Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Фикҳ » САВОЛ-ҶАВОБ » Пурсишу посух
Пурсишу посух
MuslimkaДата: Сешанбе, 20.01.2009, 13:51 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
ПАСТ ГУФТАНИ «ОМИН»ЧӢ ДАЛЕЛ ДОРАД?

Муфтӣ Ҷамил Аҳмад Назирӣ дар китоби «Равиши намози Расулуллоҳ (с) аз дидгоҳи Имом Абӯҳанифа (р)» оиди ин мавзӯъ чунин гуфтааст: Шоиста аст Имом ва Муқтадӣ ҳангоми хотимаи сураи «Фотиҳа» дар намозҳои ҷаҳрӣ (баланд мехондагӣ) бо садои паст «Омин» гӯянд.
Алқама ибни Воил (р) аз падараш Воил ибни Ҳаҷир ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) «Ғайрил мағзуби алайҳим ва лаз золлин»хонд. Сипас «Омин» гуфт ва садояшро поён (паст) гирифт.
Амиралмӯъминин ҳазрати Умари Форуқ (р) мефармояд: «Чаҳор чизанд, ки имом онҳоро оҳиста мегӯяд: 1. «Аузу биллоҳ…». 2. «Бисмиллоҳ». 3. «Омин». 4. «Раббана ва лакал ҳамд:
Ҳазрати Умар (р), ҳазрати Алӣ (р) ва ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ба таври паст «омин» мегуфтанд.
Агарчи дар бархе ривоёт «омин» бо садои баланд омадааст, аз маҷмӯаи ҳар навъ ривоёт чунин хулоса мегардад, ки гуфтани омини баланд дар бархе мавқеъ бинобар таълим додан буд на амале мустақил.
Абулбашири Дулобӣ нақл мекунад, ки Расулуллоҳ(с) чун «ғайрил мағзуби алайҳим валаз золлин» хонд, сипас «омин» гуфт. Ӯ садои худро мекашид. Ман тасаввур менамоям, ки он ҳазрат (с) моро бо ин амали хеш таълим медод, ки баъди «ва ла золлин» омин гуфта шавад.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Сешанбе, 20.01.2009, 14:03 | Сообщение # 2
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Зинои чашм чист?
Яке аз авомиле, ки боиси таҳрики ғарази ҷинсӣ аст ва Ислом онро ҳаром намудааст, идомаи назари шаҳвонии зан ба марди номаҳрам ва баръакс назари мард ба зани номаҳрам аст. Чунки чашм даричаи қалб ва назар паёмовари фитна ва муқаддимаи зино аст. Чунончи шоир гуфтааст:
Ҳар балоеро муншоаш назар аст. Бузургтарин оташҳо аз шарораи кучак падид меоянд.
«Бигӯй ба мардони мӯъмин, ки чашмонашонро аз зино маҳфуз доранд, ин амр боиси тазкия ва покии эшон аст ва Худованд огоҳ аст ба ҳар коре, ки анҷом медиҳанд, ба занон зебоӣ ва зинаташонро ошкор нанамоянд…» (Сураи Нур», ояти 30).
Пайғамбар (с) нигоҳҳои таъмакорона, шӯр ва ҳарисони зан ва марди номуҳарамро ба якдигар ба унвони зинои чашм ном бурда мефармояд: «Чашмҳо ҳам зино мекунанд ва зинои онҳо нигоҳ ва назар аст». (Ҳадиси шариф


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Шанбе, 31.01.2009, 21:03 | Сообщение # 3
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Ба шахси боодоб ҳам савоб навишта мешавад?
Ҳазрати Оиша (р) нақл мекунад, ки Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Мусулмон бо сабаби ахлоқи нек ба дараҷаи касе мерасад, ки ҳама шаб дар ибодат ва ҳама рӯз рӯзадор бошад».
Муъоз (р) чунин нақл кардааст: Вақте ҳазрати Муҳаммад (с) маро омили Яман сохт, ба ман чунин васият намуд: «Эй Муъоз, бо мардум, хушахлоқ бош ва бадахлоқӣ макун!».
Албатта, ҳар бандае, ки бо дигарон хушахлоқ бошад, Худованд ӯро аҷру подоши зиёд медиҳад


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

Сообщение отредактировал Muslimka - Шанбе, 31.01.2009, 21:04
 
MuslimkaДата: Шанбе, 31.01.2009, 21:05 | Сообщение # 4
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
НАЗР КАРДАН БА НОМИ АВЛИЁ ҶОИЗ АСТ?
Назр кардан ба хотири ризои Худованд ҷоиз буда, ба номи пир ё авлиё ҷоиз нест. Мавлавӣ Солеҳӣ фармудааст, ки баъзеҳо мегӯянд: «Агар маризи ман шифо ёбад, ғоиби ман ҳозир шавад ё фалон мушкили ман раво гардад, гӯсфанд, гов ё фалон миқдор пул ё ашёи дигареро назри фалон мазор, ё назри даргоҳи фалон авлиё мекунам». Чунин назрҳо ҳаром ва ботиланд.
Дар «Дуррул мухтор» дар баҳси «назр», (дар китоби «Савм») омадааст: «Назрҳоеро, ки аксари авом барои қабули авлиёи киром ва ё даргоҳи ишон менамоянд, ва ё шамъҳое, ки ба қубури ишон афрӯхта мешавад, ё пулҳое,ки ба қубури онҳо нисор мегардад, ва (мардум) ин умурро тақарруб (наздикӣ) ба Худованд медонанд, ба гуфтаи ҷомеи уламо ҳарому ботил мебошад». Ибни Обиддин дар шарҳи гуфтаҳои мазкур фармудааст: «…Ин навъ назрҳо назр барои махлуқ аст. Назр барои махлуқ ҷоиз нест, зеро назр худаш ибодат мебошад ва ибодат ба ҷуз зоти Худованд ( ба дигаре) ҷоиз нест.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Фикҳ » САВОЛ-ҶАВОБ » Пурсишу посух
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2018