Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Никох ва Оила [45]
Тарбияи фарзанд [18]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






ПАДАР НАЗДИ ФАРЗАНДОН ЧӢ ӮҲДАДОР АСТ?




Фарзандҳоеро дучор меоем, ки баъзан аз падари худ норозигӣ карда мегӯянд: «Падарам барои ман чӣ кардааст? На хона гирифтаасту на мошин? Магар харидани хонаю мошин қарзи падарист? Пас фарзанд кай ба волидайн хизмат кунад? Мехостем мухтасаран аз нигоҳи ислом дар бораи қарзи падар назди фарзанд маълумот диҳед.
Алимардони АБДУМАННОН, Ҳасани Файзуллоҳ, ноҳияи Ҳисор


Дар «Минҳоҷул муслим» - Абӯбакри Алҷазоирӣ омадааст, ки падар назди фарзандонаш ӯҳдадориҳои зеринро дорост:
1. Падар бояд ҳамсари хубу шоистаи диндору хушахлоқ интихоб намояд.
2. Чун фарзанд ба дунё омад, номи неку пурмаъно гузорад.
3. Ба хотири таваллуди фарзанд ба мустамандон хайру садақа диҳад (Агар имкон дошта бошад, чорвое забҳ намояд).
4. Писарро хатна кунад.
5. Бо фарзандонаш дилсӯзу меҳрубон бошад.
6. Фарзандонро бо хӯрок, либос ва асбоби хониш таъмин намояд.
7. Онҳоро тарбияи имониву ахлоқӣ дода, бо Қуръон ва арзишҳои исломӣ ошно намояд.
8. Ошно гардонидани фарзандон бо воҷиботи динӣ, монанди намоз, рӯза, ва дигар рукнҳои ислом.
9. Ҳангоми расидан ба синни балоғат ҳамсари хубу муносибро барои фарзанд интихоб намояд. Сипас барои дар хона мондани фарзанд ихтиёрро ба дасти худаш диҳад.
Тавре мебинем, бештар падар бояд ба рушди маънавиёт ва ахлоқи фарзанд диққат диҳад. Дар сураи «Таҳрим» ояти 6 омадааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, худатон ва хонаводаатон (зану фарзандон)-ро аз оташи ҷаҳаннаме, ки ҳезумаш инсонҳову санг аст, нигоҳ доред».
Дар «Риёзун носиҳин»-и Мавлоно Муҳаммади Рибҳомӣ ба фарзанд омӯхтани касбу ҳунар низ шарти муҳим дониста шудааст. Фарзандро ба ҳунаре (пешае) машғул бояд дошт, то оянда аз бекорӣ даст ба дуздӣ ё гадоӣ назанад:
Гар ҳоли нек хоҳӣ, фарзандро ҳамеша,
Омӯзаш, эй бародар, Қуръону хату пеша,
Зеро , ки пеша шояд рӯзе, ба кор ояд.
Чун пешае надорад, белу каланду теша.
Ҳаргиз хате нахонад, ё пешае надонад,
Пас гову хар чаронад, дар кӯҳу дашту беша.
Яъне, дар сурати касбу ҳунар ё илмеро фаро нагирифтани фарзанд, ӯро ба чорводорӣ (паррандапарварӣ, занбӯрпарварӣ) ҷалб бояд кард. Вақте фарзанд соҳиби касбу ҳунару ҷои кори мувофиқ гашт, мошину хонаро худаш меёбад ва ба падару модар низ хизмати шоиста мекунад.


:
: Тарбияи фарзанд
... tojikislom
: 664
-0 ---
: 19:39
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024