Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 572



Теги

Дӯстон






Саҳобӣро чӣ гуна шинохта мешавад?




 

Таърифи Саҳобӣ дар луғат:

 

Асҳоб ҷамъи соҳиб, ва соҳиб исми фоил аз решаи صَحَبَه يَصحَبُهُ)) ба маънои рафоқат аст, хоҳ зиёду тӯлонӣ бошад ё кам ва кӯтоҳ.

 

Таърифи Саҳобӣ дар истилоҳ

 

Саҳобӣ дар истилоҳ ба касе гуфта мешавад, ки бо Паёмбар(с) мулоқот намуда бошад, дар ҳоле ки ба ӯ имон дошта ва дар ҳоли мусалмонӣ фавт карда бошад.

 

Саҳобӣро чӣ гуна шинохта мешавад?

1.    Гоҳо бо Қуръон шинохта мешавад, чунон чӣ Худованд мефармояд:

﴿ثَانِيَ اثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِي الْغَارِ[1].         

"Дар ҳоле, ки дувумин нафар буд (ва як нафар бештар ҳамроҳ надошт), дар он ҳангом, ки он ду дар ғор буданд". Ва манзур Абӯбакри Сиддиқ аст.

Лизо гуфтаанд, ҳар кас Саҳоби будани Абӯбакрро инкор кунад, кофир аст ва ҳамчунин монанди Саҳоби будани Зайд бин Ҳориса, чунон чӣ Худованд мефармояд:

﴿ فَلَمَّا قَضَى زَيْدٌ مِنْهَا وَطَرًا.

 "Ҳангоме, ки Зайд ниёзашро аз он зан баровард".

2. Гоҳе бо тавотур ва таволии ахбор дар он робита, монанди саҳоби будани Умару Усмон, Алӣву Ҳузайфа, Абӯҳурайраву Ойша ва ғайра аз бузургони Саҳоба(р).

3. Бо гувоҳии Саҳобии дигар, монанди ҳадиси Ибни Аббос(р) дар мавриди ҳафтод ҳазор нафаре, ки бидуни ҳисоб ва бозхост вориди биҳишт мешаванд, ки дар он ҳадис чунин омада:

"فقام عكاشة بن محسن فقال: يا رسول الله! أدع الله أن يجعلني منهم، فقال أنت منهم"

"Укоша бин Муҳсин баланд шуд ва гуфт: Эй Расули Худо! Бароям дӯо кун, то Худованд маро аз ҷумлаи онон қарор диҳад, он Ҳазрат фармуд: Тӯ аз ҷумлаи онҳо ҳастӣ".

4. Бо ривоят аз Паёмбар(с), ки аз ӯ шунида бошад ва ё мушоҳида намуда бошад, машрут ба ҳамъаср будан бо ӯ.

5. Бо гувоҳӣ ва шаҳодат додани Тобиъи барои ӯ ба ин сурат, ки бигуяд: фалонӣ аз ёрони Паёмбар(с) ба ман чунин гуфт.

6. Ин ки худ иддиъои саҳобӣ будани хеш кунад, ба шарте  одил бошад ва дар ин сурат бояд иддиъояш марбут ба сад сол қабл аз вафот ва реҳлати Паёмбар(с) бошад, чун бо тавотур собит шуда, ки Абӯтуфайл Омир бин Восила Лайсӣ, охирин Саҳобаи Паёмбар(с) дар соли 110 ҳиҷрӣ дар Макка вафот ёфтааст. Пас ҳар кас баъд аз ин муддат иддиъои суҳбат ва ҳамнишинӣ бо Паёмбар(с) дошта бошад, иддиъояш мавриди қабул нест, монанди "Ратни Ҳиндӣ", ки 600 сол баъд аз ҳиҷрат иддиъои саҳобӣ будан кард.

Имом Заҳабӣ(р) мегӯяд: "Бидуни шак ин мард ҳилагар ва даҷҷол аст, зеро шашсад сол баъд аз Паёмбар(с) иддиъои Саҳобӣ будан намуда, дар ҳоле, ки Саҳоба дуруғ намегӯянд ва ин мард пур рӯ ва бе ҳаёест ва дар ҳаққи Худо ва Паёмбараш густохӣ намудааст.



[1] : Сураи Тавба 40



Тарҷумаи китоб (Хайрукум қарнӣ)

Таҳиякунанда: Шууни авқоф ва шууни исломӣ-Кувайт  

Тарҷума: Исҳоқ бин Абӯллоҳ ал-Авазӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 449
-0 ---
: 14:10
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024