МУҲАММАД (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) АСЛУ НАСАБ, ПАЙДОИШУ КАМОЛОТ ВА АҲВОЛИ ЗИНДАГОНИИ Ӯ ПЕШ АЗ ДАВРОНИ ПАЁМБАРӢ АСЛУ НАСАБИ ШАРИФИ ОН ҲАЗРАТ
Ӯ меҳтару сарвари оламу одам, беҳтару хотами паёмоварони Худованд, ҳазрати Муҳаммад аст, писари Абдуллоҳ, писари Абдулмутталиб, писари Ҳошим, писари Абдуманоф, писари Қусай, писари Килоб, писари Мурра, писари Каъб, писари Луай, писари Ролиб, писари Феҳр, писари Молик, писари Назр, писари Кинона, писари Хузайма, писари Мудрика, писари Илёс, писари Музир, писари Низор, писари Муъадд, писари Аднон.
Ному насаби ин бисту як нафар аз падарон ва падарбузургони ӯ (бобову бобокалон) аз Абдуллоҳ то Аднон дар китобҳои торих ба таври мазбут ва бо диққати харҷи тамом дар шаҷараномаҳо дарҷ ёфта. Аднон ба иттифоқи тамоми муаррихин аз зуррия ва насли Исмоил фарзанди Иброҳим (алайҳимо-с-салом) аст, вале номҳо ва адади он падарон, ки силсилаи Аднонро ба Исмоил бирасонад, ба таври дақиқ ва мазбут наёмада.
Модари он ҳазрат, Омина духтари Ваҳаб аст, ки дар ҷадди (бобо) чаҳоруми худ ба насаби падарии паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳ мегардад. Ба ин сурат, ки Ваҳаб писари Абдуманоф, писари Зуҳра, писари Килоб аст. Килоб ҷадди (аз пушти падарӣ) панҷуми паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Яъне падар ва модари он ҷаноб ду шохае хастанд, ки дар Килоб ба як шаҷара муттасил мегарданд. Ҳарду аз як аслу насаб. Номи аслии Килоб, Ҳаким ва ба ривояте Урва бошад.