Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Адади расулон ва (наби) паёмбароне, ки дар Қуръон зикр гардидаанд, чандтоянд?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 370



Теги

Дӯстон






Тавҳид бар се навъ аст



Тавҳид бар се навъ аст:


Навъи аввал:

Тавҳиди Рубубият: Ва он ҳам тавҳиде аст, ки куффори Қурайш дар замони Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба он иқрор ва эътироф доштанд, вале бо ин ҳол иқрорашон онҳоро ба Ислом дохил накард, балки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) бо онон дар роҳи Худо ба ҷанг пардохтанд, ва ҷон ва моли ононро ҳалол фармуданд.


Ва ин тавҳиди Борӣ Таъоло дар афъол ва аъмоли Ӯст.


Худованд мефармояд:


«قُلۡ مَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أَمَّن يَمۡلِكُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَمَن يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۚ فَسَيَقُولُونَ ٱللَّهُۚ فَقُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٣١»[يونس: 31]


«Бигӯ: чӣ касе аз осмон ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Ё кист, ки Ҳоким бар гӯш ва дидагон аст? Ва кист, ки зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда берун меоварад? Ва кист, ки корро (ҳастиро) тадбир мекунад? Хоҳанд гуфт: Худо. Пас бигӯ: Оё парво намекунед?» (Сураи Юнус: ояти 31).


Навъи дуввум:

Тавҳиди Улуҳият: Ва он ҳам тавҳиде аст, ки дар он дар замони қадим ва дар ҳоли ҳозир ихтилоф шуда аст, ва он тавҳиди Худованд аст, ки афъол ва аъмоли бандагонро баён мекунад. Монанди: Дуъо ва намоз ва қурбонӣ ва умед ва орзу ва ваҳшат ва таваккал ва шавқ ва майл ва тарс ва бим ва руҷӯъ ва инобат, ва ҳар кадом аз ин ибодатҳои боло далелҳое аз Қуръон бар он ворид шуда аст.


Навъи саввум:

Тавҳиди Зот ва Сифот ва Номи Худо.


Худованд мефармояд:


«قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ ١ ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ ٢ لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ ٣ وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ ٤» [الإخلاص].


«Бигӯ: Худованд Ягона аст. Худованд Бениёз аст. На (фарзанд) зода, ва на зодашуда аст. Ва ҳеҷ кас ҳамтои Ӯ (набуда ва) нест» (Сураи Ихлос).


Ва ҳамчунин мефармояд:


«وَلِلَّهِ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰ فَٱدۡعُوهُ بِهَاۖ وَذَرُواْ ٱلَّذِينَ يُلۡحِدُونَ فِيٓ أَسۡمَٰٓئِهِۦۚ سَيُجۡزَوۡنَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ١٨٠» [الأعراف: 180].


«Ва Худованд номҳои нек дорад. Пас ба он (номҳо) Ӯро (ба дуъо) бихонед, ва ононро, ки дар номҳояш каҷравӣ мекунанд, раҳо кунед, сазои он чиро мекарданд, хоҳанд дид» (Сураи Аъроф: ояти 180).


Ва мефармояд:

«لَيۡسَ كَمِثۡلِهِۦ شَيۡءٞۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ١١» [الشورى: 11].


«Чизе монанди Ӯ нест. Ва Ӯ Шунаво ва Биност» (Сураи Шуро: ояти 11)



Воҷиботе, ки бар ҳар мусалмони мард ва зан, донистани он зарурӣ аст

Ҷамъоварии Шайх Абдуллоҳ бин Иброҳим Қаръовӣ

Тарҷумаи форсии Исҳоқ бин Абдуллоҳ бин Муҳаммади Дабирӣ

:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 561
-0 ---
: 18:00
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024