад кофир аст.



http://firdavsi.com


:
: Никох ва Оила
... tojikislom
: 763
-1 ---
: 22:02
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0




¹-1  Äîáàâèë: Abdulhack    Äàòà: 03.02.2010-21:12

Мушрикин



Copyright MyCorp © 2024