Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оё медони, ки дарозтарин ояти Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 320



Теги

Дӯстон






ҲАДИСИ СИЮ ҲАФТУМ - ДАР БАЁНИ ФАЗЛУ КАРАМИ ХУДОИ ТАЪОЛО



 

ҲАДИСИ СИЮ ҲАФТУМ

ДАР БАЁНИ ФАЗЛУ КАРАМИ ХУДОИ ТАЪОЛО

 

Ибни Аббос, разия-л-Лоҳу анҳумо, аз пайғам-бари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, нақл ме-кунад, ки вай дар аснои ривоят аз Парвардигори Та-борак ва Таъоло чунин гуфт: «Ҳаройина Худои Та-ъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, пасон онҳоро баён кардааст. Пас ҳар ки қасди некӣ карду онро ба анҷом нарасонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад; ва агар қасди некӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ (ҳамчанди) даҳ хубӣ то ҳафсад баробар ва маротибаҳои зиёд менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро адо на-кард, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ  як хубии комил менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) як бадӣ менависад».

Ин (ҳадис)-ро ал-Бухорӣ ва Муслим дар "Саҳеҳайн"-и худ бо ҳамин ҳуруф ри-воят кардаанд.

Пас эй бародар, Худо мову шуморо тавфиқ биди-ҳад, ба лутфу марҳамати бузурги Худованд назар афкан ва ба ин гуфтаҳо бо тааммул андеша кун:

1. Ва суханони Ў: "назди Худ" ишора ба та-ваҷҷўҳи махсус доштан ба он (некӣ) аст.

2. Ва суханони Ў: "(не-кии) комил" барои таъкид ва таваҷҷўҳи бисёр наму-дан ба он (некӣ) аст.

3. Ва дар бораи бадие, ки ба он қасд карду сипас онро тарк кард, Худо онро (барои вай) як некии ко-мил менависад, пас онро ба (лафзи) "комил" таъкид кард; ва агар онро анҷом диҳад, онро (барои вай) як бадӣ менависанд ва ночиз будани онро ба (лафзи) "як" таъкид кард ва онро ба (лафзи) "комил" таъкид накардааст.  

Пас ҳамду миннат Ху-доро аст, Субҳонаҳу, ки мо бар Ў (ҳаққи) ситоиш  бар-шуморида наметавонем. Ва тавфиқу комёбӣ аз ҷониби Худои Тавоност.  

     


 

الحَدِيثُ السَّابِعُ وَالثَّلاثُونَ

فَضْلُ اللهِ تَعَالى وَ كَرَمِهِ

عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا، عَنْ رَسُولِ اللّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهَِ وَسَلَّمَ ـ فِيمَا يَرْوِي عَنْ رَبِّهِ تَبَارَكَ وَتَعَالَى ـ قَالَ: «إِنَّ اللهَ كَتَبَ الْحَسَنَاتِ وَالسَّيِّئَاتِ. ثُمَّ بَيَّنَ ذٰلِكَ، فَمَنْ هَمَّ بِحَسَنَةٍ فَلَمْ يَعْمَلْهَا كَتَبَهَا اللهُ عِنْدَهُ حَسَنَةً كَامِلَةً وَإِنْ هَمَّ بِهَا فَعَمِلَهَا كَتَبَهَا اللهُ عِنْدَهُ عَشْرَ حَسَنَاتٍ إِلَىٰ سَبْعِمِائَةِ ضِعْفٍ إِلَىٰ أَضْعَافٍ كَثِيرَةٍ. وَإِنْ هَمَّ بِسَيِّئَةٍ فَلَمْ يَعْمَلْهَا كَتَبَهَا اللهُ عِنْدَهُ حَسَنَةً كَامِلَةً. وَإِنْ هَمَّ بِهَا فَعَمِلَهَا، كَتَبَهَا اللهُ سَيِّئَةً وَاحِدَةً».

رَوَاهُ الْبُخَارِيُّ وَ مُسْلِمٌ فِي صَحِيحَيْهِمَا بِهذِهِ الْحُرُوفِ.

فَانْظُرْ يَا أَخِي وَفَّقَنَا اللهُ وَإِيَّاكَ إِلىٰ عَظِيمِ لُطْفِ اللهِ تَعَالىٰ وَتَأَمَّلْ هٰذِهِ الأَلْفَاظَ:

I- وَقَوْلُهُ: «عِنْدَهُ» إِشَارَةٌ إِلىٰ الإِعْتِنَاءِ بِهَا.

II- وَقَوْلُهُ: «كَامِلَةً» لِلتَّأْكِيدِ وَ شِدَّةِ الإِعْتِنَاءِ بِهَا.

III- وَقَالَ فِي السَّيِّئَةِ الَّتِي هَمَّ بِهَا ثُمَّ تَرَكَهَا كَتَبَهَا اللهُ عِنْدَهُ حَسَنَةً كَامِلَةً فَأَكَّدَهَا بِـ (كَامِلَةٍ) وَإِنْ عَمِلَهَا كَتَبَهَا سَيِّئَةً وَاحِدَةً فَأَكَّدَ تَقْلِيلَهَا بِـ (وَاحِدَةٍ) وَلَمْ يُؤَكِّدْهَا بِـ (كَامِلَةٍ) فَلِلّهِ الْحَمْدُ وَالْمِنَّةِ سُبْحَانَهُ لانُحْصِي ثَنَاءً عَلَيْهِ وَ بِاللهِ التَّوْفِيقِ.

 






Яҳё ибни Шарафуддин ан-Нававӣ
ЧИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ

:
: Тауҳид
... tojikislom
: 371
-0 ---
: 15:43
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024