Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Паёмбари мӯъмине, ки писараш кофир буд, ки аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 393



Теги

Дӯстон






Тоғутҳо анвоъи зиёдеанд ва сарони тоғут панҷ чизанд




Тоғутҳо анвоъи зиёдеанд ва сарони тоғут панҷ чизанд:


Аввал: Шайтон, ки ба сӯи ибодани ғайр аз Худои Якто даъват мекунад. Худованд мефармояд:


«أَلَمْ أَعْهَدْ إِلَيْكُمْ يَا بَنِي آدَمَ أَن لاَّ تَعْبُدُوا الشَّيْطَانَ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ 60» [يس: 60].


«Ай фарзандони Одам, оё ба ҳукм накарда будам, ки шайтонро напарастед. Ки ӯ бароятон душмани ошкор аст» (Сураи Ёсин: ояти 60).

Дуввум: Ҳоким ва подшоҳи золим ва ситамкор, ки ҳукми Худоро тағир медиҳад.


Худованд мефармояд:


«أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ يَزْعُمُونَ أَنَّهُمْ آمَنُواْ بِمَا أُنزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنزِلَ مِن قَبْلِكَ يُرِيدُونَ أَن يَتَحَاكَمُواْ إِلَى الطَّاغُوتِ وَقَدْ أُمِرُواْ أَن يَكْفُرُواْ بِهِ وَيُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَن يُضِلَّهُمْ ضَلاَلاً بَعِيدًا 60» [النساء: 60].


«Оё ба касоне, ки гумон мебаранд, ки онон ба он чӣ ба сӯи ту фурӯ фиристода шуда, ва он чӣ пеш аз ту фурӯ фиристода шуда аст, имон овардаанд, нангаристаӣ? Мехоҳанд, ки ба тоғут ҳукм баранд, ҳол он ки фармон ёфтаанд, ки ба ӯ куфр варзанд, ва шайтон мехоҳад, ки онҳоро ба гумроҳии дур ва дароз афканад» (Сураи Нисо: ояти 60).


Саввум: Касе, ки ба ғайр аз ҳукми Худо қазоват намояд.


Худованд мефармояд:


«وَمَن لَّمْ يَحْكُم بِمَا أَنزَلَ اللّهُ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الْكَافِرُونَ 44» [المائدة: 44].

«Ҳар кас, ки ба он чӣ Худованд нозил карда аст, ҳукм накунад, ононанд, ки кофиранд» (Сураи Моида: ояти 44).

Чаҳорум: Касе, ки иддаъои илми ғайб мекунад.


Худованд мефармояд:


«عَالِمُ الْغَيْبِ فلاَ يُظْهِرُ عَلَى غَيْبِهِ أَحَدًا 26 إلاَّ مَنِ ارْتَضَى مِن رَّسُولٍ فَإِنَّهُ يَسْلُكُ مِن بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ رَصَدًا 27» [الجن: 26 27].


«(Парвардигорам) Донои ғайб аст. Ва касеро бар ғайби Хеш огоҳ намесозад. Магар касоне аз расулонеро, ки Худ биписандад. Ки Ӯ пешопеш ва пушти сари ӯ нигаҳбонеро раҳсипор мекунад» (Сураи Ҷин: ояти 26 ва 27).


Ва ҳамчунин мефармояд:


«وَعِندَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لاَ يَعْلَمُهَا إِلاَّ هُوَ وَيَعْلَمُ مَا فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَمَا تَسْقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلاَّ يَعْلَمُهَا وَلاَ حَبَّةٍ فِي ظُلُمَاتِ الأَرْضِ وَلاَ رَطْبٍ وَلاَ يَابِسٍ إِلاَّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ 59» [الأنعام: 59].


«Ва калидҳои ғайб ба назди Ӯст. Ҷуз Ӯ (касе) аз он огоҳ нест ва медонад он чиро, ки дар биёбон ва дарёст, ва ҳеҷ барге (аз дарахт) намеафтад магар он ки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин (намеафтад) ва на ҳеҷ тар ва хушке магар он ки дар китоби равшан (навишта) аст» (Сураи Анъом: ояти 59).


Панҷум: Касе, ки ӯро бағайр аз Худо ибодат мекунанд ва ӯ ба он ибодат розӣ аст.


Худованд мефармояд:


«وَمَن يَقُلْ مِنْهُمْ إِنِّي إِلَهٌ مِّن دُونِـهِ فَذَلِكَ نَجْزِيهِ جَهَنَّمَ كَذَلِكَ نَجْزِي الظَّالِمِينَ 29» [الأنبياء: 29].


«Ва ҳар кас аз онон бигӯяд: ман ба ҷои Худо ҳастам, Ҷаҳаннамро сазои Ӯ мегардонем. Бадинсон (яъне ин тавр) ба ситамкорон сазо медиҳем» (Сураи Анбиё: ояти 29).


Ва бидон, ки инсон наметавонад мӯъмин ба Худо шавад то замоне, ки ба тоғут куфр меварзад. Худованд мефармояд:


«فَمَنْ يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَيُؤْمِن بِاللّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىَ لاَ انفِصَامَ لَهَا وَاللّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ 256» [البقرة: 256].


«Пас ҳар кас, ки ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, (бидонад) ки ба дастовези (бас) маҳкаме чанг задааст, (ки) он гусастанӣ надорад. Ва Худованд Шунаво ва Доност» (Сураи Бақара: ояти 256).

Бидон, ки рушд ва ҳидояти дин Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ва гумроҳии дин Абуҷаҳл аст, ва риштаи устувор ва маҳкам шаҳодатило илоҳа илаллоҳ" аст. Яъне: Гувоҳӣ додан, ки маъбуде ба ҳақ ҷуз Худои Якто нест, ки мутазимни нафӣ ва исбот мебошад, тамоми анвоъи ибодати ғайр аз Худоро нафӣ (инкор) мекунад, ва тамоми анвоъи ибодатро фақат барои Худои Якто исбот мекунад.


والحمد لله الذى بنعمته تتم الصالحات.




Воҷиботе, ки бар ҳар мусалмони мард ва зан, донистани он зарурӣ аст

Ҷамъоварии Шайх Абдуллоҳ бин Иброҳим Қаръовӣ

Тарҷумаи форсии Исҳоқ бин Абдуллоҳ бин Муҳаммади Дабирӣ

:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 854
-0 ---
: 18:05
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024