Аз қиссаи муносибати
Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо духтараш хазрати Фотима ҷавози
чаҳор чиз собит мешавад: 1-Ҷавози бӯсидани падару модар фарзандро,
агарчӣ духтари ба балоғат расида бошад. 2-Ҷавози бӯсидани фарзанд
падару модарро. Дар ин масъала гуфтани ҳастем, ки Алӣ Қорӣ дар Мирқот
мавзеъи бӯсидан пешонӣ, сар ва банди дастро гуфтаанд.3-Хестани падару
модар пеши фарзанд. 4-Хестани фарзанд пеши падару модар.
Аммо ончиро фуқаҳои
ҳанафӣ хатари исботи ҳурмати мусоҳара мегӯянд ва барои падар бӯсидани
духтари ба балоғат расида ва барои модар писари ба балоғат расидаро
манъ мекунанд, ҳамеша набуда, балки танҳо дар ҳолати ба шаҳват бӯсидан
мебошад.
Дар мавзӯъи суннат
ё мустаҳаб будани бӯсидани фарзанд, ҳадиси саҳеҳеро зикр мекунем, ки
онро дар ривояти Эмом Бухорӣ, ҳазрати Оиша чунин ривоят кардаанд:
"Аъробие назди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада чунин
эътироз кард: Шумо кӯдаконро бӯса мекунед, аммо мо чунин намекунем!? Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоб гуфт: "Агар Аллоҳ таъоло аз дили ту раҳму шафқатро гирифта бошад, ман чӣ карда метавонам!"
Аммо дар ривояти
Эмом Муслим ҳазрати Абуҳурайра мегӯянд: Ақраъ писари Ҳобис ҳазрати
Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро мушоҳада карданд, ки наберааш
Эмом Ҳасанро бӯса карданд. Ба Ақраъ (ин феъли Пайғамбар саллаллоҳу
алайҳи ва саллам писанд наомаду) гуфт: Ман даҳ писар дорам ва то кунун
ҳеҷ кадомашонро бӯса накардаам!!
Пайғамбар саллаллоҳу
алайҳи ва саллам гуфтанд"Касе раҳм намекунад раҳм карда намешавад!"
Яъне чунин кор нисбат ба фарзанд ҷафову бераҳмӣ мебошад ва фардои
қиёмат Аллоҳ таъоло чунин бераҳмонро раҳм нахоҳад кард.
Дар Мавсуъаи Заҳабӣ
ба 21 ривояти ин ҳадис даст ёфтем, ки Эмом Бухорӣ панҷ ривояташро, ду
ривоят дар саҳеҳ ва се ривоят дар Адаб, Эмом Муслим ду ривоят, ибни
Моҷа, Ҳоким, ибни Ҳибон, Ҳайсамӣ ва Байҳақӣ як ривоятӣ, Эмом Аҳмад
чаҳор ривоят, Абуяъло се ривоят, ривоят кардаанд.
Ғайр аз Бухориву Муслим
санадҳои баъзе ин ривоятҳоро ибни Ҳиббон, Ҳоким, Байҳақӣ ва Заҳабӣ ва
аз муҳаққиқон Албонӣ, Арновут ва Ҳусайн Асад саҳеҳ гуфтаанд.