Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » МАҒЗИ АХЛОҚИ ҲАМИДА
МАҒЗИ АХЛОҚИ ҲАМИДА
MuslimkaДата: Шанбе, 29.11.2008, 12:46 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Абӯдовуд (р) ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) фармуд: «Шахси боимон ба воситаи ахлоқи нек метавонад ба мартабаи онҳое бирасад, ки рӯз то бегоҳ рӯза дошта, шаб то ба рӯз намоз мегузоранд».
Имом Тирмизӣ (р) бошад ин ҳадисро аз Расули Акрам (с) ривоят кардааст: «Дар тарозуи аъмол рӯзи қиёмат ҳеҷ чизе барои мӯъмин вазнинтар аз ахлоқи хуб нест ва Худованд беҳаёву бадзабону ғайбатгарро бад мебинад».
Аз ҳазрати Муҳаммад (с) пурсиданд:
-Кадом чизҳо мардумро биҳиштӣ месозанд?
Фармуданд: - Аз Худо тарсидану ахлоқи хуб доштан.
Боз пурсиданд: - Чӣ чизҳо бештар мардумро дӯзахӣ месозанд?
Расули Худо (с) фармуданд: -Даҳон ва андоми ниҳонӣ (узви ҷинсӣ).
Дар ривояти Дайламӣ (р) омадааст: «Ахлоқи хуб нимае аз дин аст».
Ибни Адӣ (р) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ахлоқи нек гуноҳонро инчунин мезудояд, ки офтоб яхро об мекунад».
Имом Замахшарӣ дар китоби «Мақомот»-и худ, ки китоби ахлоқист, мефармояд: «Хислати хуб инсонро мисли себи Лубнон месозад, ки ҳам хушранг асту ҳам хушбӯю хушмазза. Ба ҳар ҷониб, ки онро бигардонӣ, туро ба сӯи худ ҷалб мекунад. Хислати бад мисли хори саъдон аст, ки ба ҳар ҷониби он нигарӣ, намехоҳӣ ба он даст бизанӣ».
Дар ҳама кор пешвоест ва пешвои ахлоқ ҳазрати Муҳаммад (С) ҳастанд, ки фармудаанд: « Ман барои он фиристода шудаам ки ахлоқи накӯро пурра баён бисозам». Вобаста ба ин Саъдии Шерозӣ мегӯянд:

Мапиндор Саъдӣ, ки роҳи сафо
Тавон рафт ҷуз аз паи Мустафо.

Ҳоло намунае аз ахлоқи некро ёдовар мешавем:
Эҳтирому такрим (иззат кардан), меҳрубонӣ, адои амонат, хуб анҷом додани вазифа, инсофу адл, тақвову парҳезкорӣ, хоксориву фурӯтанӣ, ҳилму бурдборӣ, шарму ҳаё, шуҷоату далерӣ, шукргузорӣ, босабру истиқомат будан, ростгувӯ ҳалолкор ( росткор) будан, авфу гузашт намудан, қаноат, мадорову нармию лутф, вафо ба аҳду паймон, хушсуханӣ ва ғайра.
Инҳо ахлоқи бад маҳсуб меёбанд:
Исрофу зиёдаравӣ, иҳонату таҳқир, бахилӣ, тамаллуқ ва чоплусӣ, танбалӣ, сарзаниши дигарон, бетоқатӣ, ҳирсу аз (чашмгуруснагӣ), ҳасаду кина, хиёнату фиреб, дурӯғ, риёкорӣ, тафриқаандозӣ, тамаъ, зулму ситам, худписандӣ, хашму ғазаб, фуҷуру бадкорӣ, фоҳишабозӣ ва беҳаёӣ, фисқу нофармонӣ, кибру худнамоӣ, дағалӣ ва ҷидолу хархаша, ҳавою ҳаваспарастӣ, гуноҳ, душманӣ, ҷудо сохтани ду дӯст, вайрон кардани оила, лату кӯби бераҳмона, бадзабонӣ, ғайбат, тӯҳмат ва ғайри инҳо. Парҳез намудан аз ахлоқи бад мағзи ахлоқи ҳамида аст.
Ҳар кӣ дар ӯ сирати некӯ бувад,
Одамӣ аз одамиён ӯ бувад.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » МАҒЗИ АХЛОҚИ ҲАМИДА
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017