Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Никох ва Оила [45]
Тарбияи фарзанд [18]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кӯтоҳтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 514



Теги

Дӯстон






Тавсияҳо дар робита ба тарбияи фарзандон



Тавсияҳо дар робита ба тарбияи фарзандон

Тарбияи имонии фарзандон бунёд ва асоси биноро мемонад ва тарбияи ахлоқӣ самараи тарбияи ростини имонист. Донишмандони риштаи тарбия иттифоқ бар он доранд, ки зиндагии бо нозу неъмат ва таносоӣ ва неъмати зиёд, фурӯ рафтан дар шаҳватҳову лаззатҳо дар заъиф кардани зеҳну хотира, зишт намудани ахлоқ, аз байн бурдани номусу мардонагӣ, паҳншавии бемориҳо ва барбод додани шарафу покӣ вабои муҳлик аст.
Ба саломатии бадани фарзандон аҳамияти хоса додан, ба саховатпешагӣ бар онҳо нафақа кардани хӯроку пӯшок ва хӯрданиву ошомиданиҳои онҳо, тартиби хоб рафтани онҳо, қоидаҳои тандурустиро риоя кардан ва аз бемориҳои гузаранда ҳифз намудан, бо доруву дармон бемориҳои онҳоро муолиҷа кардан ва аз рӯи қоидаи «Ҳеҷ фарди мусулмон бо бародараш зарар намерасонад» амал намудан вазифаи падару модар аст.
Фарзандонро аз бекорӣ ва танҳоӣ дур нигоҳ доштан лозим аст. Зеро бекорӣ кӯдакро ба корҳои беҳуда машғул месозад ва танҳоӣ боиси пайдоиши тарсу изтироб ва муҷиби пазириши хоҳишот ва тасаввуроти шайтон мегардад.
Асл дар тарбияи фарзандон мулоиматӣ ва муъомилаи хуш аст. Агар дар тарбия ниёз ба шиканҷа кардан пайдо шавад, аз он кор гирифтан раво аст, ба шарте ки фикри шиканҷа кардан аз шиддати ҷаҳл ё аз рӯи ҳаяҷон ва хашму ғазаб пайдо нашуда бошад. Ҷуз ҳолатҳои ногузир ва ночорӣ ба шиканҷа даст назанад. Шиканҷа, сарзаниш кардан ва монанди инҳо набояд боиси уқубатҳои рӯҳӣ ва шикасти ҷисмонӣ ва ҷисму рӯҳи кӯдак гарданд.
Падару модарро зарур аст, барои фарзандонашон барномаи фарҳангии тарбиявӣ тартиб дода, аз хурдсолӣ ва замони тифлӣ оятҳо, калимаи тавҳид, калимаи шаҳодатро ёд диҳанд ва қиссаҳои пайғамбар (с) ва асҳоби ӯро ба таври мухтасар ҳикоят кунанд.

:
: Тарбияи фарзанд
... tojikislom
: 390
-0 ---
: 19:13
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024