|
|
ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
|
|
Маълум аст, ки таълим ва тарбияи фарзанд яке аз муҳимтарин ва
асоситарин мавзӯъ ва масъалаҳои қонун ва қоидаҳои шариати исломи мост.
Лекин мо ин ҷо фақат роҷеъ ба баъзи одат ва одобҳои заруреро, ки бояд
ҳатман риоя карда шаванд, зикр хоҳем кард. Исми мубораки Аллоҳ Таоло
аввалин калимаи навзод бояд бошад. Аз ҳамин лиҳоз ба гӯши кӯдаки навзод
азон хонда шавад. Баъд аз он ба кӯдак асал ё дигар ғизои муносиб
диҳанд. Дар рӯзи ҳафтуми таваллуди он мӯяшро тарошанд ва баробари вазни
мӯи кӯдак нуқра (сим) ё зар (тилло) садақа кунанд. Ҳамин рӯз номгузорӣ
(исмгузорӣ) сурат мегирад. Исми кӯдак зебо, мазмундор бояд бошад. Аз ин
сабаб исми кӯдакро на пиразане ё пирамарде (кампир ё мӯйсафед), балки
олим ё имом интихоб кунад. Илова бар ин дар ҳамин рӯзи ҳафтуми
таваллуди кӯдак барои (дар ҳаққи) писар ду сар гӯсфанд ва духтар як
гӯсфанд қурбонӣ кунанд. Ин оинро (маросим) «қурбонӣ-ақиқа» гӯянд. Қисми
калони ин қурбонӣ аввал ба бобои пир ва боқимондаи он байни мискину
бечорагон тақсим гардад. Устухонҳои гӯсфанди қурбонӣ на бояд (тавассути
корд ё олати дигар) бурида ё шикаста шавад, балки аз бандҳо (буғим)
оҳиста-оҳиста ҷудо карда шавад.
Агар гӯсфанди муносиб ва лоиқ қурбонӣ шавад, барои ақиқа хеле хуб ва
айни муддаост. Гӯянд, ки қурбонӣ-ақиқа - дар оянда сабаби сиҳат ва
саломатии фарзанд аст. Ба қадри имкон фарзандро худи модараш парвариш,
тарбия кунад, ғизо диҳад ва маконад. Зеро барои фарзанд беҳтар аз шири
модар чизи дигаре нест. Агар модар имконияти макондан надошта бошад, он
вақт кӯдакро ба зани некӯкор, порсо ва меҳрубон диҳанд. Агар синну соли
доя (синадиҳанда) дар атрофи 25-30 сола, сиҳат-саломат, покиза ва
хушфеъл бошад, айни муддаост. Доя шудани зани оташин, тез, ғазабнок ва
бадахлоқ мувофиқи мақсад намебошад. Дар ҷараёни парвариш, парасторӣ ва
таълиму тарбияи кӯдак ба қадри имкон покизагӣ ва тозагӣ риоя карда
шавад. Дар назди падару модар фарзанд як амонати хеле азизу
гаронбаҳост. Бинобар ин бисёр зарур аст, ки ба фарзанд ахлоқ ва одобҳои
нек ёд дода шавад, одатҳои муҳим ва оинҳои асосӣ фаҳмонда шавад, зеро
тавассути таълим ва тарбияи лоиқ ва шоиста фарзандро зар кардан ҳам
мумкин ва ё хоки сиёҳ кардан ҳам мумкин. Сабабкори ҳар дуи ин амал
(вазифа ва қарз) падару модаранд. Пас ба ин кори хеле муҳим ва зарур
эътибор ва таваҷҷӯҳ дода шавад. Таълим ва тарбия, дониши мураббӣ (доя)
дар дараҷаи матлуб бошад. Аз рӯзи аввале, ки кӯдак шурӯъ ба сухан
гуфтан кард, ба ӯ ба забони модарӣ имон овардан (калимаи шаҳодат),
«Ал-ҳамду», «Оятул-курси» ва дигар сураҳо ва оятҳо ёд дода шавад.
Аз ҳамин рӯз таълим ва тарбияи кӯдак мувофиқи одоби ислом шурӯъ гардад.
Зеро дар ин синну сол кӯдак монанди навдаи бед аст, ки ба ҳар тараф қат
кардан мумкин аст. Дар синни шаш-ҳафтсолагӣ таҳсили кӯдак оғоз меёбад
ва фарзанд ба мактаб фиристода мешавад. Омӯхтан ва ёд додан лозим аст,
ки аз ҳамин синну сол ва пештар аз ин ҳам духтар ва писар алоҳида хоб
кунанд. Ба онҳо қоидаҳои таҳорат ва намоз хондан низ ёд дода мешавад.
Рафтори фарзанд доимо зери назорати падару модар ва доя буда, камбудӣ
ва хатоҳои ӯ дар вақташ ислоҳ мегардад.
Балахлоқӣ, махсусан, зуд дарғазаб шудан, дар бораи чизи мавҷуд набуда
ғамгин шудан, ва монанди он, аз ҷумлаи ҳамин гуна камбудиҳо ба шумор
мераванд ва онҳо хеле хатарноканд. Ба қадри имкон бояд саъю кӯшиш кард,
ки камбудиҳо ва хатоҳои мазкур бартараф гардад. Гуфтани ҳикояҳое, ки аз
онҳо дар кӯдакон ҳиссиёти тарс ба вуҷуд меояд, ҷоиз нест ва хеле
зарарноканд. Ҳатто аз ин сабаб тифлон (кӯдакон) шабҳо, дар вақти
торикӣ, аз сояи худ метарсидагӣ мешаванд. Вақти хоб ором хоб накарда ба
ҳарос меафтанд, тарсида ва ларзида аз хоб бедор мешаванд. Дар натиҷаи
он хастагӣ ва нороҳатии кӯдак ба вуҷуд меояд.
Тамоми аъзои бадан ва либоси фарзанд пок ва тоза нигоҳ дошта шавад.
Нохунашон дар вақташ қайчӣ (гирифта) шавад. Ба онҳо қоидаҳои либос
пӯшидан, сарфи таом кардан ва нӯшидан, одоби нишасту хез бо калонсолон
ва дигар оинҳои миллӣ ҳатман оҳиста-оҳиста ёд дода шавад. Дар вақти
сарфи таом ҳаракатҳои беҳуда ва номатлуб, ҷумбидан, ларзидан, бо абрӯ
(қош) ё чашм ишора кардан, бо либос ё аъзои бадан бозӣ кардан, ба атроф
зуд-зуд нигоҳ кардан ё ин, ки ба таомхӯрии атрофиён назар кардан, ба
сӯи ҳозирон ва таом (дастархон) сулфа кардан, бо ҳамнишинон маҳфиёна
сӯҳбат кардан, бо овози баланд хандидан ё гап задан ё ин, ки
пичир-пичир кардан, бо чатр (зонт) ё чӯб (асо) вориди хона шудан ва
дигар одатҳои манфӣ аз бадахлоқӣ ва беадабӣ далолат медиҳанд.
Ба қадри имкон кӯшиш кард, ки то фарзандон ва ҳаракатҳои ноҷӯя, ноҷоиз
ва беҳударо накунанд. Нисбат ба фарзандон меҳрубон будан, бо меҳру
муҳаббат, самимона парвариш кардан, таълим ва тарбия кардан, дили ӯро
ёфтан ва ба меҳру муҳаббати ӯ сазовор шудан кори (вазифа) басо муҳим ва
бузург аст. Аз рӯи одоб ҳадия (тӯҳфа) додан аввал аз хурдсолон ва
духтарон шурӯъ гардад. Ба фарзандон иҷоза (рухсат) дода шавад, ки бо
бозичаҳои манънашуда бозӣ кунанд. Барои беҳбудии зеҳн ва хотираи тифлон
(кӯдакон) аз бозичаҳои матлуб (иҷоза додашуда) нафъи калон ба даст ояд.
Аз «Одоби муошират»
:
: Тарбияи фарзанд
... tojikislom
: 1655
-0 ---
: 20:53 |
...
|
|
|
|
|
|
|
Онлайн всего: 1 Меҳмонҳо: 1 Пользователей: 0
| |
|
|