Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Дарсҳои акида [87]
Ширк ва куфр [11]
Тауҳид [48]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 394



Теги

Дӯстон






Зидди тавҳид ширк аст



Зидди тавҳид ширк аст


Ва он ҳам бар се навъ тақсим мешавад:

  1. Ширки акбар.

  2. Ширки асғар.

  3. Ширки хуфӣ ва пинҳонӣ.


Ширки акбар: Худованд гуноҳи ӯро намебахшад ва ҳеҷ амали солеҳ ва некро бо он қабул намекунад.

Худованд мефармояд:


«إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ ضَلَّ ضَلَٰلَۢا بَعِيدًا ١١٦» [النساء: ١١٦].


«Худованд намебахшад, ки ба Ӯ шарик оварда шавад ва ҷуз онро барои ҳар кас, ки бихоҳад, меомурзад, ва ҳар кас ба Худованд шарик оварад, ба гумроҳии дур ва дарозе гирифтор омада аст» (Сураи Нисо: ояти 116).

Ва мефармояд:


«لَقَدۡ كَفَرَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡمَسِيحُ ٱبۡنُ مَرۡيَمَۖ وَقَالَ ٱلۡمَسِيحُ يَٰبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ رَبِّي وَرَبَّكُمۡۖ إِنَّهُۥ مَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ حَرَّمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ ٱلۡجَنَّةَ وَمَأۡوَىٰهُ ٱلنَّارُۖ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٖ ٧٢» [المائدة: ٧٢]


«Ба ростӣ касоне, ки гуфтанд: Худованд ҳамон Масеҳ фарзанди Марям аст, кофир шуданд, ҳол он ки (худи) Масеҳ гуфта буд: Ай Бани Исроил, Худоро, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, бипарастед. Бе гумон касе, ки ба Худованд шарик оварад, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром мегардонад ва ҷойгоҳаш оташ (дӯзах) аст. Ва ситамгорон ёвароне надоранд» (Сураи Моида: ояти 72).


Ва ҳамчунин мефармояд:


«وَقَدِمۡنَآ إِلَىٰ مَا عَمِلُواْ مِنۡ عَمَلٖ فَجَعَلۡنَٰهُ هَبَآءٗ مَّنثُورًا ٢٣» [الفرقان: ٢٣]


«Ва ба ҳар гуна коре, ки коридаанд, мепардозем, сипас онро (чун) ғубор барбодрафта гардонем» (Сураи Фурқон: ояти 23).


Ва мефармояд:


«لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٦٥» [الزمر: ٦٥].

«Агар шарик овардӣ, бе гумон амалкардат нобуд шуд. Ва ба яқин аз зиёнкорон шавӣ» (Сураи Зумар: ояти 65).


Ва ҳамчунин мефармояд:


«وَلَوۡ أَشۡرَكُواْ لَحَبِطَ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٨٨» [الأنعام: ٨٨].


«Ва агар ширк меварзиданд, он чиро, ки карда буданд, аз (номаи аъмоли) онон задуда мешуд» (Сураи Анъом: ояти 88).


Ширки акбар бар чаҳор навъ тақсим мешавад:


  1. Ширки дуъо ва талаб ғайр аз Худо, яъне барои ҳалли мушкилот ва қазои ҳоҷат.


Худованд мефармояд:


«فَإِذَا رَكِبُوا فِي الْفُلْكِ دَعَوُا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ فَلَمَّا نَجَّاهُمْ إِلَى الْبَرِّ إِذَا هُمْ يُشْرِكُونَ 65» [العنكبوت: 65].


«Пас чун дар киштиҳо савор шаванд, Худовандро дар ҳоле, ки дин(и худ)-ро барои Ӯ холис медоранд, ба дуъо хонанд, пас чун ононро (бо овардан) ба хушкӣ раҳоӣ бахшид, он ҳангом аст, ки онон ширк меоваранд» (Сураи Анкабут: ояти 65).


  1. Ширк дар ният ва иродат ва қасд ва мақсуд.


Худованд мефармояд:

«مَن كَانَ يُرِيدُ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَالَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لاَ يُبْخَسُون 15 أُوْلَئِكَ الَّذِينَ لَيْسَ لَهُمْ فِي الآخِرَةِ إِلاَّ النَّارُ وَحَبِطَ مَا صَنَعُواْ فِيهَا وَبَاطِلٌ مَّا كَانُواْ يَعْمَلُونَ 16» [هود: 15 16].

«Ҳар кас, ки зиндагонии дунё ва таҷаммули онро хоста бошад, (подоши) корҳояшонро дар он ҷо барояшон ба тамом ва камол мерасонем ва онон дар он ҷо костӣ набинанд. Инон касоне ҳастанд, ки дар Охират ҷуз оташ (ҷаҳаннам) надоранд ва ончӣ дар он ҷо (дунё) карда буданд, барбод рафта ва он чиро, ки анҷом медиҳанд ботил аст» (Сураи Ҳуд: ояти 16).


  1. Ширк дар итоат.


Худованд мефармояд:


«اتَّخَذُواْ أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللّهِ وَالْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ وَمَا أُمِرُواْ إِلاَّ لِيَعْبُدُواْ إِلَهًا وَاحِدًا لاَّ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ سُبْحَانَهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ 31» [التوبة: 31].


«Аҳбор (донишмандон) ва руҳбонашонро (зоҳидонашонро) ба ҷои Худованд ба маъбуди гирифтаанд, ва (низ) Масеҳ ибн Марям(ро ба худоӣ гирифтаанд), ҳол он ки фармон наёфтаанд магар он ки Худои Ягонаро бандагӣ кунанд. Маъбуде (ҳаққе) ҷуз Ӯ нест. Ӯ аз он чӣ шарик меоваранд, (бас) пок (ва муназзаҳ) аст» (Сураи Тавба: ояти 31).


Тафсири ин оят, ки дар он ягон ишколе нест, чунин мебошад: адами (нобудии, беэътибории) итоъати уламо ва зоҳидон ва обидон дар маъсияти Худо, ва адами дуъои онҳо, чунон, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) онро барои Ъадӣ бин Ҳотам (разиаллоҳу анҳу) тафсир намуданд вақте, ки аз он ҳазрат суол кард, ки: мо ононро намепарастем! Он ҳазрат дар ҷавоб фармуданд: Итоати онон дар маъсияти Худованд ибодат гуфта мешавад.


  1. Ширк дар муҳаббат ва дӯстӣ.


Худованд мефармояд:


«وَمِنَ النَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ اللّهِ أَندَاداً يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ اللّهِ وَالَّذِينَ 165» [البقرة: 165].


«Ва аз мардум касоне ҳастанд, ки ба ҷои Худо ҳамтоёнеро (барои Ӯ) бармегиранд, ки онҳоро монанди дӯст доштани Худо дӯст медоранд. Ва мӯъминон дар дӯстии Худо қавитаранд» (Сураи Бақара: ояти 165).


Навъи дуввум, ширки асғар (хурд), ки онро риё мегӯянд:


Худованд мефармояд:


«فَمَن كَانَ يَرْجُو لِقَاء رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلاً صَالِحًا وَلاَ يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا 119» [الكهف: 119].


«Пас касе, ки ба лиқои Парвардигораш умедвор аст, бояд ки кори писандидае анҷом диҳад ва дар парстиши Парвардигораш касеро шарик наёварад» (Сураи Каҳф: ояти 119).



Навъи саввуми аз анвоъи ширк, ширки хуфӣ аст.


Ва онҳам ширки пинҳон ва ғайри ошкоро гуфта мешавад.

Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«الشرك في هذه الأمة أخفى من دبيب النملة السوداء على صفاة سوداء في ظلمة الليل» [ابن كثير در تفسير 1/57].


Ширк дар ин Уммати Муҳаммадӣ махфитар аз роҳ рафтани мӯрчаи сиёҳранг, ки бар тахтаи санги сиёҳе дар торикии шаб баҳаракат меафтад, мебошад" (Ибни Касир дар тафсир 57/1).

Ва кафораҳ ва ҷуброни ин ширк, яъне ширки махфӣ ва пинҳонӣ, ҳадиси Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки мефармояд:


«اللهم إنّي أعوذ بك أن أشرك بك شيئاً وأنا أعلم وأستغفرك من الذنب الذي لا أعلم» [أحمد].


Парвардигоро! Ман ба Ту паноҳ мебарам агар ба Ту ширк варзам дар ҳоле ки медонам, ва аз Ту талаби бахшиш металабам аз гуноҳе, ки надониста анҷом медиҳам" (Ривояти Аҳмад).



Воҷиботе, ки бар ҳар мусалмони мард ва зан, донистани он зарурӣ аст

Ҷамъоварии Шайх Абдуллоҳ бин Иброҳим Қаръовӣ

Тарҷумаи форсии Исҳоқ бин Абдуллоҳ бин Муҳаммади Дабирӣ

:
: Дарсҳои акида
... tojikislom
: 645
-0 ---
: 18:01
...





:
: ...



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024