Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА САЛЛАМ (дар ҳаҷҷи видоъ чӣ гуфтанд?)
ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА САЛЛАМ
MuslimkaДата: Шанбе, 29.11.2008, 13:33 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Расули Акрам (с) дар рӯзи Арафа (9-Зулҳиҷҷа) –и соли 10 ҳиҷрӣ хутбае эрод карданд, ки машҳур ба Хутбаи Ҳаҷҷатулвидоъ аст. Ҳангоми эроди ин хутба шумораи ононе, ки дар атрофи Расули Худо (САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА САЛЛАМ) ҷамъ омада буданд ба 150 000 нафар мерасид. Расулуллоҳ (с) ба ҳозирин хитоб карда фармуданд:
-Эй мардум, ба сухани ман хуб гӯш бидиҳед. Зеро ман намедонам, шояд пас аз ин сол ҳеҷ гоҳ шуморо дар ин ҷо мулоқот накунам. Ҳақиқатан, (резондаи) хунҳои шумо, (зӯран ё бо фиреб гирифтани) молҳои шумо ба якдигаратон ҳаром аст. (Яъне, хуни якдигарро нарезонед ва моли ҳамдигарро ноҳақ нахӯред).
Бидонед ва огоҳ бошед, ки ҳама қонуну қоидаҳо ва расму оинҳои замони ҷаҳолият дар зери қадамҳои ман хоҳад монд.(Яънек, ба онҳо амал кардан ва онҳоро риоя кардан дуруст нест). Хунҳои замони ҷаҳолият аз эътибор соқитанд. Рибову судхӯриҳо ва талаби суд, ки дар замони ҷоҳилият буд, аз эътибор соқит шуд. Аввалин рибову суде, ки ман онро беэътибору бекор эълон мекунам, рибоест, ки дар хешовандони мост. Аббос писари Абдулмуталлиб ба касе қарзи борибо ва суд (фоида) дода бошад, ҳамаашро беэътибор намудам.
Дар риояи ҳуқуқи занҳо аз Худо битарсед, зеро шумо онҳоро ҳамчун амонат аз ҷониби Худо гирифтаед ва истифода кардани шумо аз андомҳои онҳо бо каломи Худо ҳалол гашт. Шумо ба онҳо ҳақ доред. Онҳо касонеро, ки шумо ба хонаатон даромаданашонро намеисандед, иҷозати ворид шудан надиҳанд. Агар итоат накарда ин корро карданд, онҳоро тавре адаб диҳед, ки бераҳмона ва сахту машаққатовар набошад. (Яъне, сахт задан, бераҳмона лату кӯб кардан, дар рӯй задан, агарчӣ оҳиста ҳам бошад, дуруст нест).
Ман дар миёни шумо он чиро гузоштаам, ки агар ба он чанг бизанед, гумроҳ нахоҳед шуд. Он чиз китоби Худост. Шуморо рӯзи қиёмат аз ман мепурсанд. Шумо дар бораи ман чӣ хоҳед гуфт?
Марадум ҷавоб доданд: Шоҳидӣ медиҳем, ки ту ҳама чизҳои даркориро ба мо расонидӣ ва вазифаи худатро пурра адо кардӣ ва хайрхоҳиву панду андарз додӣ. Расули Акрам (с) ангушти ишораашонро ба сӯи осмон бардошта, фармуданд: «Худоё, шоҳид бош!» Инро се бор такрор карданд.
Шояд занон озурдахотир ва малол шаванд, ки дар ин ривоят адаб додан (задан)-и зан зикр шуд. Дар ҳадис бо ривояти Ибни Адӣ омадааст:» Аз задани дар рӯй бипарҳезед».- Албатта беҳуда задани зан ҷавобгарии шаръӣ дорад, ва рӯзи қиёмат чунин зан аз шавҳараш қасосу ниқор ва интиқоми худро хоҳад гирифт. Ҳамсари гиромии Расули Худо (с) Умми Салома (р) аз он ҳазрат (с) ривоят мекунанд, ки фармуд: «Агар хавфи интиқоми рӯзи қиёмат намебуд, туро бо ин мисвокчӯб дардманд месохтам». Бубинед, задани зан бо мисвокчӯб, ки мисли як қалами хурдакак аст, дар қиёмат қасос доштааст. Пас ҳоли онҳое, ки лагадкӯб мекунанд ва бе ибо занро бераҳмона мезананд, чӣ мешавад? Худи Расули Акрам (с) дар тамоми умри худ ҳеҷ гоҳ занҳояшонро назадаанд. Аммо ҳама занон якхела нестанд. Ҳастанд занони бетарбияе, ки ҳуқуқи шавҳаронашонро поймол менамоянд ва саркашу худхоҳанд. Адаб додан (на ба маънои азоб додан ) ба ин гуна занон ҷоиз аст. Он ҳам ба шартест, ки бо насиҳату дурӣ ҷустан аз ҳамхобагӣ ислоҳ нашавад.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА САЛЛАМ (дар ҳаҷҷи видоъ чӣ гуфтанд?)
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017