Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
tojikislom » Қуръон » ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ » ЗИКРИ ДОВУДИ ТОӢ
ЗИКРИ ДОВУДИ ТОӢ
SolehaДата: Шанбе, 25.02.2012, 23:02 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 7
Статус: Offline
Он шамъи донишу биниш, он чароғи офариниш, он омили
тариқат, он олими ҳақиқат, он марди Худой, Довуди Тоӣ раҳмату-л-лоҳи
алайҳ. Аз акобири машоих ва сайидулқавм аст ва 20 сол Абӯҳанифаро
шогирдӣ карда буд. Шайхони бузурге чун Фузайли Аёз ва Иброҳими Адҳамро
дида ва пири тариқати ӯ Шайх Ҳабиби Ройъӣ буд.Сабаби тавбаи ӯ (аз дунё
-Т.С.) ин буд, ки рӯзе шунид навҳагаре мегуфт:

-Кадом мӯю рӯй буд, ки дар хок рехта нашуд ва кадом чашм аст, ки дар
замин рехта нагашт. Дарде азим аз ин маънӣ ба вай фуруд омад ва
орому қарор аз ӯ бирафт. Ҳайрон гашт ва ба ҳалқаи дарси Имом Абӯҳанифа
рафт. Абӯҳанифа ӯро гуфт:
-Туро чӣ будааст?
Гуфт:
-Дилам аз дунё сард шуда ва намедонам роҳ куҷост?
Имом гуфт:
-Аз халқ бигурез!
Довуд аз халқ рӯй гардонд ва кунҷи узлат
нишаст.
Чун муддате гузашт, Абӯҳанифа пеши ӯ рафт ва гуфт:
-Ин коре набошад, ки дар хона нишинӣ ва бо касе сухан нагӯӣ. Кор он
бошад, ки миёни имомон нишинӣ, суханҳои номаълуми эшон бишнавӣ ва бар он
сабр кунӣ ва ҳеҷ чиз нагӯӣ.
Як сол миёни имомон нишаст, ҳеҷ
нагуфт, ҳарчӣ мегуфтанд сабр мекард ва ҷавоб намегуфт.
Чун як
сол гузашт, гуфт, ин сабри яксолаи ман кори сисола буд, ки карда шуд.
Нони хушк дар об тар кардӣ, бихӯрдӣ ва гуфтӣ:
Миёни ин (мулоим
шудани нон -Т.С) ва хӯрдан панҷоҳ оят аз Қуръон метавон хонд, рӯзгор
чаро зоеъ кунам?
Абубакри Аёш гӯяд: Ба ҳуҷраи Довуд рафтам, ӯро
дидам, ки нони хушке дар даст дошт ва мегирист. Гуфтам:
-Довуд!
Чӣ будааст туро?
Гуфт:
-Мехоҳам ин пораи нон бихӯрам,
вале намедонам ҳалол аст ё ҳаром?
Нақл аст, ки сарое дошт азим.
Дар он ҳуҷраи бисёре буд ва то он соат дар хонае муқим будӣ, ки хароб
шуд. Пас дар хонаи дигар шуд. Пурсиданд, чаро он хонаи вайрон обод
накунӣ?
Гуфт:
-Маро бо Худо аҳде аст, ки дунёро ободон
накунам.
То поёни умраш он саройи азим фурӯ афтод, ҷуз даҳлез
намонд. Он шаб, ки вафот кард, даҳлез низ фурӯ афтод.
Нақл аст,
ки ӯро диданд ба сӯи намоз медавид. Гуфтанд: Шитоб аз баҳри чист?
Гуфт: Ин лашкар, ки канори шаҳр аст, мунтазири мананд.
Гуфтанд:
Кадом лашкар?
Гуфт: Мурдаҳои гӯристон.
Модараш рӯзе ӯро
дид дар офтоб нишаста ва арақ аз бадани вай равон шуда.
Гуфт:
Ҷони модар, гармое азим аст ва ту соиммудаҳрӣ (рӯзадори доимӣ). Чӣ бошад
агар бар соя нишинӣ.
Гуфт: Модар, аз Худо шарм дорам, ки қадам
барои ризои нафс бардорам.
Нақл аст, ки шабе маҳтоб буд, болои
бом баромад, ба осмон нигарист ва дар малакут тафаккур мекарду мегирист,
то бехуд шуд ва аз болои бом ба рӯйи ҳавлии ҳамсоя сарозер гардид.
Ҳамсоя бедор шуд, ӯро дузд гумон карда, корд бар гулӯяш гузошт. Довудро
бишинохт ва пурсид:
-Туро кӣ ба пойин афканд?
Гуфт:
- Намедонам, маро хабаре нест.
Рӯзе нон мехӯрд, тарсое бар вай
бигузашт.
Порае нон бад-ӯ дод, то бихӯрад. Он шаб тарсо бо
ҳамсари худ сӯҳбат кард.
Маъруфи Кархӣ (шайхи бузург, ки падару
модараш дар дини тарсоӣ буданд - Т.С.) дар вуҷуд омад.
Нақл аст,
ки чун Имом Муҳаммад ва Имом Абуюсуфро (шогирдони Имоми Аъзам) (р) -
Т.С.) дар масъалае ихтилоф афтодӣ, Довуди Тойӣ ҳакам буд.
Чун
пеши ӯ меомаданд Довуд пушт бар Абуюсуф кардӣ ва рӯй бар Имом Муҳаммад
ва бо Имом Муҳаммад сӯҳбат кардӣ, вале бо Имом Абуюсуф сухан нагуфтӣ.
Агар ҳақ ҷониби Имом Муҳаммад будӣ, аз ӯ ном бурдӣ, агар ҳақ сӯйи Имом
Абуюсуф будӣ, ӯ ҳақ аст гуфтӣ ва номаш набурдӣ.
Гуфтанд:
-Ҳарду дар илм бузурганд, чаро Имом Муҳаммадро азиз медонӣ ва Имом
Абуюсуфро не?
Гуфт:
-Ба ҷиҳати он ки Имом Муҳаммад аз
сари неъмат ва сарвати дунё бархоста ба сари илм омад ва илм сабаби
иззати дин аст ва зиллати дунё.
Имоми Абуюсуф аз сари зиллату
фоқа ва нодорӣ ба илм омад ва илмро сабабу воситаи ҷоҳу мансаб гардонид.

Пас ҳаргиз Имом Муҳаммад чун ӯ набувад, ки устоди мо
Абӯҳанифаро бо тозиёна заданд, қозӣ шуданро қабул накард ва Имом Абуюсуф
қабул кард.
Ҳар кӣ тариқи устод хилоф кунад, ман бо ӯ сухан
нагӯям.
Касе хобаш дид, ки Довуд дар ҳаво мепарид ва мегуфт:
-Ин соат аз зиндон халос ёфтам.
Он шахс ба манзили Довуд
шитофт, то хоби хеш бад-ӯ гӯяд. Хабараш карданд, ки як соат пеш Довуд аз
дунё гузашт.
Аз осмон овоз омад, ки Довуди Тойӣ ба Ҳақ расид ва
Ҳақ таъоло аз вай розӣ аст.
Қабл аз вафот васият кард, ки маро
дар пушти деворе дафн кунед, то касе аз пеши рӯйи ман нагузарад.
Раҳмати Худо бод, бар Довуди Тоӣ!
Таҳияи Толибшоҳи САЙИДЗОДА
Аз китоби "Тазкирату-л-авлиё"-и Шайх Фаридаддуни Аттор
Таҳияи
Толибшоҳи САЙИДЗОДА.


"Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар,
Бе ризои Хак намехезад зи санги хам шарар:
 
tojikislom » Қуръон » ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ » ЗИКРИ ДОВУДИ ТОӢ
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017