|
|
Никоҳ доштани зан ба некӣ ё талоқ доданаш ба хубӣ
|
|
Ҳар гоҳ мард занашро як талоқ дод ба муддати иддааш наздик ба поён расид, бар мард лозим аст, дар ин ҳолат яке аз ин ду амрро интихоб намояд: - Ё бо зан зиндагиро давом диҳад ва ё бо некӣ ва ахлоқи исломӣ бо ӯ рафтор кунад ва ҳадафаш идомаи зиндагӣ бо нияти хайр ва ислоҳ бошад, на ин ки қасди бад ва ҳолати интиқомро пеш бигирад. - Вақте ки иддааш ба поён расид, бо хубӣ, бе ҷангу ҷанҷол аз ӯ ҷудо шавад ва занро азият, бӯҳтон ва ғайре, ки боиси пастзании зан аст, дар миён набошад. Мард ҳақ надорад ва барояш ҳалол нест, ки ба нияти пастзанӣ ва озори занаш талоқи ӯро тӯлонӣ намояд. Худованди мутаъол озори зани муталақаро дар каломи худ ба эътибор таҳрим намудааст; «Ҳар гоҳ занатонро талоқ додед ва иддаашон ба тамом шудан наздик гардид, ё онҳоро ба некӣ ва мӯҳтарамона нигоҳ доред ва ё ба некӣ ва мӯҳтарамона ононро озод бигардонед. Ва ононро ба манзури азият ва интиқом гирифтан нигоҳ надоред ва раият надиҳед, то ки иддаашон тӯлонӣ шавад ва зараре ё зиёне ба онҳо бирасад. Касе ки чунин корро бикунад ба худаш зулм мекунад. Оёти илоҳиро ба бозичае нагиред, неъмати Худовандро бар худатон ба ёд биоред, ки китоб ва ҳикматро барои шумо нозил намуда, тавсия мекунад, ки шумо ба китоб ва ҳикмати иллоҳӣ амал кунед. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худованд ба ҳама чиз огоҳ аст». (Сураи «Бақара», ояти 231). Ҳар гоҳ ба ин ояти муборак диққат намоем, мебинем, ки ҳафт фатра таҳзир, тазакур, таҳдид дар бар дорад ва ҳар яке аз онҳо барои ибрати касоне, ки дорои қалби солим ва гӯши шунаво ҳастанд, кофӣ аст ки ҳуқуқи Исломро риоя кунад.
:
: Никох ва Оила
... tojikislom
: 537
-0 ---
: 17:41 |
...
|
|
|
|
|
|
|
Онлайн всего: 1 Меҳмонҳо: 1 Пользователей: 0
| |
|
|