Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 572



Теги

Дӯстон






Саввум : Усмон бин Аффон(р).




Саввум: Усмон бин Аффон(р).

 

Ӯ Усмон бин Аффон бин Абӯлъос бин Уммайя бин Абдушшамс бин Абдуманоф аст, ки насабаш бо насаби Паёмбар(с) дар ҷадаш Абӯманоф бо ҳам васл мешаванд ва модараш Арво духтари Қурайз ва модарбузургаш Умми Ҳаким духтари Абдулмутталиб, амаки Паёмбар мебошад.

Эшон панҷ сол баъд аз вилодати Паёмбар(с) дар шаҳри Тоиф таваллуд шуда ва Паёмбар ӯро "Зинӯрайн" яъне соҳиби ду нӯр, лақаб ниҳод, зеро бо дӯ духтари Паёмбар(с) яъне Руқайя ва сипас Умми Кулсум издивоҷ намуда аст.

Дар мавриди фазилати ӯ аҳодиси бисёре ворид шудаст аз ҷумла:

1. Абдурраҳмон бин Самура(р) ривоят мекунад:  

"جاء عثمام إلى النبي (ص) بألف دينار في ثوبه حين جهز عليه السلام جيش العسرة، قال: فصبها في حجر النبي (ص) فجعل يقلبها بيده ويقول: "ما ضر ابن عفان ما عمل بعد اليوم" يرددها مراراً"[1].

"Вақте, ки Паёмбар(с) лашкари Усраро барои ҷиҳод дар роҳи Худо омода мекард, Усмон(р) ҳазор динорро, ки дар ҷомаи худ қарорашон дода буд, низ назди Паёмбар(с) овард ва онро дар домани он ҳазрат рехт. Паёмбар(с) дар ҳоле ки динорҳоро бо дасти худ ба ҳам мезад мегуфт: "Фарзанди Аффон баъд аз имрӯз ҳеҷ коре ба ӯ зарар ва зиён нахоҳад расонд" ва ин ҷумларо ҳамчунон такрор мекард".

2.  Абӯмусо Ашъарӣ(р) ривоят мекунад, ки:

"أن النبي(ص) دخل حائطاً وأمرني بحفظ باب الحائط، فجاء رجل يستأذن فقال: "ائذن له وبشره بالجنة"، فإذا أبوبكر، ثم جاء رجل يستأذن فقال: "ائذن له وبشره بالجنة"، فإذا عمر،ثم جاء آخر يستأذن، فسكت هنيهةً ثم قال: " ائذن له وبشره بالجنة على بلوى ستصيبه"، فإذا عثمان بن عفان"[2].

"Паёмбар(с) вориди боғе шуд ва ногаҳон он боғро ба ман супурд, пас аз муддате марде омад ва иҷоза хост, ки дохил шавад. Паёмбар(с) фармуд: "Ба ӯ иҷозат деҳ ва муждаи биҳишт ба ӯ бидеҳ". Вакте, ки ворид шуд дидам, ки ӯ Абӯбакр(р) аст. Сипас як нафари дигар омад ва иҷозат хост, Паёмбар(с) фармуд: "Ба ӯ иҷозат бидиҳед ва муждаи биҳишт ба ӯ бидеҳ". Вақте, ки ворид шуд дидам, ки Умар аст. Сипас дигаре омад ва иҷоза хост, Паёмбар(р) каме истода ва сипас фармуд: "Ба ӯ иҷоза диҳед, то дохил шавад ва муждаи биҳиштро дар баробари мусибате, ки бар ӯ ворид хоҳад шуд ба ӯ бидеҳ". Вақте, ки ворид шуд дидам, ки Усмон бин Аффон аст".

3.  Абӯ Абдурраҳмон ривоят мекунад:

"أن عثمان(رض) حين حوصر، أشرف عليهم وقال: أنشدكم الله ولا أنشد إلا أصحاب النبي(ص) ألستم تعلمون أن رسول الله(ص) قال: "من حفر رومة فله الجنة"، فحفرتها، ألستم تعلمون أنه قال: "من جهز العسرة فله الجنة"، فجهزته، قال: فصدقوا بما قال"[3].

"Ҳангоме, ки Усмонро муҳосира карданд, рӯ ба онҳо кард ва гуфт: "Шуморо ба Худо савганд медиҳам ва мухотабро ёрони Паёмбар(с) мекунам: Оё намедонед, ки Паёмбари Худо(с) фармуд: "Ҳар касе чоҳи Равмаро канад, биҳишт барои ӯст ?" ва ман онро кандам. Оё намедонед, ки фармуд: "Ҳар касе лашкари Усраро омода кунад биҳишт барои ӯст" ва ман омода кардам". гуфт: пас гуфтаи ӯро тасдиқ карданд".

4. Абдуллоҳ бин Умар(р) ривоят мекунад ки:

"كنا في زمن النبي(ص) لا نعدل بأبي بكر، ثم عمر ثم عثمان، ثم نترك أصحاب النبي(ص) لا نفاضل بينهم"[4].

"Дар замони Паёмбар(с) ҳеҷ касеро аз Асҳоб ва ёрони Паёмбар(с)ро дар фазилат ва бартарӣ ҳамсанг ва ҳамсатҳи Абӯбакр, сипас Умар ва сипас Усмон намепиндоштем ва ғайр аз ин се нафар бақияи Саҳоба дар фазилат мусовӣ буданд".



[1] : Ривояти имом Ахмад

[2] : Ривояти Бухорӣ ва Муслим

[3] : Ривояти имом Бухорӣ

[4] : ривояти имоми Бухори



Тарҷумаи китоб (Хайрукум қарнӣ)

Таҳиякунанда: Шууни авқоф ва шууни исломӣ-Кувайт  

Тарҷума: Исҳоқ бин Абӯллоҳ ал-Авазӣ


:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 369
-0 ---
: 14:23
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024