Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 485



Теги

Дӯстон






Навоқизи Ислом



Навоқизи Ислом


Бидон, ки навоқизи Ислом даҳ чиз аст:


Аввал: Ширк овардан дар ибодати Худои Якто ва барои Ӯ шарик қоил шудан.

Худованд мефармояд:


«إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ ١١٦» [النساء: 116]


«Худованд намебахшад, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, ва ҷуз онро барои ҳар кас, ки бихоҳад меомурзад» (Сураи Нисо: ояти 116).

Ва мефармояд:


« مَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ حَرَّمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ ٱلۡجَنَّةَ وَمَأۡوَىٰهُ ٱلنَّارُۖ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٖ ٧٢» [المائدة: 72]


«Ба гумон касе, ки ба Худованд шарик оварад, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром мегардонад ва ҷойгоҳаш оташ (дӯзах) аст, ва ситамкорон ёвароне надоранд» (Сураи Моида: ояти 73).


Ва аз ҷумлаи ширк дар ибодати Худованди Мутаъол дуъо кардани мурдагон ва талабу мадад хостан аз онҳост ва ҳамчунин назр кардан ва забҳ ва қурбонӣ барои онҳост1.


Дуввум: Касе, ки байни худ ва байни Худо васитае қарор диҳад ва аз он восита чизе бихоҳад (яъне, дуъои худро мутаваҷҷиҳи ӯ созад) ва аз ӯ шафоъат биталабад ва бар ӯ таваккал кунад, чунин ашхосе иҷмоъи уламо ва донишмандони Ислом бар куфри онон аст.


Саввум: Касе, ки мушриконро кофир надонад, ва ё ин ки дар куфри он мушрикон шак ва тардид дошта бошад, ва ё ин ки мазҳаби он мушриконро саҳеҳ бидонад, кофир аст.


Чаҳорум: Касе, ки эътиқод дошта бошад, ки ҳидоят ва дастурҳои ғайри Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) комилтар ва беҳтар аст аз ҳидоят ва дастурҳои Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам), ва ё ин ки бигӯяд ҳукм ва қазовати ғайри Расулаллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) беҳтар аст аз ҳукм ва қазовати паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам), монанди касоне, ки ҳукм ва қазовати тавоғит (қавонини расмии кишварӣ)-ро, ки ғайри шаръи бошад бар қавонийни шаръи ва дини бартарӣ медиҳад ва инҳо ҳама кофир мебошанд.

Панҷум: Касе, ки ба чизе аз он чи Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) барои уммати исломӣ аз ҳидояти башарӣ ва қазоват ва ҳукм ба Қуръон ва суннат оварда буғз варзад, агарчи ба он ҳукм амал кунад, дар ҳоле, ки аз он нафрат дорад, боз ҳам ҷузъи кофирон мебошад. Худованди Мутаъол мефармояд:


«ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَرِهُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأَحۡبَطَ أَعۡمَٰلَهُمۡ ٩» [محمد: 9]


«Ин аз он аст, ки онон ончиро, ки Худо нозил карда аст, нохуш доштанд, дар натиҷа Худованд аъмолашонро табоҳ кард» (Сураи Муҳаммад: ояти 9).


Шашум: Ҳар касе, ки ба чизе аз дини мубини Ислом масхара ва ришханд кунад, ҳамон дине, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) онро аз тарафи Борӣ Таъоло оварда, ва ё аз савоб ва некӣ ва подоши он, ва ё аз ҷазо ва иқоб ва кайфури он, кофир шавад ва далелаш қавли Таборак ва Таъоло аст, ки мефармояд:


«قُلۡ أَبِٱللَّهِ وَءَايَٰتِهِۦ وَرَسُولِهِۦ كُنتُمۡ تَسۡتَهۡزِءُونَ ٦٥ لَا تَعۡتَذِرُواْ قَدۡ كَفَرۡتُم بَعۡدَ إِيمَٰنِكُمۡۚ ٦٦» [التوبة: 65 66]


«Бигӯ: Оё ба Худо ва оёти Ӯ ва расулаш ришханд мекардед? Узр наёваред, ба ростӣ ки пас аз имонатон куфр пеша кардед» (Сураи Тавба: оятҳои 65 ва 66).


Ҳафтум: Сеҳр ва ҷодугарӣ ва он чи шомили он мебошад аз қабили тирӯдастӣ байни дӯстон ва ҷалби он барои дигарон ва касе, ки онро анҷом диҳад ва ё аз он розӣ шавад, кофир гардад ва далел қавли Таборак ва Таъоло аст, ки мефармояд:


«وَلَوۡ أَنَّهُمۡ ءَامَنُواْ وَٱتَّقَوۡاْ لَمَثُوبَةٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ خَيۡرٞۚ لَّوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ١٠٣» [البقرة: 102]

«Ва (он ду фаришта) ба ҳеҷ касе (ҷоду) намеомӯхтанд, магар онки мегуфтанд: „Мо танҳо (мояи) омӯзони ҳастем, пас (бо ба кор гирии ҷоду) кофир машав» (Сураи Бақара: ояти 102).


Ҳаштум: Пуштибонӣ кардан аз мушрикон ва ёрӣ кардани онон бар зидди мусалмонон, ва далели он қавли Борӣ Таъоло аст, ки мефармояд:


«وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَإِنَّهُۥ مِنۡهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٥١» [المائدة: 51]


«Ва ҳар кас аз шумо ононро (яҳуд ва насороро) дӯст гирад, баростӣ, ки худ аз онон аст, ба гумон Худованд гурӯҳи ситамкоронро ҳидоят намекунад» (Сураи Моида: 51).


Нӯҳум: Касе, ки мӯътақид бошад, ки баъзе аз мардум метавонанд аз шариъат ва дини Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва саллам) хориҷ шаванд, кофир мебошад.

Худованди Таборак ва Таъоло мефармояд:


«وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٨٥» [ آل عمران: 85]

«Ва ҳар кас дине ҷуз Ислом биҷӯяд, ҳар гиз аз ӯ пазируфта намешавад ва ӯ дар Охират аз зиёнкорон аст» (Оли Имрон: ояти 85)


Даҳум: Рӯйгардонӣ ва иъроз намудан аз дини Худо ва наомӯхтани Ислом ва амад накардан ба он, Ва далели он Худованд мефармояд:


«وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِ‍َٔايَٰتِ رَبِّهِۦ ثُمَّ أَعۡرَضَ عَنۡهَآۚ إِنَّا مِنَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُنتَقِمُونَ ٢٢» [السجدة: 22]


«Ва кист ситамкортар аз касе, ки ба оёти Парвардигораш панд ёбад онгоҳе аз он рӯй бигардонад, бе гумон Мо аз Гуноҳкорон интиқом хоҳем гирифт» (Сураи Саҷда: ояти 22).

Ва дар тамоми ин навоқиз ва мухолифатҳо байни ин ки инсон ҷиддӣ бошад ва ё ин ки шӯхӣ кунад ва ё аз анҷоми он битарсад, ҳеҷ фарқе вуҷуд надорад, магар касе, ки маҷбур шуд ба анҷоми он амал кард дар ҳоле, ки ӯ розӣ нест.

Ва ҳамаи инҳо умури хатарноке аст, ки мумкин аст мардум дар он воқеъ гарданд. Пас бар мусалмон лозим аст аз онҳо барҳазар бошад ва битарсад аз ин ки дар ин гуноҳон биафтад ва бояд аз он иҷтаноб ва дурӣ варзад.


Парвардигоро! Мо аз хашм ва ғазаб ва иқоби дардноки Ту ба Ту паноҳ мебарем.

1 Монанди касе, ки бар сари қабристонҳо қурбонӣ кунад.



Воҷиботе, ки бар ҳар мусалмони мард ва зан, донистани он зарурӣ аст

Ҷамъоварии Шайх Абдуллоҳ бин Иброҳим Қаръовӣ

Тарҷумаи форсии Исҳоқ бин Абдуллоҳ бин Муҳаммади Дабирӣ

:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 571
-0 ---
: 17:59
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2019