Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Никох ва Оила [45]
Тарбияи фарзанд [18]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 394



Теги

Дӯстон






ФАРЗАНДИ БИСЁРИ БЕТАРБИЯ – ЗАРАР БА ҶОМЕА



ФАРЗАНДИ БИСЁРИ БЕТАРБИЯ – ЗАРАР БА ҶОМЕА
Дини мубини ислом тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, ба пайравони худ роҳи росту мӯътадил ва безарарро нишон додааст.
Ҳатто дар мавзӯи танзими оила, ки олимони соҳаи демография солҳои охир аз он зиёд сухан мекунанд, ислом ҳанӯз 1400 сол пеш тавсияҳои ҷолиб дода буд.
Чунончи Худованд дар Қуръони Маҷид мефармояд, ки «модарон бояд фарзандони худро ду соли комил шир диҳанд». Дар сурате, ки модар бемор шаваду натавонад фарзандашро шир бидиҳад, ислом тавсия медиҳад, ки доя (зани солими ширдеҳи дигаре)-ро киро намуда кӯдакро шир диҳад. Аз як тараф вақте ки модар ду сол кӯдакро шир медиҳад, ӯ дар ин миён фикри таваллуд кардани тифли дигарро намекунад. Яъне, ҳар сол таваллуд намекунаду фосилаи муайяне (2—3 сол) миёни таваллуди атфол риоя мешавад. Аз тарафи дигар кӯдак аз шири модар, ки тамоми элементҳои барои нашъунамои солимии ӯ зарур аст, баҳравар мешавад. Тибби имрӯза низ исбот намудааст, ки тифли ду сол аз шири модар баҳраваршуда нисбати тифле, ки аз ғизои сунъӣ истифода бурдааст, чи аз нигоҳи зеҳнӣ ва чи аз нигоҳи ҷисмонӣ солимтар аст.
Ҳикмати дигари ду сол ширдиҳии модар аз он иборат аст, ки таи ин муддат кӯдак бештар бо модар унс мегирад ва зимни муоширати модар зудтар сухан гуфтанро низ ёд мегирад.
Дар сурати ҳар сол таваллуд кардан модар камқувват мешавад, зеро ҷисми ӯ фурсати барқароршавиро намеёбад. Аз ин рӯ кӯдакон низ заиф ба воя мерасанд.
Худованд инчунин дар Қуръони Маҷид мефармояд, ки «Шумо фарзандони худро аз тарси гуруснагӣ накушед, зеро ризқдиҳандаи шумову фарзандонатон Ман (яъне Худо) ҳастам». (Сураи «Анъом», ояти 151)
Ислом издивоҷи бенақшаро маслиҳат намедиҳад. Ҷавоне, ки издивоҷ мекунад, бояд худаш ва оилаашро таъмин карда тавонад, то фардо таънашунаву асабӣ нагардад. Ҳамчунин бояд соҳиби манзил ё хонаҳои алоҳида бошад. Падару модар бояд ҳамроҳи фарзандони болиғ дар як хона хоб накунанд. Ба ҳамин тартиб духтару писари аз 10 –сола боло низ дар як хона (ҳуҷра) хоб нараванд. Ин тақозои шарму ҳаёст.
Занро ба хотири ҳуснаш, молаш, насаб (ё мансаби падараш) ва диндориаш хуш (интихоб) мекунанд. Расули Худо (с) тавсия медиҳад, ки бо зани бодиёнату боодоб издивоҷ кунед, баракат меёбед. Зеро ҳусн, мол ва мансаб ба зудӣ, бо сабабҳои гуногун метавонанд завол ёбанд. Аз ин рӯ бофарҳангӣ ва ахлоқи нек зебу зинати зан аст. Агар зан бесавод, бефарҳанг бошад, он оила пеш намеравад ва дар бунбаст қарор мегирад.
Агар шахси пулдор бихоҳад, ки ба фарзандаш некӣ кунад, бояд ба вай илм биомӯзад.
Шахсе назди ҳазрати Имоми Аъзам (р) омаду гуфт: -Эй имоми бузург, ман ду фарзанд дорам , лекин вазъи иқтисодиам заиф аст. Як писару як духтар дорам. Барои таълими ҳардуяшон маблағ надорам. Мехоҳам якеашонро ба мадраса диҳам, то илм омӯзанд. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед? Кадомашонро ба мадраса супорам?
Имоми Аъзам (р) гуфтанд:
-Аввал духтаратонро ба мадраса диҳед, то басавод шавад. Зеро зани босавод фарзандони солиму ба ҷомеа нафърасон тарбия мекунад. Аз зани бесаводу бефарҳанг фарзандони авбош , дузд ва гумроҳ мерӯяд.
Расули Худо (с) талаби илмро ба зану мард баробар фарз гуфтаанд. Чунки ояндаи миллатро аз чӣ гуна тарбия додани зан-модар вобастагӣ дорад:
Фарз кардем сарватманде ба писари бесаводаш хона, мошин ва зан дод. Агар писар одоби оиладориро надонад, аз занаш ҷудо мешавад, бо майпарасту нашъаманд ва қиморбозон ёр шуда, хонаву мошинро аз даст медиҳад. Агар шахсе сарвати зиёде надошта бошаду босавод бошад, ӯ бо тадбир , оҳиста – оҳиста аробаи зиндагиро кашида, вазъи иқтисодиашро хуб мекунаду баракат меёбад.
Аз нигоҳи дини мубини ислом шахси босавод мисли чароғ ва шахси бесавод мисли нобино аст, ки асои ӯро бояд шахси дигар бикашад.
Шамсиддин ШАРИФЗОДА, имом – хатиби масҷиди маҳаллаи 61-и шаҳри Душанбе



:
: Тарбияи фарзанд
... tojikislom
: 468
-0 ---
: 16:38
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024