- Тарбияи фарзанд бояд чӣ гуна ба
роҳ монда шавад?
- Шариати ислом масъулияти тарбияи фарзандонро дар
навбати аввал ба зиммаи падару модар мегузорад ва ин вазифаи асосиро пеш аз ҳама
хоси падару модар медонад. Ислом дастур медиҳад, ки мо нисбат ба фарзандон саҳлгир
набошем ва ба фарзандон донишҳои судбахшро таълим диҳем. Падар пеш аз ҳама
вазифадор аст, ки ба омӯзиши фарзанд диққати ҷиддӣ диҳад, ҳанӯз аз
хурдсолӣ
илмҳои замона, фарзҳои динӣ ва суннатҳои он ба фарзандон омӯзонад.
Тарбия дар ҷодаи
парвариши фарзандон бар ҳамин асос қарор мегирад. Рафти ташкил, сарпарастӣ ва ислоҳ
ба тадриҷ ва оҳиста-оҳиста то замони ба камол расидан
идома меёбад. Яъне тарбия аз замони таваллуд ба тадриҷ то синни балоғат ҳамзамон бо парвариши кӯдак сурат
мегирад. Ин аст масъулияти падару модар дар мавриди тарбияи фарзандон ва он
масъулиятест, ки наметавон ба ҷойи
падару модар каси дигар ин масъулиятро ба дӯш
бигирад.
Аз рӯи нуқтаи назари ислом мураббиҳо чи модар, чи
падар ва ё чи муаллим бояд соҳиби ин сифатҳо бошанд:
- Сабру бурдборӣ ва матонату оромиш.
- Некӯкирдорӣ ва нармӣ.
- Меҳрубонӣ, меҳру шафқат ва муҳаббат.
- Дурӣ гирифтан аз хашму ғазаб, қатъи назар аз он
ки он муррабӣ
падар аст ё модар, ё касе, ки вазифаи тарбияро ба ӯҳда
дорад.
- Дигар сифати мураббӣ нарм
будан, беозор будан, бо сӯҳбатҳои хуш, муносибати хуб ҷалб кардан.
- Миёни ду кор агар гуноҳ набошад, осонтарашро интихоб
кардан. Манзур аз интихоби кори осон ин амалҳои мубоҳ ва машрӯъ аст.
Бинобар ин муррабида муомила бо фарзандон ва шогирдони худ некӯтарин
услуб, беҳтарин вақт, зеботарин калимаҳо ва ибораҳо ва осонтарин роҳнамоиҳоро
интихоб кунад, то ба андак кӯшиш ва дар як фурсати кӯтоҳ ба зеҳни
онҳо роҳ ёбад.