Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
tojikislom » Зан дар ислом » Муслима » ЗЕБУ ЗИНАТ ДОДАНИ ЗАН
ЗЕБУ ЗИНАТ ДОДАНИ ЗАН
tojikislomДата: Чоршанбе, 05.05.2010, 16:12 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline


- Мехостам бидонам, ки аз нуқтаи назари ислом зебу зинат ва ороиш додани зан ҷоиз аст?


- Занҳо мехоҳанд, ки худро барои шавҳаронашон ва ё ба чашми занҳои дигар ороиш диҳанд, ин кор раво буда, барои занҳо иҷозат аст. Вале чун ин зинат ва ороиш дар назди занҳо гоҳе аз ҳадди лозим ва маъмул мегузарад ва ё тавре аз он истифода мешавад, ки василае барои фаҳш ва корҳои зишт ва исроф қарор мегардад. Ислом бо назардошти ҳамаи ҷонибҳо ба шакли мӯътадили он, аҳкоми зинатро барои зани мусулмон ба таври комил баён намудааст ва зинат нисбат ба зан ба се навъ тақсим мегардад.

Зинатҳои суннатӣ

Мурод аз зинати суннатӣ ин аст, ки истифодаи он сабаб дошта ва тарки он маломате аст ва ин навъ зинат иборат аст аз:

- Пок кардани дандонҳо ва забон ҳам тозагӣ аст ва ҳам зинат. Беҳтар аст, ки ин амал баъд аз ҳар бор таъом хӯрдан ва ҳангоми хоб рафтан ва дар вақти аз хоб бедор шудан иҷро шавад ва ин амал аз тариқи мисвок ё дандоншӯӣ ва хамираи дандон ба амал ояд.

- Нохун ки баланд шуд, сабаби он мешавад, ки чиркиниҳо дар зери он ҷамъ мешаванд ва сабаби бадбӯй ва ҷамъ шудани микробҳо ва беморӣ мегардад. Аз ин сабаб ислом тавсия намудааст, ки шахси мусулмон бояд дар ҳар чанд рӯз, як бор нохунҳои худро кӯтоҳ кунад. Беҳтараш рӯзи ҷумъа ба амал ояд.

- Бояд мӯйи зери бағал дар чанд ҳафта як бор гирифта шавад. Беҳтар аст, ки дар се ҳафта як бор ва ё чаҳор ҳафта як бор анҷом гирад ва нигоҳ доштани он беш аз чиҳил рӯз макрӯҳ аст. Ин амал ба тариқи кандан ё тарошидан ва ё ба воситаи пудраи мӯй ё тариқи дигар ки ба пӯст зарар надошта бошад ва сабаби азоб нагардад, анҷом пазирад.

- Баъд аз он ки инсон болиғ шуд, мӯйҳои нарм ва борике, ки дар зери ноф мерӯянд, агар дароз шаванд, сабаби бадбӯӣ ва ҷамъ шудани чиркҳо мегардад. Бинобар ин бояд ин мӯйҳоро аз байн бурд. Ин амал ба тариқи кандан, тарошидан ва ё пудраи мӯй анҷом дода шаванд.

- Пӯшидани либосҳои пок ва тозаву зебо лозим аст, то сабаби таваҷҷӯҳи шавҳар гардад. Пайғамбари Худо мефармояд: «Беҳтарин занҳо, зане аст, ки чун ба тарафаш назар кунӣ, хушат биёяд». (Ҳадиси шариф).

- Беҳтарин зинати табиии зан, мӯйи сари зан аст. Аз ин ҷиҳат бояд ҳамеша мӯйи худро шона зада, ба тартиб даровардан лозим аст. Вале набояд вақти худро дар назди ойина ва шона задани мӯйи сар талф намояд.

- Баъзе аз занҳо ба таври ирсӣ ва сабаби дигар барвақт мӯяшон сафед мешавад. Барои чунин занҳо мустаҳаб аст, ки мӯйи худро бо ҳино ва ё ранги мӯй ранг намоянд.

- Хушбӯйи баъд аз одати моҳонагӣ ва ё бемории таваллуди тифл пок гардида ва ғусл намудан, ки барои аз байн бурдани осори нопокӣ аз атр ва мушк ва дигар навъҳои хушбӯиҳо истифода намоянд.

- Баъзе аз занҳоро арақашон бӯйдор буда, зери бағал ва ё ҷойҳои дигари баданашон бӯй мекунад. Барои чунин занҳо лозим аст, то ҷиҳати аз байн бурдани бӯйи бадани худ аз атр, мушк ва хушбӯй истифода намоянд, то мабодо бӯйи бад, сабаби нафрати шавҳар нагардад.

 

 
tojikislom » Зан дар ислом » Муслима » ЗЕБУ ЗИНАТ ДОДАНИ ЗАН
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017